Ҷ.БАЛХӢ: САДАМА – БОИСИ БАРОМАДАНИ ОБ

Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии н.Ҷалолиддини Балхӣ қайд менамояд, ки мақолаи «Заҳбурҳо пуру об нест», ки дар ҳафтаномаи «СССР» дар нашрияи № 23 (768) аз 15.06.2023 аз тарафи шаҳрванди Ҷамоати деҳоти Гулистони н.Ҷ.Балхӣ Қараев Эшонназар нашр шудааст, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.

Лозим ба зикр аст, ки Ҷамоати шаҳраки Гулистон тавассути канали магистралии Гулистон, ки 19,1 км дарозӣ дорад бо оби полезӣ таъмин карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак 30000 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон 3464 га замин мавҷуд буда, аз инҳо 2532 га заминҳои кишоварзӣ, 932 га заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасонро дарбар мегиранд. Бояд қайд намуд, ки 2160 га замини кишоварзии ҷамоат бо воситаи пойгоҳҳои обкашӣ бо об таъмин карда мешаванд, Айни замон дар ҳудуди ҷамоат пойгоҳи обкашӣ ҳамагӣ 21 адад ва дастгоҳҳои обкашӣ бошад 38 ададро ташкил медиҳанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамасола бо мақсади таъмин намудани сокинони ноҳия хусусан ба Ҷамоати шаҳраки Гулистон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҳамасола канали магистралии Гулистон ба воситаи техникаҳои заминкан тоза карда мешавад. Махсусан дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ магистрали мазкур тоза шуда, ҳамчунин садамае, ки дар ҳудуди ноҳияи Вахш, Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолият санаи 08.06.2023 рух дода буд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки хавфи бе об мондани поёноби Ҷамоати шахраки Гулистон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Маданиятро дошт, дар муҳлати кутоҳтарин бартараф гашта, айни ҳол ҳамарӯза давра ба давра аҳолӣ ва кишоварзони Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо оби полезӣ таъмин мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Гулистон заҳбуру заҳкашҳо мавҷуд набуда, танҳо 2 адад обрав барои дар мавриди хавфи омадани сел дар ҳолати фавқулода истифода бурда мешаванд.

Холмурод Раҳмон,

раиси н.Ҷ.Балхӣ 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube