Дар шумораи гузашта мо дар бораи пеш омадани мушкил дар номгузорӣ шудани яке аз мактабҳои шаҳри Исфара ба номи фарзанди шаҳиди диёр Меҳрузиддин Болтаев матлабе навишта будем. Падари марҳум Муҳриддин Болтаев меҳмони идора шуда, гуфтанд, ки 3 сол мешавад масъалаи номгузорӣ шудани МТМУ №60-и ҷамоати деҳоти Ворух ба номи писари қаҳрамонаш ҳалли худро намеёбад.
Бояд гуфт, ки 30 апрели соли 2021 дар қатори чанд нафари дигар муҳофизони далери Ватан Болтаев Меҳрузиддин дар муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон ҳалок гардид. Бо Қарори ҷаласаи 15 Маҷлиси вакилони халқи ш. Исфара аз 10.03. 2023 ба хотири поси шаҳидони Ватан якчанд мактаб бо номи онҳо номгузорӣ гардид. Аз ҷумла, ба МТМУ 60 – и навбунёд номи Меҳрузиддин Болтаевро гузоштанд. Мутаассифона, бо кадом сабабе мактаби номбурда сохтмонаш кашол ёфта, номгузорӣ ҳам фаромӯш гардид.
Пас аз нашри шумора Шарифҷон Ҷумазода, раиси навтаъини шаҳри Исфара бо редаксия дар тамос шуда, гуфт, ки дар рӯзҳои наздиктарин мактаб ҳатман ба номи қаҳрамонписари Ватан гузошта хоҳад шуд. Рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ МТМУ 60-и ҷамоати деҳоти Ворух бо баргузор намудани маъракаи поси хотир мактаби мазкур номи Меҳрузиддин Болтаевро гирифт. Раис ба ваъдааш вафо кард!
Браво раис Шарифҷон Ҷумазода!
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР
