(Вокуниш ба маводи “Нархи гӯштро дастрас” бояд кард”, Ҷ. Яҳёев, нашрияи СССР)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо мақсади таъмини фаровони бозори истеҳмолӣ, мусоидат намудан ба танзими нархи маводҳои хӯроквории ниёзи мардум ва пешгирӣ намудани болоравии сунъии нархи ин маҳсулотҳо дар давраи сипаришуда корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст.
Роҳбарони бозорҳои ҳудуди ноҳия фаъолияти мунтазами бозорҳоро таъмин намуда, ҷиҳати таъмини фаровони маҳсулоти таъминоти аҳолӣ, назорати доимии ҳолати нархҳои маводҳои ниёзи мардум бо комиссияи ноҳиявӣ ҳамкорӣ менамояд.
Бояд қайд намуд, ки Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вазифадор карда шудаанд, ки кори комиссияҳои дахлдорро беҳтар намуда, барои танзими нархи бозори истеъмолӣ ва пешгирии болоравии сунъии нархи маҳсулотҳои ниёзи мардум дар бозорҳову нуқтаҳои савдои ҳудуди худ ба таври доимӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Ба ҳолати 12.05.2024 нархи маҳсулотҳои аввалиндараҷа нисбат ба соли гузашта зиёд тағйир ёфтааст, чунончи агар нархи 50 кг орд 215-235 сомонӣ бошад ба ҳолати имрӯза 270-280 сомонӣ баробар аст, ки нисбати соли гузашта 45-55 сомонӣ зиёд гардидааст, нархи 1 кг гӯшт 75 сомонӣ буда, нисбати соли гузашта 5 сомонӣ зиёд мебошад, нархи тухм дона агар 1 сомонию 10 дирам бошад нисбати соли гузашта 20 дирам кам гардидааст, нархи 1 кг макарон 10 сомонӣ буда тағйир наёфтааст.
Боиси қайд мебошад, ки қисми асосии маҳсулотҳои хӯрокворӣ ноҳия аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид гардида ва ба сокинони ноҳия пешниҳод карда мешавад. Маводҳои хӯрокаи дигар, аз қабили орд, биринҷ, макарон, шакар ва чойи хушк низ аз тарафи соҳибкорон аз корхонаву ташкилотҳо, бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Гулистон ба ноҳия ворид карда мешаванд. Нархи фурӯши ин маҳсулотҳо дар бисёр вақт аз ҳолати нархҳои фурӯш дар сохторҳои истеҳсоливу тиҷоратии ин шаҳрҳо вобастагӣ доранд.
Ноҳияи Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, мардум ба истеҳсоли картошка, сабзавот ва маҳсулоти гӯштӣ машғул буда, боқимондаи маводҳои хӯрока аз дигар шаҳру ноҳияҳо ворид карда мешаванд. Сабаби болоравии нархҳои молҳои ниёзи мардумро дар баландшавии нархҳои доруҳои минералӣ, хӯроки кансентиратӣ ва ғайраҳо медонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Деваштич
