СУРУДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ТАФСИРИ МАЗМУНӢ ВА АРЗИШӢ

ТАФСИРИ СУРУДИ МИЛЛӢ

Бо салому эҳтиром, имрӯз, 7-уми сентябри соли 2024, Суруди милии мо 30 сола шуд. Ба ин муносибат тафсири сиёсӣ ва арзишии матни он пешниҳод мегардад, ки барои ҳар 1 тоҷик, хоса барои тарбияти милливу ватандӯстонаи ҳар наврасу ҷавони мо ва таҳкими рӯҳу ваҳдати миллӣ корбурди амалӣ дорад. Онро метавонед бо фарзандону шогирдони худ фаро гиред. Ҷашни Суруди миллӣ муборак бод!

  

ВУРУД

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми сентябри соли 1994 қабул шуда, муаллифи матни он Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва муаллифи оҳангаш Сулаймон Юдоқов мебошанд. Ҳангоми арзёбии матн ва мазмуни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар назар гирифт, ки он зери таъсири чанд омил таълиф шудааст, ки рӯи матну мазмуни он таъсири худро доштаанд.

Якум, сурди миллӣ 1 матни сиёсӣ ва рамзист, ки бояд рӯҳия, ифтихор ва арзишҳои асосию номусии миллатро ба таври кутоҳ, рӯшан, нишонрас ва мутантан ифода намояд. Бо тафовут аз шеъри тасвирию ғиноӣ, дар матни суруди миллӣ санъатҳои бадеӣ, кинояву истиора ва сухани печида камтар ба кор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, суруди миллии баъзе давлатҳо ҳатто аз маҷмуаи шиору ибораҳои насрӣ ё нимамавзун иборатанд.

Дуюм, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби оҳанги мавҷудаи суруди пешина таҳия шудааст, ки то соли 1994 бар матни Устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдоқов садо медод (Чу дасти рус мадад намуд…). Ва муаллифи суруди нав бояд ин чорчубро риоят намуда, ибораву сатрҳоро дар доираи он оҳанг ҷой мекард. Зеро оҳанги зикршуда ба ҳадде қавию мутантан аст, ки шукӯҳу қудрати хосаи сурудро таъмин мекунад.

***

БАНДИ 1:

Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту бегазанд бод!

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Калимаи «диёр» ба маънои сарзамин, кишвар ва зодгоҳ аст, ки шакли ҷамъи решаи «дор», яъне хона ё Ватан мебошад. «Арҷ» ба маънои арзиш, баҳо ва қимат ва «арҷманд» ба маънои бисёр арзишманд, азиз, қимат, дорои шукӯҳу манзалату ҷойгоҳи хоса аст. Пас, ибораи «диёри арҷманди мо», ки дар оғози Суруди миллӣ омадааст, 1 муроҷиатест ба Ватан, ки эй сарзамини бисёр гиромии мо, эй Ватани азизи мо, эй кишвари бисёр зебову арзишманду муқаддаси мо, эй Тоҷикистони мо!

«БА БАХТИ МО САРИ АЗИЗИ ТУ БАЛАНД БОД», яъне, эй Ватани арҷманд, таманно дорем, ки истиқлоли ту барҷой бод, озодии ту поянда бод, зеро «сари баланд» рамзи озодиву истиқлолу худсолорист. Аммо «сари хам» рамзе аз шикасту вобастагист. Барои давлат ва Ватан сари баланд орзу кардан ба маънои барояш истиқлолу озодиву шуҳрату рушду шукуфоӣ орзу кардан аст.

«САОДАТИ ТУ, ДАВЛАТИ ТУ БЕГАЗАНД БОД», яъне орзу дорем, ки хушбахтии ту халал наёбад ва давлатдории ту осудаву ҷовидон бошад. Ибораи «БА БАХТИ МО», ки дар оғози ин сатрҳо омадааст, ишорат ба он дорад, ки бахту саодати ҳар яки мо низ ба суботу истиқлол ва сарбаландиву хушбахтиву бегазандии ин Ватан вобаста аст.

«ЗИ ДУРИИ ЗАМОНАҲО РАСИДАЕМ», яъне мо таъриху тамаддуни бисёр қадиму бостонӣ дорем. Мо миллати сохта, навпайдо, береша, беасолат нестем, балки аз замонҳои қадим омада расидаем.

«БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ», яъне имрӯз ҳамаи мо, фарзандони азизу ту, дар канори ту ҷамъ омадаем, дар ҳимояти ту истодаем, ба зери парчами ту саф оростаем.

«ЗИНДА БОШ, ЭЙ ВАТАН,

ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДИ МАН!».

Дар бахши шиорӣ ё нақарот, ки он ҳам идома ва нуктаи авҷи ниёишу таманнои неки мо дар ҳаққи Ватан аст, ибораи «ТОҶИКИСТОНИ ОЗОД» хеле муҳим буда, таҷаллии давлати соҳибистиқлол, худкифо ва худсолори мост.

 

БАНДИ 2:

Барои нангу номи мо,

Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,

Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,

Хазон намерасад ба навбаҳори ту,

Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

«БАРОИ НАНГУ НОМИ МО», яъне барои ҳифзи нангу номус ва номи баланди мо. Нанг – арзиш ва сифати баландтарини тоҷикон аст, ки он шарафу номус, сари баланд ва ахлоқи болои миллатро ифода мекунад ва ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон ҳамеша чун миллати бо нангу номус шинохта мешуданд.

«ТУ АЗ УМЕДИ РАФТАГОНИ МО НИШОНАӢ, ТУ БАҲРИ ВОРИСОН ҶАҲОНИ ҶОВИДОНАӢ», яъне, эй Ватани азиз, эй Тоҷикистони арҷманд, ту муҳимтарин мероси гузаштагони мо ҳастӣ, ту бузургтарин нишона ва неъмате ҳастӣ, ки аз падарону бобоёнамон ба мо, яъне ба ворисон (ба фарзандон, ба меросдорон) расидааст.

«ХАЗОН НАМЕРАСАД БА НАВБАҲОРИ ТУ, КИ МАЗРАИ ВАФО БУВАД КАНОРИ ТУ, КАНОРИ ТУ», яъне мо боварӣ дорем, ки ту ҳамчунон озоду шукуфон боқӣ мемонӣ ва нерӯи харобиовари хазон наметавонад ба навбаҳори зебои ту осеб расонад, ҳеҷ душман наметавонад амнияту осудагии туро халалдор созад.

Ва таърих гувоҳ аст, ки фарзандони ин миллат ҳамеша оини вафодорӣ ба Ватанро нигоҳ доштаанд. Ба ростӣ ин таърих таърихи вафодорӣ ва ин сарзамин МАЗРАИ ВАФО будааст!

 

БАНДИ 3:

Ту модари ягонаӣ,

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

«ТУ МОДАРИ ЯГОНАӢ», яъне, эй Тоҷикистон, дар оғӯши ту ба дунё омадем, дар канори ту бузург шудем, аз обу хоки ту нерӯ гирифтем, дар сояи ту оромиш дорем ва бо муҳаббати ту зиндаем. Ту, эй модари ягона, ҳамаи моро дар домони худ ҷамъ овардаӣ, ҳамаи моро ба ҳам пайванд додаӣ, ҳамаи моро сари 1 хони бародарӣ гирд овардаӣ, аз фард-фарди мо миллати бузургу ягона сохтаӣ.

«БАҚОИ ТУ БУВАД БАҚОИ ХОНАДОНИ МО,

МАРОМИ ТУ БУВАД МАРОМИ ҶИСМУ ҶОНИ МО»

«Бақо» ба маънои будан, ҳифз шудан ва боқӣ мондан ва «маром» ба маънои ҳадаф, мурод, мақсад, низоми арзишҳо.

«ЗИ ТУ САОДАТИ АБАД НАСИБИ МОСТ», яъне бо сабаби будани ту ин хушбахтии ҷовидонӣ насиби мо шудааст, бо сабаби соҳиби ватани озод ва соҳиби давлати миллии худ будан мардуми тоҷик хушбахту саодатманд гаштааст. Зеро соҳиби давлат будан ва бо номи худ давлат доштан дар ҳақиқат саодати бузургест, ки насиби ҳар халқу миллат намешавад.

«ТУ ҲАСТИЮ ҲАМА ҶАҲОН ҲАБИБИ МОСТ, ҲАБИБИ МОСТ»

«Ҳабиб» ба маънои дӯст, рафиқ, шарик ва ҳампаймон аст ва дар ин сатр 2 бор такрор шудани ибораи «ҳабиби мост» ҳам таъкид ба мазмун ва ҳам тақозои оҳанги суруд аст. Ин яке аз нуктаҳои авҷи Суруди миллии мост, ки аз дарки маънои он сина пур аз фараҳ мегардад ва ашки шукронаву ифтихор аз чашмҳо ҷӯш мезанад.          Ва дар ҳамин сатрҳо муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар на танҳо чун шоири баркамол, балки ҳамчун андешаманди сиёсӣ низ зуҳур мекунад, ки ба рози асосии хушбахтии имрӯзи мо ишора мефармояд. Пас, бори дигар, аз қаъри вуҷуд ва бо тамоми ҳастӣ ин садои муборакро баланд мекунем, ки:

ЗИНАД БОШ, ЭЙ ВАТАН,

ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДИ МАН!

 

Абдуллоҳи Раҳнамо,

07.09.2024

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube