ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА ВА КОМАНДАИ Ӯ

18.08.2023. Ба ӯ занг задам ва гуфтам дар симои Шумо тамомии кормандони соҳаи тибро бо зодрӯзи Шайхурраис Абуалӣ ибни Синои Тоҷик ва Рӯзи табибон табрику таҳният мегӯям ва афзудам:

– Ягона теғе, ки хун мерезаду ҷон намеситонад, балки ҷон мебахшад, ин теғи ҷарроҳи тибб аст;

– Ягона заҳри ҳалоиле, ки намекушаду сиҳҳат мебахшад, ин заҳри табиб аст;

– Ягона талхие, ки бар нафъ асту ҳаёти мардумро ширин мегардонад, ин талхии доруи табиб аст;

– Ягона ситаме, ки паёмадаш шодиву фараҳ аст, ин ситами момодояву духтур аст;

– Ягона нафаре, ки ба рӯ ниқоб кашидаву теғу табару қайчиву миқроз гирифта, рӯи мардум қад мекашад, аммо ба нияти саломат бахшидан, ин табиб аст;

– Ягона нафаре, ки миллионҳоро шифову дармон мебахшаду мо дар 1 лаҳза фаромӯшаш мекунему сақату дашном фиристода то зиндон мекашемаш, табиби Тоҷик аст…

Зимнан аз номи мардуми фаромӯшхотир ва бархе носипосҳо, гуфтам ба Вазири тандурустии ҶТ, дар симои Шумо аз тамомии духтуроне, ки ҳамагӣ 3 сол пеш миллату давлати моро аз вартаи Ковид-19 раҳонида буданд, ҳам бахшиш мепурсам ва низ сипос мегӯям. Шукр, ки ҳастед…

Акнун 1 суол: хонанда, оё на ману ту будем, ки аз тарси пандемия дар хона зиндонӣ будем? Оё ману ту набудем, ки мурдаи падару модар, зану фарзанди худро ҳатто гӯр намекардем??? Онҳоро ҳатто метарсидем то бемористон барем. Хабаргирӣ 1 сӯ, мурдагирӣ намерафтем…

 

Қиссаи ғам

1 қиссаи воқеии ғамангез, ки Муҳиддин Олимзода, посбони нави ГЖК нақл кард. Ӯ гуфт:

– Соли 2020, моҳи май, дар беморхонаи «Истиқлол» посбон будам. Ҷасадеро бароварданд селофанпеч. Касе пешаш намеомад. 1 мошин истодагӣ буд ва 3 ҷавонмард пешаш рост. Гуфтам, чаро мурдаро намебардоред? Гуфтанд, метарсем. Ман дасту остин барзада, таваккал бар Худои мутаол, он ҷасадро ба он мошин бор кардам. Онҳо гуфтанд, «ако, чӣ хизмат аз мо?». Гуфтам, шумо ба ин мурда чӣ мешавед? Гуфтанд…фарзандони ӯем. Гуфтам 1 хизмат ҳаст, аз паси ман такрор кунед:

– Бар падари ҳар сеи мо лаънати Худой расида бод, ки аз тарс ҷасади падарамонро, ки моро чун гул парварда буд, аз замин навардоштем…

… Чунин воқеаҳо хеле фаровон буданд. Миллати фаромӯшӣ, ки ҳастем, аз хотир баровардаем. Ҳамонгуна, ки вақте наздикони мо мефавтид, маҳз ҳамин духтурон мурдаро, шуставу селофанпеч кардаву то гӯристон мебурданд, дар ҳамкорӣ бо кормандони КҲФ. Мо ҳатто тамошобин набудем! Зеро ҳарос доштем!!!

Вақте 1 шоири бузурги миллат аз Ковид-19 фавтид, ба ҷанозааш касе нарафт. Духтурон оварданд тобутро, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, дӯсти газетаи мо ва муаллифи доимиамон, ҷанозааш кард, маърузаву мавъиза намуд. Аз 3-4 нафари ҷамъшуда, адибони дигар, ки дуртарак меистоданд, хоҳиш кард, магар сухане кунанд. Онҳо ҳадаҳа даст афшонданд, ки не, мулло, тезтар бареду гӯраш кунед…

Фаромӯш кардаем ин ҳамаро…

Фаромӯш кардем, ки ҳамакаса дар саҳифаҳои иҷтимоӣ (ягона ҷавлонгаҳи мо-хонашерони майдонғариб), ки аз тарс бо модари худ саломи дастакӣ намекардем, пешниҳоди «Кафкӯбӣ бар Табиби Тоҷик!!!» менамудем. Хайрият, ки лайкҳои кафзанӣ ва қарсак дар интернет ҳаст. Вагарна мо кафҳои худро аз тарс ба ҳам намезадем!!!

Қаҳрамони Даврони мо – Табиби Тоҷик!

Ин шиор, дар солҳои 2019-2021 ҳамели гӯши ҳар якамон буд. Зеро воқеан инҳо қаҳрамон буданд. Сар аз фаррош – санитаркаҳо, то ҳамшираҳои шафқату рӯбандаву ронандаву табибу духтуру профессор ва ҳатто қаровулҳои беморхонаҳо, ки ҷумлагӣ 1 соат коргоҳашонро тарк накарданд. Одамият дар тамомии кӯраи замин аз тарс дар хона зиндонӣ шуда буду табибон бо аҷали чашмикаснадид – пандемия дастобагиребон.

Ёдам ҳаст Хуршед Ҳабибзода – сардухтури беморхонаи марказии инфексионӣ хона ба хонаву дар ба дар мегашту маризони Ковидро шифо мебахшид. Шахсан маро, ки 28-рӯз бистарӣ будам, дар хона, Хуршед рӯздармиён хабаргирӣ меомад. Бибираҷаб ном духтур, садри лабораторияи Қарияи Боло (Шифобахш) ҳамарӯза 3 бор сари бистарам ҳозир мешуд ва доруву дармон мекард.

Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе, Хуршед Рустамзода – директори беморхонаи Истиқлол, Хизматулло Шамсзода – директори Шифобахш (Қараболо), Музаффар Раҷабзода – сардухтури Беморхонаи дил, Холмаҳмад Раҳимзода, директори МД «Маркази Тиббӣ» – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Ҳусейн Раҳмонзода – кардиологи саршинос… ва даҳҳо ҳазор табиби зинаҳои пасту боло, 1 лаҳза ҷои корашонро тарк намекарданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода аз соати сари кор омаданаш то маҳви комили Ковид-19 тамомии маризонро ном ба ном аз ёд медонист ва таҳти назорати фардии хеш қарор дода буд. Кадом соате занг мезадиву касалеро мепурсидӣ, ӯ медонист, ки дар кадом беморхона хоб аст, ҳолаш чист, вазъияташ хуб шудаст ё бад. Нафароне, ки вазирро аз наздик мешиносанд, медонанд, ки хотираи хеле қавӣ, ба ҳадди ифрот хотираи хуб дорад!

Ёдам ҳаст, Абуалӣ ном духтури ҷавони дил, ки касбашро иваз кардаву дар Қарияи Боло Ковид табобат мекард, соли 2020 гуфта буд:

– 120 рӯз дар дӯзах будем, ака!!!

Воқеан ҳам дар гармои моҳҳои май-июн-июл-август, ки ҳарорати ҳаво марзи 40-45 градусро убур мекард, духтурони Тоҷик бо ниқобу маскаву рӯкаши брезентиву селофанӣ, чун дар кӯзаи оби гарм, моро табобат мекарданд ва мо дар олами виртуолӣ, интернет, барояшон қарс мезадему қаҳрамони миллӣ мехондемашон…

Ва ин дар ҳолест, ки мо бо падару модар салом намекардем, мурдаи волидайнро ба хок намесупурдем, аз гунаи кӯдакони хеш намебӯсидем. Аз тарс. Аз даҳшати пирӯз. Аз ҳарос. Ишқ, меҳр, муҳаббат ятими кулл монда буд:

Чунон хушксол бишуд дар Димишқ,

Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ…

Хешу табор 1 сӯ: бозори танфурӯшон касод шуд. Зеро 1 пулдор риск намекард, ки ғарӣ равад ва 1 фоҳиша гурдае надошт, ки бар ивази дилхоҳ сумм тан фурӯшад.

Ва имрӯз, сари табибон боз чормағз мешиканему сақат мегӯему дашном равон месозему онҳоро ба гуноҳи будаву набуда муттаҳам менамоем, ки ана фалонӣ…. барои фалон кораш… аз ману туву вайу мо….10-20 сомонӣ гирифт… 3 сол пеш розӣ будем, хонаву дар диҳему ҷонат(м)онро харем…

Ва баъди ана ҳамин қадар ҷоннисорӣ, 1 духтури собиқадор, олим, доктори илми тибб, муовини вазирро «подставит» кардему аз вазифа барканор. Ба вазир низ дар нишасти охирияш пешпойҳо гузоштему саволоти барангезанда додем, шукри Худо ба доми мо наафтод…

Рӯзи касбӣ муборак, духтурони Тоҷик, меросбарони воқеии Сино!

Мо кӯрнамаку кӯрхотиру кӯрайнак нестем.

Мо дар ёд дорем ҳама ҷонбозиҳои шуморо.

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube