Салом СССР! Маро баъд аз хатми мактаби механизатсия ба комитети ҳарбӣ даъват карда, пешниҳод намуданд, ки ба мактаби авиатсияи ҳарбӣ рафта, хизмат намоям ва роҳxaт доданд. Ман барои хайрухуш ба Ӯзбекистон, ки онҷо хеши модарам мезист, рафтам. Он зан дастархон ороста, ба духтараш Турсунҷон гуфт, чой биёрад. Турсунҷон 1 чойник чой оварда, гузошта рафтанӣ буд, ки модараш фармуд, исто ҳамин ҷо. Духтар аз мо 2 метр дуртар истоду модараш ба ман рӯ оварда, таъкид дошт: вақте ки аз хизмат меоӣ, ман ҳамин духтарро ба ту туҳфа мекунам ва дар тӯйатон мерақсам. Духтар бо 1 писханд ба замин нигаристу рафт. Он зан ба ман фотиҳа доду ман ба хона баргаштам.
Рӯзи дигар ба комиссарият рафтам, моро, ки 15 нафар будем, ба поезд савор карда, ба Маскав гуселонданд. Мо дар хизмат кам мактуб менавиштем, зеро нишон додани суроға, ҷойгиршави мактаб, маълумот дар бораи омӯхтании касб қатъиян манъ буд. Дар мактаб сурат гирифта, фиристодан ҳам манъ буд. Баъд аз 2 моҳ ман ба холаи дap Ӯзбекистон будаам, мактуби саломатӣ фиристодам. Баъди каме вақт маро ба пункти қабул даъват карданд, рафтам, дар рӯи стол 1 посилка истодаасту сардори мо ҳам дар ин ҷост.
Посилка, ки аз хона меомад, бо иштироки соҳибаш кушода, тафтиш карда мешуду баъд ба соҳибаш медоданд. Мебинам, ки дар он посилка ном ва насаби 1 духтари ношинос навишта шудаст. Дар посилка 1,5 кг конфетҳои ҳарxeлa бо мактуб буд. Мактубро кушодам, ки аз номи ҳамон “туҳфашуда” дугонааш ба ман пайғом додааст. Духтари ба ман “туҳфашуда” хоҳиш кардааст, ки 1 расм гирифта фиристам. Ман аз сардорам иҷозаи расмгирӣ пурсидам, аммо ӯ гуфт, ки расмгирӣ манъ аст. Баъде, ки хоҳиши мактубро фаҳмондам, маро ба штаб бурда, фармуд, ки чанд дона расм гирифта, якто ба оилааш, якто ба худаш тайёр кунед. Баъди 2 рӯз расм ба ман расиду ман якеро ба он духтари “туҳфашуда” фиристондам.
Дар охири хизмат бо рутбаи прапоршики мустаъфӣ ба ватан баргаштам. Дар ин вақт модари ин духтар аз олам гузаштасту духтари “туҳфашуда” бо 2 чашми гирён ба пешвози ман баромад. Ман бо ин духтар оила барпо карда, соҳиби 5 фарзанд шудем, аммо духтари “туҳфашудаи” ман дар синни 66 солагӣ аз олам гузашту дар синаам 1001 доғи фироқ монд.
Ёдаш ба хайр!
Бердиқул Хӯҷақулов,
деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон,
тел:7501948
