Салом газетаи дардошно СССР! Ман собиқ корманди боғи коллеҷи кишоварзии н.Мастчоҳ мебошам, ки ин боғро тариқи шартномавӣ истифода мебурдам, аммо масъулин шартномаи маро яктарафа бекор намуда, боғро аз ман гирифтанд.
Дар ин бора ман ба унвони Вазири кишоварзии ҶТ ариза навишта будам, вале чанд нафар шомили комиссияи вазорати номбурда шуда омаданду диданду рафтанд, аз тарафи онҳо на кӯмак шуду на мусоидат ба ҳалли масъала. Онҳо ҳатто бо ман суҳбат ҳам накарданду дар бораи хароҷоти кардаи ман ба боғ напурсиданд. Харҷи маро кӣ ҷуброн мекунад, номаълум монд…
Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода! Оё шумо медонед, ки нархи истифодаи оби полезӣ барои 1 га замин дар н.Мастчоҳ то 1500 сомонӣ зиёд шудааст? Оё шумо медонед, ки соли гузашта деҳқонони мастчоҳӣ 1 кг пахтаро 3 сомонӣ бар зарари худ фурӯхтанд? Ҳатто маро ҳам маҷбур сохтанд, ки дар 3 га замини боғ пахта корам, дар акси ҳол шартномаам бекор мешуд…
Зимнан хуб мешуд агар Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода 1 маротиба ба н.Мастчоҳ сафар намуда, вазъи боғи коллеҷи кишоварзиро, ки аз 25 га иборат аст, шахсан медиданд. Маъмурияти коллеҷ соли 2010 боғро ба деҳқонон ба иҷора додааст ва мебояд бо гузашти 14 сол боғ даромад медод, вале ин тавр нест. Сабаби асосии ин ҳама тез-тез иваз шудани директорони коллеҷ мебошад, ки аксаран шартномаҳоро бекор карда, аз сари нав шартнома баста мераванд ва вақти боғбон бештар дар ҳуҷҷатбозӣ мегузарад, на боғбонӣ. Ана ҳамин тавр 7 га боғи ба ман ҳамчун саҳм дода шуда, бе назорат хобу шартномаи ман бекор ва долу дарахт зору ҳайрон мондааст.
Шариф Хисрабов,
н. Мастчоҳ,
Тел: 928432366