Интиқоли қудрат дар Ҳисор чӣ гуна сурат гирифт?

Чанде пеш Рӯзи шаҳри Ҳисор бо шукӯҳе хоса таҷлил гашт. Ба ин муносибат ҳуҷҷати бисёр нодире аз таърихи ин диёри бостонӣ пешкаш мегардад.

Остонақул Бӣ Девонбегӣ, ҳокими нави Ҳисор «…ба ҳар кадом (аз ҳозирин) як сар қанди калон дода, ба ин ғуломи дуогӯйи ризоҷӯй ду қуттӣ набот ва як сар қанд дода… ба туқсобагони элотия як қутиӣ набот ва як коғаз чой дода … ба навкарияи элотия як коғази чойӣ дода… аз давлати ҷаноби олӣ, тахминан то ҳазор нафар аз …оқсақолон ва калоншавандагони вилояти Ҳисорро қанду набот ва чек (пули коғазӣ) дода, аз ҷамии дуогӯён ва ғуломон ба ҳаққи зоти мубораки Ҷаноби олӣ, мавлоям, дуои билониҳоя гирифт…»

***

140 сол пеш аз ин, соли 1886 бо фармони амир Абдулаҳадхон яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии Аморати Бухоро Остонақул Бӣ Девонбегӣ ҳокими Ҳисор таъйин шуд. Ӯ то охири асри Х1Х дар ин вазифа боқӣ монда, яке аз машҳуртарин, пурқудраттарин, зирактарин ва дар айни замон, яке аз золимтарин ҳокимони Ҳисор дар замони манғития ба ҳисоб мерафт. Ӯ, аз ҷумла дар саркуби шӯриши Восеъ саҳми асосӣ дошта, дар хотираи таърихии мо ҳамчун чеҳраи манфии дастгоҳи саркуби манғитӣ боқӣ мондааст.

Ҳуҷҷати нодири таърихие, ки нусхаи аслии он то имрӯз маҳфуз аст, манзараи пас аз таъйин шуданаш ба Ҳисор омадани Остонақул Бӣ, истиқболи ӯ дар қалъаи Қаратоғ ва интиқоли қудрат аз ҳокими пешин ба ҳокими навро ба таври муфассал тасвир менамояд.

Ин ҳуҷҷат гузориши раиси Ҳисор Мулло Муҳамадшариф Раиси Муфтӣ ба номи Амир Абдулаҳад буда, муаллиф дар он на танҳо худи рӯйдоди сиёсӣ, балки ҷузъиёти бисёр нодиреро дар бораи маросими истиқболи ҳокими нав, тақсими ҳадяҳо ба мақомоту калоншавандаҳои Ҳисор, навъу номи ҳадяҳои роиҷи он замон, силсилабандии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, муносибати ҳокими нав бо ҳокими пешин, супоридану қабул кардани қалъаву қароргоҳу моликияти давлатӣ, тарзи гусели ҳокими пешини Ҳисор ба Бухоро ва ғайраро тасвир намудааст, ки аз назари маълумотӣ, таърихӣ ва мардумшиносӣ арзиши фавқулдодда муҳим доранд.

Дар канори чунин аҳаммияти илмию таърихӣ, ҳуҷҷат метавонад аҳаммияти калони забоншиносӣ, услубшиносӣ, хатшиносӣ ва зебоишиносӣ дошта бошад.

Матн ва бахше аз нусхаи ин ҳуҷҷати нодир дар зер пешниҳод мешавад ва умед аст, ки он мавриди фаҳму бархурди дурусти илмӣ қарор гирад.

(Ҳангоми мутолиаи ҳуҷҷат бояд дар назар гирифт, ки тибқи услубу талаботи номанигории замони аморати Бухоро, қисми аввали мактуб асосан аз дуову васфу ситоиши тӯлонӣ дар ҳаққи худи амир иборат буда, танҳо дар қисми дуввум ва гузоришии мактуб мазмуну маълумоти асосӣ дар бораи ҳодиса оварда шудааст.

Бо мақсади рӯшану фаҳмо шудани матн, маъно ё муродифи имрӯзаи баъзе калимаҳои он дар дохили қавс пешниҳод шуданд.)

Матни комили ҳуҷҷат ба хатти имрӯзаи кириллӣ чунин мебошад:

***

Ҳувал Файёз

Бисмиллоҳи хайрул асмо

Арзадошти бандаи камтарин аз бандагони дуогӯи ризоҷӯйи хайрхоҳи вофиру-л-эътиқод ва хидматгори ҷонсупори ақидатниҳоди марҳаматмуътод (одаткардаи лутфу марҳамати Шумо), дуогӯи самимӣ Мулло Муҳамадшариф Раиси муфтӣ (=раиси вилояти Ҳисор = додситон ва вазири дохилии вилоят) ба зурваи арзи дарбори маъдалатмайдони сипеҳриқтидори ҷамҷоҳи анҷумсипоҳи фалакборгоҳи аршинтибоҳи ҷамшедҳишмати сикандармакнати сурайёманзалати сулаймонмакони малоикпосбон; қутби фалаки салтанат ва ҷаҳонбонӣ, муҳри сипеҳри шуҷоат ва кишварситонӣ, зубдаи оли Тоҳо ва Ёсин, хулосаи авлоди ҳазрати сайид-ул-мурсалин, бишароити таъзим ва лавозиму-т-такрим, зарравор, бал ғуборосор, чунин арзи бандагӣ менамоям, ки алҳамдулиллоҳи таъоло, ба меҳрубонӣ ва юмни давлати нусратниҳоди қавибунёд, фақиру фуқаро, бева ва бечорагони вилояти Ҳисор дар меҳоди (=гаҳвораҳои) истироҳат ғунуда, ҳамеша ба дуои мазиди (=зиёдии) умру давлати олӣ иштиғол доранд.

Хусусан, ин ғуломи дуогӯйи ризоҷӯйи росиху-л-эътиқоди фармонбардори ҷонсупор ҳаёти хизрӣ ва давлати сармадии ҷаноби олӣ, ҳазрати соҳибам ва мавлоямро (=амирро) аз даргоҳи эзади комбахши муродрасон талабида, ҳамеша мустаъидди (=омодаи) хидмат мебошам.

Соҳибо, банданавозо, тасаддуқи сари азизи мубораки ҷаноби олӣ, ҳазратам ва мавлоям ва соҳибам ва сайидам сад ҳазорон ҳазор мартаба шавам, ғуломашон аморатпаноҳ Остонақул Бӣ Девонбегӣ ба марҳамат ва меҳрубонии Ҷаноби олӣ, мавлоям ба ҳукумати вилояти Ҳисор сарафрозӣ ёфта (=ҳокими Ҳисор таъйин шуда), баъд аз як соати намози пешини рӯзи чаҳоршанбеи биступанҷи моҳи зилқаъда буд (=соли 1886), ки дохили вилояти Қаратоқ гардида, ба ҳокимхонаи вилояти мазкура даромада нишаста, ин ғуломи дуогӯйи ризоҷӯй бо ҳамроҳии дуогӯяшон қозӣ Мирсаид Маҳмуд (=қозии Ҳисор) ва ғуломонашон муборизатпаноҳон Эрдонабек эшикоқобошӣ (=рутбаи низомии марзбониву патрулӣ) ва Абдуллобек эшикоқобошӣ ва Муродбек туқсоба (=рутбаи идорӣ), саркардаҳои вилояти мазкура, бинобар ҳурмати давлатхонаи олӣ ба тариқи муборакбодӣ ба пеши ғуломашон аморатпаноҳ девонбегии мазкур (Остонақул Бӣ) рафта, муборакбодӣ намуда, Ҷаноби олӣ, ҳазрати соҳибам ва мавлоямро дуои билониҳоя намуда, дидам, ки ғуломашон девонбегии мазкур маншури табаррукии (=фармони ба вазифа таъйин шудан) Ҷаноби олӣ, мавлоямро тоҷи сар намуда, ба ҳар нафас ғуломашон девонбегии мазкур (Остонақул Бӣ) шукрона намуда, Ҷаноби олӣ, мавлоямро дуоҳо намуда, аз ин ғуломи дуогӯйи ризоҷӯйи фармонбардор (=муаллиф) ва аз дуогӯяшон қозии мазкур ва аз ғуломонашон саркардаҳои вилояти мазкура, ба ҳаққи зоти мубораки Ҷаноби олӣ, мавлоям дуоҳои фаровон гирифта, ҳар кадом аз дуогӯёну ғуломон аз омин (=аминон, мансабдорони маҳаллӣ) ва оқсақолон ва аз калоншавандагони аҳли вилояти мазкура (=Ҳисор) ва аз ҷамоаи элотия (=элу қабилаҳо) низ ба пеши ғуломашон аморатпаноҳ девонбегии мазкур (=Остонақул Бӣ) омада, муборакбодӣ намуда, Ҷаноби олӣ, мавлоямро (=амирро) дуоҳои билоадад (бешумор) намуданд.

Зарранавозо, тасаддуқ шавам, ғуломашон аморатпаноҳ девонбегии мазкур (=Остонақул Бӣ) аз давлати тамомшарофати саросархосияти кони баракати Ҷаноби олӣ, мавлоям ва сайидам, ба дуогӯён қозии мазкур (=қозии Ҳисор) як сар қанди калон ва ба ғуломашон муборизатпаноҳон, саркардаҳои вилояти мазкура ба ҳар кадом аз ғуломонашон як сар қанди калон дода, ба ин ғуломи дуогӯйи ризоҷӯй (=муаллифи мактуб, раиси Ҳисор) ду қуттӣ набот ва як сар қанд дода ва ба ғуломонашон аморатпаноҳон Кенҷабийи лаққай ва Мулло Суюнбии марқа (=намояндагони қабилаҳо) як қутии набот ва як сар қанд ва як коғаз чой дода ва ба ғуломонашон муборизатпаноҳон (=низомиён) эшикоқобошиёни элотия як қуттии набот ва як сар қанд дода ва ба ғуломонашон туқсобагони элотия як қутии набот ва як коғаз чой дода ва аз ҷамоаи ғуломонашон мирохурҳои элотия то ғуломонашон қаровулбегиҳои элотия як қуттии наботӣ ала-с-савия (=мувофиқи мақомашон) дода ва ба ғуломонашон ҳисочиҳои элотия як сар қандӣ дода ва ба ғуломонашон мирзобошиҳои навкарияи элотия як коғази чой дода ва ба ғуломонашон чеҳраоқобошиёни навкария як коғазӣ чойи нимнимчагӣ дода ва ба ғуломонашон омин ва оқсақолон ва савдогарияи аз аҳли вилояти мазкура (=Ҳисор) ба ҳар кадом як сар қандӣ дода, тасаддуқ шавам, ғуломашон аморатпаноҳ девонбегӣ аз давлати Ҷаноби олӣ (=амир), тахминан то ҳазор нафар аз дуогӯён ва ғуломон ва аз омин ва оқсақолон ва калоншавандагони вилояти мазкура(ро) қанду набот ва чек (=пули коғазӣ) аз давлати олӣ дода, аз ҷамии дуогӯён ва ғуломон ба ҳаққи зоти мубораки Ҷаноби олӣ, мавлоям дуои билониҳоя гирифт.

Тасаддуқ шавам, ғуломи дарбори олӣ аморатпаноҳ Туробқулбекбии Парвоначӣ (=ҳокими муваққати пешини Ҳисор) баъд аз ғуломашон аморатпаноҳ девонбегии мазкур аз давлати олӣ ба қурғони вилояти Қаратоқ омадан баъд, ба пеши ин дуогӯи ризоҷӯй (=муаллифи мактуб, раиси Ҳисор) ва ба назди қозии мазкури дуогӯяшон (=қозии Ҳисор) чизу чораи қурғон (=қалъа) ва асбоби қурхона (=аслиҳахона) ва ошхона ва фаррошхона ва сӣ адад уштур маъа асбобаш ва сесад адад гӯсфанди сурукона (=рама) ва дафтарҳои рӯйхати ғуломонашон навкарияи (=сарбозон) элро ба ғуломашон девонбегии мазкур (=Остонақул Бӣ) супорида, тасаддуқ шавам, бегоҳи панҷшанбе аз рӯи шунидаи ин ғуломи дуогӯй, ғуломашон аморатпаноҳ девонбегии мазкур аз давлати олӣ ба ғуломи дарбори олӣ аморатпаноҳ Туробқулекбии Парвоначӣ (=ҳокими пешини Ҳисор) як салла ва кулоҳ ва рӯймол ва як ҷомаи кимхоб ва як ҷомагӣ латта ва як ҷомаи махмал ва як ҷомаи фарангӣ ва ду адад ҷомаи шоҳӣ ва як ҷомаи адрас ва ду ҳазор тангаи нақд маъа аспу абзол ва даврӣ (=болопӯши калони асп) ва ба дувоздаҳ нафар одамонаш ҷомаҳои шоҳӣ ва адрас дода, бегоҳи панҷшанбеи мазкур ғуломи дарбори олӣ парвоначии мазкур (=ҳокими пешини Ҳисор Туробқулбекбии Парвоначӣ) рӯ ба ҷониби остони муродрасони Ҷаноби олӣ, мавлоям (=амир) шуда рафт.

Тасаддуқ шавам, ин ғуломи дуогӯи ризоҷӯй он чӣ дида ва шунидаи худро масмӯи (=ба самъӣ) Ҷаноби олӣ, мавлоям шавад гуфта, аз рӯи ғуломӣ ва ҷонсупорӣ арзи бандагӣ намудам.

Илоҳо ҳамеша ба давлат саломат бошанд.

Омин, омин, омин.

Аттақсир, аттақсир, аттақсир, аттақсир, аттақсир.

Абдуллоҳи Раҳнамо

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube