ҶАВОНОНИ МУВАФФАҚ

“Муасиссаи ғайридавлатии коллеҷи тибии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант” 16.09.2019 таъсис ёфта, баъди ташкили ин муассиса зиёда аз 160 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ таъмин гаштанд. Баъдан, 7 ноябри соли 2021 дар шаҳри Норак филиалли ин муассиса кушода шуда, бештар аз 60 нафари дигар ба ҷои кори доимӣ ва шуғли касбӣ таъмин гардиданд. Роҳбарии ин муассисаро ҷавони соҳибкасб Ҳусейн Эмомов бар дӯш дорад.

 

Коллеҷи муосир дар музофот

Бинои муассиса аз асосаш сар карда, бо усулҳои сохтумонии муосир ба анҷом расонида шудааст. Дар ин бино 8 утоқи калони лексионӣ (дорои кондитсионерҳо, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва камераҳои назоратӣ оиди раванди дарс), 10 утоқи хурди лексионӣ, 10 утоқ барои дарсҳои амалӣ (таъмин аз муляж ва лавозимоти тиббӣ), утоқҳои муҷаҳҳаз барои фанҳои биология ва химия (барои гузаронидани реаксияҳои химиявӣ), 8 утоқ барои роҳбарият, утоқи ёрии тиббӣ бо мутахассис, утоқи дандонпизишкӣ бо табиби амалкунандаи коргари доимии муассиса, китобхонаи дорои зиёда аз 1030 ҷилд китоби тиббӣ -биологӣ, 1100 китоби электронӣ, 590 ҷилд китобҳои фаннӣ, 238 ҷилд китобҳои бадеӣ, 1888 ҷилд китобҳои омехта иборат аз фанни тиб, бадеӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, ки дар даврони шуравӣ чоп шудаанд, аз тарафи муассис ҷамъоварӣ карда шудааст.

Дар утоқи хониши китобхона 15 адад компютерҳои ба интернети бемаҳдуд пайваста барои донишҷӯён ройгон хизмат мерасонад. Барои фанни технологияи иттилоотӣ бошад, 2 синфхонаи иборат аз 30 компютер мавҷуд аст. Коллеҷ бо хобгоҳ, майдонҳои варзишии тобистона ва зимистона таъмин мебошад.

Дар коллеҷ 3 кафедра амал менамояд: кафераҳои ҷамъиятӣ ва таҳсилоти умумӣ, кафедраи тиббии биологӣ ва кафедраи асосҳои кори ҳамширагӣ. Дар натиҷаи фаъолияти ин кафедраҳо толибилмон дорои 6 ихтисос шуда метавонанд: кори табобатӣ, кори момадоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори тиббии ташхисӣ ва кори дандонсозӣ. Дар заминаи синфи 9 бошад 2 ихтисос амал менамояд: кори ҳамширагӣ  ва фармасевтӣ.

 

Саҳми ҷавонон ба ояндаи ояндадор

Зиёда аз 80 % омӯзгоронро ҷавонон ташкил медиҳанд.  Ҳарчанд аз давраи таъсиси коллеҷ муддати мадиде нагузашта бошад ҳам, аз ҷониби мутахассисони колеҷ китоб ва дастурамалҳои илмӣ навишта ва тасдиқу пешниҳод карда шудааст. Ба монанди китобҳои:

– “Кимиёи физикӣ ва коллоидӣ” аз тарафи Т.Холов, Ш.Шарипов ва С.Исоев;

–  “Курси лексия аз кимиёи биоорганикӣ барои донишҷуёни тиббӣ” аз тарафи Р.Раҳмонов, Ш.Шарипов ва Ҳ.Эмомов;

– “Экология “ аз тарафи Т.Холов.

Албатта саъю талош ва кӯшиши устодони ҷавони коллеҷ барои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия равона шудааст. Дар натиҷа ин муасиссаи тиббии таълимӣ дар байни 84 муассисаи миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои 3-юм гардида, бо мукофот ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

 

Аз дастовардҳо то муваффақиятҳо

Дар соли таҳсили 2022-2023 бошад, донишҷӯи коллеҷи мазкур Амонхуҷаева Самира, Саломова Аниса ва Муродов Ҳикматулло дар олимпиадаҳои фаннӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда буд, иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гашта, бо Дипломи дараҷаи I, Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Боиси хушнудист, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ҳар чанд вақт барои баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони тиб озмунҳои гуногун баргузор менамояд. Барои баҳогузорӣ мутахассисони варзидаи ин соҳа пешбарӣ карда мешаванд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои муайян намудани ҳамшира ва момадояи беҳтарин гузаронида шуд. Дар ин озмуни пурнуфуз донишҷӯёни коллеҷ – Баҳодурова Шамсия ва Сафарова Фотима иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва сипосномаҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гаштанд. Дар натиҷа муассиса дар байни муассисаҳои тиббии миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 4-умро ишғол намуд.

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Аз СССР: Бародарон Ҳасан ва Ҳусейн Эмомовҳо дугониканд. Ҳафтаи пор дар ҷамъияте унс, тағофулан мо бо ишон шинос шудем. Ҳар 2 хатмуттаҳсили Донишгоҳи тиббии Душанбе буда, ҷарроҳанд. Баъди шиносоӣ ва сӯҳбат бо ишон мо дарк кардем, ки воқеан ҳам онҳо меросбари содиқи Синоянд ва тибби Тоҷик бо ҷавононе пурҷаҳду талош чун Ҳасану Ҳусейн, ояндаи неку дурахшон дорад. Офаринашон!!!

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube