Аввалин муҳандисзани тоҷик

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки занони далеру шуҷоъ ва донову оқила дар радифи мардон дар ҷомеа сазовори эътирофу эҳтиром ва мақому манзалати баланд гардидаанд. Яке аз онҳо ходими намоёни давлатӣ, аввалин бинокорзани тоҷик Ҳамро Тоҳирова (1912- 1990) мебошад.

Ҳамро Тоҳирова соли 1912 дар д.Ашти, н. Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар чашм ба дунё кушода, фаъолияти меҳнатиро соли 1935 баъди хатми Донишкадаи давлатии Осиёи Миёна оғоз намуда, солҳои 1936 — 1940 ба ҳайси саркор, сардори участкаи сохтмон ва муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Кумитаи давлатии сохтмону назорати Шӯрои Комиссарони халқи ҶШС Тоҷикис­тон кор кардааст.

Дар ин давра як қатор биноҳо, аз ҷумла, Маҷлиси Олии Тоҷикис­тон, Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон, мактабҳои миёна ва маҳаллаҳои истиқоматӣ бо иштирок ва роҳбарии ӯ сохта шуданд. Вай иштирокчии Анҷумани умумиттифоқии меъморон, муаллифи як қатор лоиҳаҳои бинову иншоот буд.

Ҳамро Тоҳирова аз соли 1940 то соли 1954 дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла дар Шӯрои Комиссарони халқи ҷумҳурӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият намуд. Ҳамчунин, дар вазифаҳои Вазири сохтмони шаҳру деҳот (1954 -1957), вазири сохтмон (1957-1961), вазири масолеҳи бинокорӣ ва саноат (1963 -1968), фаъолият намудааст.

Ҳамро Тоҳирова дар бунёди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок кардааст. Бунёди иншооти мазкур дар ҳамон солҳо барои Тоҷикис­тон воқеаи дорои аҳамияти бузург буд.

Маркази бузурги фарҳангӣ дар хиёбони ба номи академик Раҷабовҳо бунёд ёфта, Ҳамро Тоҳирова ба вазифаи коргузори иншооти мазкур таъин гардид.

Соли 1954 номбурда вазири сохтмони кишвар интихоб гашта, дар ҳафт соли роҳбарии ӯ биноҳои Донишгоҳи аграрӣ, чойхонаи «Роҳат», бинои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, неругоҳҳои барқи обии «Қайроққум», «Норак» ва биноҳои асосии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ қомат афрохта, қариб як миллион нафар аҳолии ҷумҳурӣ соҳиби манзили нави истиқоматӣ шуданд.

Халқи тоҷик имрӯз ҳам бо корнамоӣ ва ҷоннисориҳои ӯ ифтихор намуда, номи ин бинокорзани тоҷикро бо некӣ ёд мекунад.

Бахтовар Темирзода

Муаррих

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube