ПАНҶАКЕНТ: БАҲСИ ЗАМИН БАЙНИ 2 ХЕШ АСТ

Матлаб зери унвони “Панҷакент: замин аз ману…”, ки 18.05.2023 дар шумораи №19-и ҳафтаномаи “СССР” аз забони сокини деҳаи Чақили ҷамоати деҳоти Шинг, Бобоев Шоҳин ба нашр расидааст, дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар матлаби мазкур Шоҳин Бобоев даъво пеш овардааст, ки байни ӯ ва саҳмдори дигаре бо номи Тоҷӣ Ҳомидов, чандин сол аст, ки бар сари тобеияти қитъаи замин баҳс идома дошта, касе ба доди ӯ намерасад. Вобаста ба ҳалли қазияи мазкур гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент ба маҳаллли зисти онҳо сафар карда, мушкилоти мавҷударо мавриди омӯзиш қарор дод. Пас аз омӯзиш маълум шуд, ки Шоҳин Бобоев ва Тоҷӣ Ҳомидов бо ҳам қаробати хешовандӣ доранд. Қитъаҳои замине, ки мавриди баҳси тарафайн қарор гирифтааст, заминҳои чарогоҳ буда, ба хоҷагии деҳқонии “Ҳақиқат” мансубанд ва ин 2 нафар низ саҳмдори хоҷагии деҳқонии мазкур мебошанд. Қитъаи замини мавриди баҳс ба саҳмдорон Шоҳин Бобоев ва Тоҷӣ Ҳомидов ба тариқи шартнома барои истифода вобаста карда шудааст. Аммо бинобар муайян набудани масоҳати дақиқи қитъаи замини истифодашаванда байни ин 2 нафар суитафоҳум ба миён омада, мунҷар ба баҳс ва ҷанҷоли паёпай шудааст.

Пас аз анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва муайян кардани ченаки қитъаи замин аз тарафи гурӯҳи корӣ, саҳмдорон аз масоҳати заминҳои ба худашон мансуббуда огоҳ шуда, ба созиш омаданд ва аз якдигар бахшиш пурсида, бо ҳам оштӣ карданд.

Ин аст, ки Бобоев Шоҳин ва Ҳомидов Тоҷӣ аз натиҷаи баррасии баҳси мазкур розӣ буда, нисбат ба якдигар ягон хел даъво надоранд.

С.Тоҳирзода, муовини раиси ш.Панҷакент

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube