Дар ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳия Восеъ, деҳоти Осмон Бика мо бо як гурӯҳ дӯстони худ Қурбонов Муҳиддин, Миров Шариф, Сафаров Кишвар, Раҳматов Намозалӣ, Эмомов Амирхон, Исмоилов Қиёмиддин, Қурбонов Абдувалӣ, Гадоев Шуҳрат, Ҳамидов Рустам, Шаробов Самариддин, Давлатшоев Иброҳим ва Ҳикматов Бурҳон тасмим гирифтем, иқдоми неке барои кӯдакони синфи 4 – уми муасиссаи мактаби миёнаи умумии №53 ноҳия бигирем.
Иқдом кардем 2 нафар аз омӯзгоронро интихоб карда, кӯдаконро ба дарсҳои иловагӣ аз фаннҳои математика ва забони англисӣ фарогир намоем. Бо гузашти 3- моҳ хонандагон аллакай озодона байни худ бо забони англисӣ суҳбат мекунанд.
Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, раиси ноҳияи Восеъ баъди ин иқдоми неки мо ба муассисаи таълимии №53 омада, ба чашми сар диданд, ки воқеан кӯдакон талоши хондан доранду аллакай бо забони англисӣ байни худ гап мезананд. Хело шод шуда, пешниҳод карданд, ки дар мактабҳои дигари ноҳияи Восеъ низ агар ин иқдомро пеш баранд, ҳамаи кӯдакон забондон мешаванду ҷомеаи мо як қадам ба пеш меравад.
Фикр дорем, агар дигар саховатпешгони ватани мо аз нону обу гандум додану кӯмакпулӣ кардан ба нафарони ниёзманд, ба онҳо илм омӯзонанд, беҳтар мешуд. Чун хайрияи пулу хӯрока 1 муддат дар ёд мемонаду ҳамонам вақти пул додан, аммо илм омӯхтан то замоне банда зиндааст, мемонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки илм дар хурдӣ – нақш дар санг.
Миров Шариф,
сокини Ҷамоати Худоёр Раҷабов, н. Восеъ
