ҶОДУПАРАСТОН

Бар онам, ки чун парда холӣ кунам,

Дар ин парда ҷодухаёлӣ кунам,

Диламро ба зинҳор зеҳ барзадӣ,

Ба ҷодубаёнӣ гиреҳ барзадӣ

(Низомии Ганҷавӣ)

 

Бо нафаре огаҳ менишастам, ки гуфт:

– Дар арафаи маҷлиси ҳукуматӣ, ҳар моҳи январ, муллоҳои ҷодугар хеле ҳамён варам мекунонанд…

Тафсилот пурсидам. Нагуфт. Танҳо афзуд, ки дар ҷамъияти мо қариб ҳама ҷодупараст шудаву фикр доранд, бо ҷоду мешавад вазифа гирифт ва ё курсиро кафшер-сварка кард…

Воқеан ҳам хонандаи ман, бо аксарияти мардуми курсинишини сатҳи баланду поин, салому алейк намуда, оҳиста оринҷи китфашро бипалмос; Он ҷо ҳатман тумору таштобе зери курта, куртка, костюм, пидҷак ниҳон аст!

Ин чист? Тумор? Вале тумор ҳам ҷодуст!!! Таштоб ҳам ҷодуст. Амале, ки дар ҳама адёни олам, сар аз яҳудияву тарсоия то буддоияву ислом ҳаром аст! Вале мо онро дар оринҷи худ часпонда мегардем. Ҳатто дар Рамазон, дар моҳе, ки Худо куллияи шайотинро бастааст, мо тумору таштоб мебандем ва рамзи шайтонро бо худ мегардонем…

Ман мусалмони ҳанафӣ ва таоруфиям. Падари бузургворам мегуфтанд: «Ҳар нафаре пеши ҷодугар рафт, ҳатто барои рафъи ҷоду ва ё пеши фолбин шуд, барои дарёфти гумкардааш ё чизи дигар, занаш талоқ меафтад, зеро аз Ислом бадар мешавад!».

Зан ҳам рафт, дар никоҳаш халал мегузарад. Ин урфи мазҳабии мост, хонандаи гиром. Вале ҳоло чӣ?

Ба назар мерасад, ки халқи одӣ 1 сӯ, зумрае аз мақомдорони мо то ҳанӯз дар сар андешаи дақёнусӣ доранду мисли авом ба ҷоду сару кор. Зеро мо миллати ҷодупараст шудаем!!! Вақте ҳамин матлабро менавиштам, хушбахтона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади ахирашон, дар арафаи Рамазони муборакпайк, тариқи ТВ сари ҳамин моҷаро таваққуф карданд ва гуфтанд:

«Таълими ғайриқонунии динӣ боиси даст задан ба авомфиребӣ, фолбинию ҷодугарӣ, дигар кирдорҳои ношоиста, ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва дар ин замина расонидани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба шаҳрвандон низ мегардад. Ҳолатҳои ба табобати ғайриқонунии одамон машғул шудани рӯҳониёни алоҳида дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ошкор гардидаанд.

Масалан, сокини ноҳияи Шаҳринав Сатторов Саидмаҳдихон бо тахаллуси «Шайх Темур», ки қаблан 7 сол барои қаллобӣ аз озодӣ маҳрум шуда, аслан саводи динӣ надошт, худро ҳамчун олими дин муаррифӣ намуда, ба табобати ғайриқонунии динӣ, монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба фарзандон ва тамаъҷӯӣ даст зада, барои ин кирдорҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Кирдори аз ҳама нафратовар дар ин ҷода даст задани баъзе ба ном рӯҳониён, инчунин, имомхатибон ба амалҳои бадахлоқона бо истифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мебошад. Дар давраи солҳои 2016 2024 дар кишвар зиёда аз 50 ҳолати чунин ҷиноятҳо ошкор ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аслан ин гуна ҳолатҳо зиёданд, вале ман намегузорам, ки амалҳои бадахлоқонаи чунин шахсонро бо телевизион намоиш диҳанд.

 Пайғамбари ислом ба назди фолбину ҷодугар рафтанро қатъиян манъ карда, фармудааст: «Ҳар кас ба назди фолбин равад, то 40 рӯз намозаш қабул намешавад ва агар ба гуфтаи фолбин бовар кунад, аз имон хориҷ мешавад».

Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

09.03.2024,

ш. Душанбе

 Эй мардум! Эй мусалмонон!!! Шуморо Президенти кишваратон бо такя бар ҳадиси саҳеҳ, ҳушдор медиҳад, ки пеши ҷодугару фолбин наравед! А, шумо боз ҳам меравед…

Ва агар танҳо авомуннос, халқия ва ё худ мардуми бесаводу бечора мерафт, 1 дарде будӣ. Вазифадору сарватманду курсинишинон ҳам мераванд. Ва ман фикр мекунам, то ҳамин афродро боздошт кардаву расонаӣ намуда, ҷазо надиҳем, вазъ ислоҳ на-ме-ша-ваддд! Дуруст аст, ки инҳо пинҳонӣ мераванд пеши фолбину ҷодугар ва ё ишонро ниҳонӣ пеши худ металабанд. Вале мақомоти масъул тавони фош кардани аъмолашонро доранд-ку? Бовар кун, хонанда, то инҳоро мо ҷазо надиҳем, ҷодупарастӣ рушд мекунад, такмил меёбад, ҷомаи наву муосир ба бар менамояд…

Ҷодупарастӣ ҷамъиятҳоро варшикаста месозад, бебаракат менамояд ва бисёр хатари овезон сари мардуму миллат аст. Амалест, ки пайғамбари ислом ҳам маҳкум менамояду Худованд низ дар тамомии кутуби осмонияш, бо шумули Тавроту Инҷилу Қуръон. Дур намеравем барои мисол. Дар Аврупо ҷодугаронро дар асрҳои миёна куллан сӯзонданд! «Клиент»-ҳои ҷодугаронро ронданд. Ва олам гулистон шуд. Бинед Аврупо дар куҷо қарор дораду мо дар куҷоем…

Дар ҷамъияти мо марази ҷодупарастӣ аз курсидорон бар оила асар кардаст. Занҳои ишон барои бастану хунуку гармикунии шавҳарон мизоҷони ҳамешагии ҷодугарону фолбинон гардидаанд. Ҳоло мо сари занҳои 2-вуму 3–юм ҳарфе намезанем, ки барои онҳо аввал ҷодугар қарор дораду баъдан тақдири илоҳӣ!

Ва ин равуоҳо ба назди муллоҳои тилисмшикан бетаъсир намонда, ба оҳистагӣ, вале дилпурона онҳоро ифротӣ мекунанд. Кӣ, ким, кто намедонад, ки зану духтарони мансабдорон ифротӣ шудаанд?

Соате Сарвари давлат перомуни тағйиршавии фарҳанги либоси миллӣ бонги изтироб мезанад, аҳли байти вазифадорон намоишкорона бо сатру чодару бурқаву фаранҷӣ ва ҳамакнун ба ном «Кардиган» – у дар асл ҷомаи арабӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ҷилва мекунанд. Кӯр-ку нестем? Мебинем! Ва инро халқ ҳам мебинад, ки дар сухан дигарему дар амал дигар. Вақте 1 масъули баландмақоми Давлати дунявӣ, дар толор, зери суханҳои пандомези Сарвари давлат чак мезанаду занаш бо сатру ҳиҷобу кардиган ба маъракае деҳу ватани бобоӣ меравад, халқ чӣ фикр мекунад? То-та!!!

Дуализм набояд дар давлатдории мо бошад. Соате расида, ки Дугунагӣ консел шаваду Дугунаҳо аз ҳукумат ба қадри 1 тиррас дур! Расман бояд инҳо муҷозот ва тариқи ТВ намоиш дода шаванд, то бар дигарон дарси ибрат гардад.

Ба забони дигар, мо бояд ришҳои ботини худро тарошем! Риши фукро дар сари вазифа тарошидан ба маъние нест, ки дар дилҳои мо риши толибонаву риши наҳзатӣ реша надавондааст. Ин ришҳои дохилӣ басе бадтар аз ришҳои зоҳириянд. Зеро ришҳои зоҳирӣ ақаллан 1 рӯ доранд ва онро метавон тарошид, ё бо зӯр, ё бо зар ва ё бо роҳи фаҳмондадиҳӣ. Вале риши ботиниро ҳеҷ гоҳ тарошидан имкон надорад!!!

Ва ин ришҳои ботинӣ моли афродеанд, ки онҳоро «аҷноси фосид» гӯянд. Ва ин аҷнос ё худ ҷинсу матоъи фосид, яъне вайрону гандида, соҳиби хешро фосиқ мекунанд. Фосиқ касест, ки на бар Давлат, на бар Миллат, на бар Худо ва на бар Пайғамбар бовар надорад. Ва ин фосиқин хатарзоянд. Маҳз ана ҳамин аҷноси фосид ва афроди фосиқанд, ки дар давлати дунявӣ умр ба сар бурдаву сари мансабҳо паҳлу зада, такя бар таассуби исломӣ доранду дар асл, ба ҷоду боварашон бештар аз лутфу марҳамати Худовандист ва фикр доранд, мансабашонро бо кумаки ҷоду гирифтаанд, на хости Худо. Ва агар чунин нест, чаро ҷодупарастӣ мекунанд?

Зиёни ин афрод бар ҷамъият зиёд аст, зеро дастгоҳи аёниянд ва агар муҷозот нашаванд, ба атрофиён таъсир намекунад. Кӯдак, ки дид волидайн бо ҷоду сару кор дорад, магар нео-ҷодупараст намешавад? Мешавад! Ещё как мешавад!  Ман нагуфтаам, Мавлавӣ Ҷалолиддини Вахшӣ гуфтааст:

Суҳбати ошиқ туро ошиқ кунад,

Суҳбати фосиқ туро фосиқ кунад!!!

Сахт гуфтам? Хуб кардам:

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад,

Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад!

Рамазон муборак, хонандаи закӣ, ошиқи воқеии миллату давлати Тоҷикон, ҳанафии асил ва ҷодуқимоб.

Мо Метавонем!

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube