Чанд сол муқаддам шунида будам, ки дар шаҳри Хуҷанд, яке аз бузургтарин ва маъруфтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна, ифтихори на танҳо тоҷику Тоҷикистон, балки кулли порсизабонони олам нимпайкараи Абдуллло Раҳимбоев, яке аз ғаддортарин душманони миллати тоҷик дар асри ХХ, дар гулгаште ҳамроҳ бо фарзандони фарзонаи миллат мисли аллома Бобоҷон Ғафуров, муаллифи асари оламшумули «Тоҷикон», устод Раҳим Ҷалил, Ҷаббор Расулов ва дигарон гузошта шудааст. Росташро гӯям он давра аҷабам омада буд ва андеша мекардам, ки ин хабар дурӯғ ҳаст. Шумо бубинед маълум мешавад, ки хабари шунидаам ҳақиқат доштааст! Ин аъмоли нухбагони даст ба ин кор зада боиси нигарони сахти ман гаштааст.
Андеша накуст
Ба андешаи банда касе, ки дар бораи фалокатҳои азими ба сари миллати тоҷик овардаи ин сифлаи давраи ҳассоси таърихи тақсимоти марзӣ-миллии Осиёи Миёна, ки бо мусиқаи «мутантан»-и душманони миллати тоҷик, ҷараёнҳои пантуркистии давр ва дастгирии онҳо аз ҷониби қишри муайяни фирқаи болшевикӣ аз Москва дар мисоли Бухарин, Зеленский ва бархе аз гурӯҳҳои яҳудӣ ва славянӣ бар асари бахилию ҳасудияшон аз таърихи бузурги ин миллат, бо ҳамтоёни дигараш мисли Файзулло Хоҷаев, Абдурауфи Фитрат (баъзеҳо имрӯз мехоҳанд Фитрат-душмани ашадии миллати тоҷикро сафед кунанд), вале «зангӣ» бо шустан ҳаргиз сафед нахоҳад шуд. Чунин сафедкунӣ аз ҷониби аҳли «зиёи тоҷик» ҳамчунин нисбати душмани дигари миллати тоҷик Файзулло Хоҷаев, ки бархе аз адибонамон мехостанд дар борааш роман бо ҳолномаи мусбат дар ибтидои солҳои 70-уми асри пор нависанд ва бо муҷарради шунидани чунин хабарҳо оид ба романнависон, устод Бобоҷон Ғафуров онҳоро аз навиштани чунин асарҳои бадеӣ бо як эҳсоси ниҳоят баланди миллатпарастӣ ва то андозае ғазаболуд боздошта буд, низ дар замонаш ҷой доштанд.
Боварнокарданист
Дар кадом асос, дар Тоҷикистони соҳибихтиёр, ки яке аз ғояҳои меҳвариии миллияш ин худшиносии миллист ва сари ин ғоя таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешравиҳои фавқулодда дар роҳи сохтани давлати миллӣ низ дорем, ҳайкали чунин «сифлаи таърих» (ба ин «предмет» ва ё «махлуқи зиндаи дар замонаш ҳаракаткунанда» аз ин ном болотар чизи мувофиқеро ёфтан номумкин аст) дар яке аз бузургшаҳрҳои Тоҷикистони азиз боз нимпайкара гузошта мешавад?!
Ин аъмол комилан нодуруст ва нобахшиданист. Ин амал мазҳака ва таҳқири миллионҳо тоҷик аст, на чизи дигар. Ин шахсон ҳамоне ҳастанд, ки дар генотсиди маънавии миллати тоҷик (маънаван бо маъни забону фарҳанг ва зӯрану бо роҳи фишор ба гурӯҳи дигар миллат дохил намудани миллат, бе қатлу куштор ин худ ҷинояти садфоизаи генотсид тариқи истифодаи маъни забону фарҳанги ин миллат аст).
Бароям хело дардовар ва нофаҳмост, бархе аз мардум боз шарм надошта дар бораи бе ҳукми суд ғайриимкон будани кандани нимпайкараи ин наҷисро ба миён гузоштаанд. Бархе аз дигарон бошанд райъпурсӣ талаб мекунанд. Киҳоянд ин ашхос? Оё ин ашхос заррае хуни тоҷикӣ доранд магар?! Онҳо бо асарҳои устодон Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ «Сарнавишти тоҷикон ва пантуркизм», асарҳои академик Раҳим Масов «Таърихи табартақсими миллати тоҷик», «Таърихи комилан махфӣ» ва навиштаҳои даҳҳо нафар олимону зиёиёни миллат шинос нестанд магар?! Оё ҳамин шахс набуд, ки дар роҳи инкори миллати тоҷик ва пайдо нашудани ҳатто ҷумҳурии мухтори тоҷикнишин пофишорӣ мекард?! Ташаккур ба намояндагони миллати қазоқ ва дигарон бояд гуфт, ки онҳо қадре ҳам бошад тоҷикро дастгирӣ карданд на Раҳимбоеву дигар ҳамтоёни сифлааш. Фаромӯш набояд кард, ки ин сифлаи таърихи пурфоҷиаи миллати тоҷик баъдан гӯё хатогияшро фаҳмида «шиноснома бо қайди «тоҷик»-ро гирифта буд!
Дар як лаҳза роҳбарони кишвар Нусратулло Махсум, Ҳоҷибоев ва дигарон, ки барои таъсисёбии ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонбозиҳо намуда буданд, аз вазифа озоду ин душмани миллати тоҷик ба вазифаи олии Раиси Комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон такя зад. Ин кор тасодуфӣ набуд…
Ширинрӯй
Мақсад шикастану рехтани ин миллат ва ҷумҳурияш ва дур нигоҳ доштани ӯ аз ғояҳои худшиносии миллӣ буд на чизи дигар. Аз тарафи Абдулло Раҳимбоев баъдан дар ҳукумати вақти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарони ғайритоҷики русу озариву яҳудиву дигар миллатҳои туркию аврупоӣ интригаву гурӯҳбозиҳои зиёде то солҳои наҳси 1937 ва баъди он давом кард! Ҷони садҳо нафар фарзадони бузурги миллатро ана ҳамин гурӯҳҳо гирифтанд! Раҳимбоев ҳамонест, ки ба қавле худро «ширин» карда, дар замонаш ба Кремл нома навиштаву яке аз роҳбарони Тоҷикистон, Шириншо Шоҳтемурро бо он айбдор карданӣ мешуд, ки ин шахс миллатчии буржуазист ва гӯёй дар вақташ зидди ивази номи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душабе ба номи доҳии халқи шуравӣ Сталин будааст. Дар ҳақиқат инҷо Раҳимбоев дуруст гуфтааст ва дар вақташ Шириншо Шоҳтемур зидди ивази номи Душанбе ба номи Сталинобод буд ва инро бо он асонок карданӣ мешуд, ки пойтахтҳои ҷумҳуриҳои миллӣ мисли Ашқобод, Боку, Тифлис, Киев, Алмаато, Тошкент номҳои миллии ҳамон миллату ҷумҳуриҳо ҳастанд. Аммо факт он аст, ки вай аз болои Шириншо Шотемур, Қаҳрамони миллии имрӯзаи Тоҷикистон «донос» навишта буд…
Хоин
Магар ин ҳамон Раҳимбоеве нест, ки роҳбари вақти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров соли 1947 ҳангоми вохӯрӣ ва суҳбаташ дар Кремл бо Сталин ва Жданов, Иосиф Сталин иброз дошта буд, ки шахсе бо номи Абдулло Раҳимбоев дар доираҳои Кремл зӯр мезад исбот кунад, ки дар Осиёи Миёна миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад?!!!!!!!!
Оё барои исботи хоинию душмании ин сифлаю манҳуси таърихи пурфоҷиаи миллати мо ҳамин далелҳо басанда нестанд магар? Ин чӣ масхарабозист бародарони ҳаммилат ва дигарон фарзандони содиқи Ватан! Магар мешавад Абдулло Раҳимбоевро бо Спитамен, Темурмалик, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов……. дар як саф гузошт.
Барои дидаю дониста гузоштани нимпайкараи хоин ва душмани ашадии миллати тоҷик, ки аслан ин амал таҳқири 45 миллион тоҷики ҷаҳон низ аст, масъулони ин пайкарагузорӣ ҷавобгаранд!
Хуҷандиёни азизи ман!
Ин шаҳри зебо ва Тирози ҷаҳон, барои миллати тоҷик, кулли порсизабонон ва башарият ҳазорон фарзанди арзандаро зодаву тарбият намудааст ва ин шаҳри бузург ва марвориди Тоҷикистони азиз ниёз ба чунин ному нимпайкара мисли «Абдулло Раҳимбоев» надошту надорад.
Умед мебандам, ки шаҳри бостонии Хуҷанд ба нимпайкараи сифлаи таърихи пурфоҷиаи миллати мо дар соли 1924 ниёз нахоҳад дошт.
Варқаи Зайниддин,
узви ИЖ ҶТ,
ҳуқуқшинос,
махсус барои СССР
