60…

Ҳисоботе пеши хонанда…

Агар пурсанд чанд сол умр дидаӣ, бе муҳобое метавонам гуфт:

600-сол!!!

Зеро ҳар шаб, чун соате ба сукут меравам, умри рафтаро варақгардон мекунам, дақиқан 600 сол аст, ки азияти умр мекашам.

 Ва аммо вақте ба кӯчаи зиндагонӣ ворид мешавам, мебинам, ки, не,

60-солаам!!!

60-соле, ки заҳмат кашидаву аз роҳравӣ ва пистонбадаҳонгириву алфозниҳии Модар шуруъ кардаам омухтани зиндагониро. Чизеро, ки дар 6 даҳсола маъниву муҳтавояшро нафаҳмидам, ки нафаҳмидам…

Вақте ба кӯчаи реолии зиндагонии воқеӣ мебароям, мегӯям,

6-солаам!!!

 Кӯдаке беш наям, ки талош мекунанд, то бо қандаке, ҳалвое бифребандам. Чун дар кӯчаи моҷарое дармеафтам, дақиқан дарк мекунам,

6-рӯзаам!!!

Ширхорае беш нестам, ки ҳатто тавони талаффузи исми модар надораму ҷилави гиряро сар медиҳам, то Очаҷонам-кампири Ҷавҳарбӣ аз сари чагдон давида ояду бо нидои «э бачай отата 7-та куна, гушна шидӣ?!», оромам кунад…

 Ман дар 60-солагӣ нав дарк кардам, ки чаро мардони мард, дар 60-70 ва 100-солагӣ, чун ҷонашон дард кард, фиғон мекашанд:

Вой очаҷон!!!

Зеро ҷуз Оча ягон кас, дар ягон давру замон мунису ғамхору фарёдрасе надорад. Бас кунед, пеши ман қиссаи Лайливу Маҷнунгӯиро. Дақиқан ё Лайлӣ ё Маҷнун аз сари эҳсос намемурд…ҳатман зан ё шӯй мекарду меҳрашро ба ӯ мебахшид. Ишқ кори темперамент аст-мегуфт Ги де Мопассан ва рост мегуфт. Зеро танҳо меҳри Модар абадист! Ва инро ман гуфтам. Мо Метавонем!       

Чаҳорфасл

25 сола будам, навиштам:

-Зиндагонӣ 4 фасл аст: Баҳор, Тобистон, Тирамоҳ ва Замистон. Дигар тамомии умр такрори ҳамин 4 фасл асту бас. Ҷуз Баҳору Тобистону Тирамоҳу Замистон одамизода дигар чизе намебинад. 1 сол кофист, то ин ҳамаро бубинӣ. Дигар ту 60 сол умр мебинӣ ё 100 сол, такрори ҳамин 4 фасл асту бас…

Фикр мекунам, дуруст навиштаам. Зеро ҳақиқатро инсон то 25-солагӣ мегӯяд. Баъдан файласуф мешавад. Яъне ҳар суханро санҷида ва печида ва пурмаъно мегӯяд. Мисле, ки имрӯз аз Жириновский тавассути Ҳуши Маснуъӣ ё худ ИИ (искусственный интеллект) баба Вангаи нав сохтан доранду мо бовар дорем, ки 1 сафсаттафурӯши шовинисти руси ҷуҳудасл… Жири-Ванга будааст. Яъне чӣ қадар печида гуфтӣ, калонтар, солдидатар, пиртар, пухтатар мешудаӣ…

Душмани умр…

Дар 50-солагӣ навиштам:

-Умр аз ман пурсид, «эй, Сайёф, дар ин ним аср чӣ коре назаррас кардӣ?». Гуфтамаш, «умри туи номардро кам кардам!!!»…

Воқеан ҳам чаро ба умр, ба чизе, ки бо мурури вақт душмани мо гаштаву моро аз по меафганад, мо ин қадар раҳмдилу пуртоқат бошем? «Аз умр вафо кӣ дид, то ман бинам?» хитоб мекард Одина Ҳошими нотакрор ва саривақт рафт. Рафт то номаш абадан боқӣ бимонад.

60-сол

То 50 солагӣ фикр мекардам, 60 стоп-крани умри инсонҳост. Зеро меандешидам ба худ, Худо низ инсонро суст мекунаду табиат низ фулуст ва ҳукумат ҳам ба нафақа гусел. Яъне ту дигар даркор нестӣ, ба ин ҷамъият, ба ин табиат. Ҷоят то мурдан масҷид аст. Зеро кинову театру мусиқиву дискотека барои ту ҳаром ҳам набошанд, шарму айбанд. Дар мо-ку қариб нестанд. Яъне омода бош ба гузариш бар дунёи абад…

Шумо аз даҳони 1 мӯсафед панди илми дунявиву насиҳати рушди нано-техноложӣ мешнавед? Хока!-гуфти Бобои Ғулом. Зеро мусафедонро мо куллан дохили масҷид кардаем. Аз масҷид бидуни омодагӣ ба марг чизе касе нахоҳад ёфту шунуфту гирифт.

Ҳоло фикр мекунам, мо, 60-солаҳоро хеле пеш ҳукумат ва табиат «списат» мекардаанд. Ман акнун камакак дарк кардан дорам, ки «Давлати пирӣ» чӣ будааст. Муҳтоҷи дигарон набудан Давлати пирист.

21.04.2026. Соат ба вақти СССР 10:17 дақиқа. Ҳошим Гадо артисти халқии СССР ба редаксия чун вулқон даромада (ӯ дигар хел наметавонад), дуои аҷибе дода, баромада рафт. Ҳозир мехонӣ, хонанда, ӯ чӣ гуфт ва баъд дарк мекунӣ, ки ӯ девона аст ё ҷамъияти мо? Ҳошим Гадоев гуфт:

– Худо ба умри ман расонадат, вале хушбахт бошӣ. Медонӣ хушбахтӣ дар 89 солагӣ чист? Хушбахтӣ дар ин синну сол он аст, ки эзоратро худат пӯшиву то туалет бо пои худат равӣ!!!

«Грубо, но метко!»-гуфти худаш. Ҳамингуна гуфт, ҳошимона, бе парда, бе истиҳола ва рӯшод: эзоратро пӯшида тавониву то туалет бо пои худат равӣ…давлати пирист, яъне хушбахтӣ аст…

Хонандаи то 60-сола ҳатман хоҳад хандид. 70-солаҳо андеша мекунанд. 80-солаҳо нигарон мешаванд ва танҳо 90-солаҳо ба Ҳошим Гадоев қарс хоҳанд зад ва хоҳанд гуфт:

– Белиссимо маэстро!!!

60-мақола

60 матлабе, ки дар ин китоб, ки иншооллоҳ ба дастат мерасад, нашр гардиду умедворам анде аз онро мутолиа мекунӣ, муште аз хирвори ана ҳамин 60 сол,  720 моҳ, 21960 рӯз, 527040 соат, 31 млну 622.400 дақиқа, 1 млрду 897 млну 344 ҳазор сония нафас мебошад, ки  ман паси сар кардаам. Дар асл, танҳо дар газетаи СССР теъдоди сармақолаҳои каминаи камтарин аз 1000 адад убур кардаанд. Теъдоди матлабу мақолаву хабару репортажу интервю, мубоҳисаву мусоҳибаву очерку лавҳаву публитсистикаву чашмандозу фелетону памфлету луқмаҳои банда хеле ба дарозо мекашанд. Зеро дар баробари 18-соли умри пурбаракат дар газетаи мардумӣ, банда сар аз соли 1984 каму беш менавиштаму нашр мекардаму пахш месохтам. Ин дар ҳолест, ки беш аз 12 сол дар расонаҳои  хориҷӣ низ заҳмат кашидаву аслан матлабҳои фарҳангӣ нигошта, тамаддуни 6000 солаи ориёитаборонро муаррифӣ кардаам.

 Ва аммо дар ин 60 сол, бузургтарин неъмате, ки Худо ба ман муяссар гардонид, ин иззату икром пеши хонанда буд, ки 720 моҳ талош кардам, куфрони неъмати Худовандӣ накунам. Ҳамаатонро дӯст медорам.

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube