Хусравов Озиршо

Бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ 1941-1945

Азизон, чун ҳамеша иттилооти ҷамъовардаамро доир ба фидоиёни Ватан барои шумоён пешниҳод мекунам, то ки таърихи диёр, абармардони он, фидоиёни ҷанг ва хизмати бузурги онҳо фаромӯш нашаванд. Ҷавонон хонанду хулоса бароранд. Ҳамчунин, ман инро тавре мегӯянд “барои лайк” наменависам, мехоҳам хонеду касе тавонад ба он иловаҳоро ворид кунад. Боқӣ дар паноҳи Худои Бузург бошед!

Ҳоло мехостам дар бораи аскари ғалаба Хусравов Озиршо, ки дар Бойгонии Марказии Электронии Вазорати Мудофиаи Федератсияи Россия (БМЭ ВМ ФР) ва манбаҳои дигар вохӯрдам, нависам.

Дар БМЭ ВМ ФР ному насаби ин аскари ғалаба дар шакли Хусравов Озиршо, Хусравов Озирша, Хусравов Озермо, Хусравов Озершо, Хусравов Озирши вомехӯранд, ки албатта дар вақти навиштан ба хатогиҳо роҳ додаанд.

Тибқи навиштаҳои китоби “Фидоиёни Ватан” Хусравов Озиршо соли 1925 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ҳозираи ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Ӯ соли 1941 аз ҷониби Комиссариати ҳарбии ВМКБ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуда, дар полки тирандозии 615-уми дивизияи тирандозии 221 бо рутбаи ҳарбии аскари қатории тирандоз хизмат кардааст (дар матни мазкур ҳам соли даъват, ҳам номи Комиссариати ҳарбӣ ва ҳам рақами полки хато навишта шудаанд – Атобек Амирбек).

О. Хусравов моҳи сентябри соли 1943 дар қатори садҳо нафари дигари ҳамдиёронамон ба хизмати ҳарбӣ дар Артиши Сурх даъват карда шуда, ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристонида шудааст. Ӯ дар ҳайати полки тирандозии 625 – уми дивизияи тирандозии 221 – и Мариупол хизмат намуда, дар ҳайати Ҷабҳаҳои 1-уми Украина, 1-уми Ленинград, 3-юми Белоруссия дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардонавор ҷангида соҳиби чандин ордену медалҳои давлатӣ гардидааст. Ду маротиба маъюб гашта, як маротиба зарбаи мағзӣ (контузия) шудааст.

Тибқи иттилооти БМЭ ВМ ФР ӯ бо рутбаҳои ҳарбии аскари қаторӣ ва сержанти хурд дар полки тирандозии 625 – уми дивизияи тирандозии 221-уми (ташкили II) Артиши 39-ум хизмат карда дар ҳайати Ҷабҳаҳои 1-уми Украина, 1-уми Ленинград, 3-юми Белоруссия ба муқобили фашистони гитлерӣ ва баъдан ба муқобили истилогарони Ҷопон ҷангида, мардонагиву далерӣ нишон додааст.

“На Украине начался боевой путь многих памирских юношей, зачисленных в 221 – ю Краснознаменную Мариупольскую стрелковую дивизию, дислоцировавшуюся в ноябре 1943 г. в Винницкой области, входившую тогда в состав 1-го Украинского фронта. Вот имена некоторых из них: О. Хусравов, К. Айдарбеков, Б. Ванжаков, С. Бандалиев, Е. Ватаншоев, А. Зайдуллоев, А. Миргандов, К. Мамадамонов, А. Набиев, И. Салимшоев, Н. Азатшоев, А. Саидбеков, А. Рахимджанов, М. Акназаров, М. Мамадбеков. С. Шокамолов. Б. Боймамадов, Ш. Бобошоев, А. Абдукаринов. А. Азизбеков, С. Саиднуриддинов, Г. Мирзодавлятов и многие другие.

Части 1-го Украинского фронта должны были нанести удар на Винницу и Могилёв-Подольский. В конце декабря 1943 г. и начале января 1944 г. соединения фронта освободили Житомир, Бердичев, Белую Церковь и другие украинские города. Однако противник усилил свою груммировку юго-восточнее Винницы и предпринял контрудар в направлении Липовец. Именно здесь завязались ожесточённые и кровопролитные бои, в которых прошли свое первое испитание боем молодые необстредянные еще памирские солдаты. Они с честью выдержали этот экзамен. В боях за город Винница, который был освобожден 20 марта 1944 г., отличились К. Айдарбеков, получивший медаль “За отвагу”, О. Хусравов – медаль “За боевые заслуги”, А. Миргандову и А. Набиеву были вречены ордена Славы III степени…

Затем 221 дивизию сняли с 1-го Украинского фронта и направили в состав Ленинградского фронта, где она стояла на обороне в районе Выборга, ведя бои в очень тяжёлых условиях, отбивая атаки врага и не давая ему возможности ни на шаг продвинуться вперёд. После выхода Финляндии из войны в августе 1944 г. дивизию перевели уже в состав Белорусского фронта, который к этому времени завершал освобождение Советской Белоруссии от фашистских поработителей. И здесь славные сыны таджикского народа показали образцы мужества и отваги.»

«В феврале марте 1945 г. шли ожесточенные бои в Восточной Пруссии, в районе города-крепости Кенигсберг. Здесь вновь отличились воины-памирцы из 221 –й Краснознаменной Мариупольской стрелковой дивизии. Взвод, в котором служил Озиршо Хусравов получил задание при поддержке артиллерии занять один из четырёхэтажных домов. Бойцы дрались за каждый этаж. За каждое помещение. Когда командир взвода выбил из строя, Озиршо принял командование взводом на себя. Отбывая атаку за атакой, взвод Хусравова сумел взять и удержать этот дом, чем обезопасил продвижение своей части в направлении к городу Топиау. После жестоких боев 221-я дивизия овладела городом. За проявленное мужество все бойцы взвода получили правительственные награды. Озиршо был удостоен ордена Славы III степени. Орден Славы II степени он получил за участие в боях в Кенигсберге, а К. Айдарбеков получил здесь вторую медаль «За отвагу» и орден Славы III степени. Этого же ордена был удостоен Ш. Давлятов…»

«С 9 апреля 1945 г. после падения Кенигсберга бойцы 221 – й дивизии принимали участие в уничтожении фашистских группировок, продолжавших оказывать сопротивление даже после того, как гарнизон города-крепости сдался в плен. После окончания войны с Германией эта дивизия в июне 1945 г. была направлена на восток, где приняла участие в войне с Японией.»

“В июле 1945 г. из Восточной Пруссии в Монголию прибыла 221-я Краснознамённая Мариупольская дивизия, которая в составе войск забайкальского фронта прорвала оборону японцев на восточном берегу р. Халхин-Гол, с боями прошла по безводным маньчжурским степям и перевалила через хребет Большой Хинган. Воины этой дивизии освободили десятки городов и населенных пунктов. Вновь отличились славные сыны таджикского народа Озершо Хусравов, который был награждён орденом Красной звезды, К. Айдарбеков. С.Миров, Н. Азатшоев, Ч. Кадыров, М. Рахимов, Д.Шозодаэронов и многие другие были награждены медалью “За победу над Японией…”

Дар ФАРМОН дар бораи бо медали “Барои шуҷоат” мукофотонидани Хусравов Озиршо аз 21 апрели соли 1944 (№025/н) чунин навишта шудааст:

“11. Связной штаба 1-го стрелкового батальона, рядового Хусравова Озиршо, за проявленную смелость и мужество во время боевых действий полка от совхоза “Коммунар Липецкого района, Виницкой области 11.3.1944 года до села Бурканув Струсовского района, Тернопольской области 14.4.1944 года, где он несмотря на сильный артиллерийско-миномётный огонь противника, рискуя жизнью все приказания командования выполнял быстро независимо от обстановки….

1925 года рождения, член ВЛКСМ, призван Шугнанским РВК Горно-Бадахшанской области…”

Дар ВАРАҚАИ МУКОФОТОНӢ барои пешниҳоди Хусравов Озиршо барои мукофотонидан бо ордени “Шараф дараҷаи дуюм” сабаби пешниҳодаш чунин шарҳ дода шудааст:

“ В боях по прорыву укреплённого района Лазеркайм Восточная Пруссия 6.4.1945 года т. Хусравов во время атаки действовал решительно и смело, своим личным подвигом он увлекал за собой других бойцов. Совместно с группой бойцов он захватил в плен 12 немецких солдат и два стакового пулемёта. Сам лично из своего автомата он уничтожил 15 солдат и офицеров противника.

Своим подвигом т. Хусравов решил исход боя. Противник был отброшен из укреплённого района Лазеркайм.

Вывод. За прояленное мужество, отвагу и стойкость в боях с немецкими захватчиками и уничтожении живой силы и техники противника тов. Хусравов достоин Правительственной награде – Ордена “Славы второй степени.”

Тибқи Фармони барои қисмҳои ҳарбии Артиши 39-ум аз 29 апрели соли 1945 (№ 0496/Н) Озиршо Хусравов бо Ордени “Шараф дараҷаи дуюм” мукофотонида шудааст.

Дар РӮИХАТИ НОМ БА НОМИ хизматчиёни ҳарбии дивизияи тирандозии Мариуполии Байрақисурхдори ба номи Суворови 221 – уми Артиши 39-ум, ки дар амалиёти Кенигсберг бевосита иштирок дошта, барои мукофотонӣ бо медали “Барои гирифтани Кенигстберг” пешниҳод шудаанд, Хусравов Озиршо низ аст:

  1. Младший сержант Хусравов Озершо – связист 1-го стрелкового б-на, с 13.1.45 по 10.4.45 участвовал в Кенигсбергской операции, ранений не имеет…”

Сабаби пешниҳоди Хусравов О. барои мукофотонидан бо Ордени “Ситораи Сурх” аз ҷониби қисми ҳарбӣ чунин шарҳ дода шудааст:

“В бою за высоту 398 в районе населённого пункта Ходатуль, провинции Син-аль Манчжурии, 26 августа 1945 года тов. Хусравов, будучи ординарцем командира батальона во время атаки батальоном высоты находился в боевых порядках роты и не ушёл с поле боя.»

Дар Фармони дивизияи тирандозии Мариуполии Байрақисурхдори ба номи Суворови 221 – уми аз моҳи сентябри соли 1945 (№ 0140/Н) чунин навишта шудааст: омадааст:

“От имени ПРЕЗИДИУМА ВЕРХОВНОГО СОВЕТА СОЮЗА ССР, за образцовое выполнение боевых заданий Командования на фронте борьбы с японским агрессором и проявлении при этом доблесть и мужество, –

НАГРАЖДАЮ:

ОРДЕНОМ КРАСНОЙ ЗВЕЗДЫ

14.Сержанта Хусравова Озершо – командира отделения стрелковой роты 625 стрелкового полка.”

Ҳамин тавр, Озиршо Хусравов дар набардҳои ҶБВ ба муқобили Германияи фашистӣ, Финляндия ва Ҷопон ҷангида, бо мардонагиву далериаш барои ғалаба бар истилогарон саҳмгузор аст.

Озиршо Хусравов дар набардҳои ҶБВ ду маротиба маъюб гашта, як маротиба зарбаи мағзӣ (контузия) шудааст.

Баъди ғалаба бар Ҷопон ин аскари ғалаба дар қисмҳои посбонии ВКД ИҶШС хизмат карда (посбонии асирони ҳарбӣ), моҳи ноябри соли 1949 ӯ бо сабабҳои оилавӣ аз хизмат ҷавоб дода шуда, ба зодгоҳаш бармегардад.

О. Хусравов солҳои 1949-1951 дар вазифаи саринсруктори Кумитаи доир ба варзиши назди Кумитаи иҷроияи ВМКБ, солҳои 1951-1952 дар вазифаи Раиси Кумитаи доир ба варзиши назди Кумитаи ҷроияи ВМКБ кор кардааст.

Ӯ соли 1952 бо қарори Кумитаи иҷроияи ВМКБ барои таҳсил ба курсҳои яксолаи кормандони варзиш ба шаҳри Ленинград фиристонида шуда, дар он ҷо таҳсил намудааст.

Соли 1959 Раиси Кумитаи вилоятии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба армия, авиатсия ва флот (ҶИМААФ – ДОСААФ) – и ВМКБ интихоб шуда, моҳи июни соли 1980 ба вазифаи сардори Клуби варзишии вилоятии ҶИМААФ таъйин шудааст.

О. Хусравов моҳи июли соли 1981 Раиси Кумитаи ҶИМААФ – и шаҳри Хоруғ интихоб шуда, то даврони ба нафақа баромаданаш (1989) дар ин вазифа кор кардааст.

Ин марди ҷанговар, ватандӯст ва меҳнаткаш баъди ба нафақа баромаданаш низ бе кор монда наметавонист. Бинобар ин аз моҳи сентябри соли 1989 то моҳи апрели соли 1990 ба сифати оператори Стансияи таъминкунии бензини Базаи Нафти Хоруғ дар ҷамоаи Поршнев кор кардааст.

Ӯ солҳои 1968-1970 узви Кумитаи ВМБК – и Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили Шӯрои вакилони халқи ВМКБ (солҳои 1968 ва 1970) интихоб шудааст.

Озиршо Хусравов барои қаҳарамониҳои ҷангӣ ва меҳнатиаш бо орденҳои “Ситораи Сурх” (16.09.1945), “Шараф дараҷаи 2” (29.04.1945), “Шараф дараҷаи 3” (13.02.1945), “Ҷанги Ватании дараҷаи 1” (06.04.1985), медалҳои “Барои хизматҳои ҷангӣ” (24.04.1944), “Барои озодкунии Кенигсберг” (26.06.1945), “Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” (09.05.1945), “Барои ғалаба бар Ҷопон” (30.09.1945), 4 таърифномаи Сарфармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС, 13 медали ҷашнии гуногун, ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Вазорати дифои СССР, КМ ҶИМААФ – и СССР ва Тоҷикистон, КМ ИЛКҶУ (ВЛКСМ) ва ИЛКҶ (ЛКСМ) Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ин аскари ғалаба соли 2001 вафот кардааст.

PS: Дар акс Озиршо Хусравови ҳамеша чеҳрахандон (дар қатори аввал дуюм) бо ҳамроҳии Рустам Шоҳтемур, Тоҳир Мамадназарбеков ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Атобек Амирбек

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube