ҶУЗЪИЁТИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ АЗ ҚАВЛИ ШЕРМУҲАММАД ШОҲИЁН

15.02.2024. Ахиран Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон ҷузъиёти рабудан ва куштори бераҳмонаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Раиси Раёсати «Ориёнбонк»-ро дар тобистони соли гузашта шарҳ дод. Мавсуф дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш гуфт, ки дар доираи парвандаи Шуҳрат Исматуллоев 14 нафар дар курсии айбдоркунӣ нишастаанд ва парванда сирри махфӣ надорад.

Тавре Шермуҳаммад Шоҳиён мегӯяд, аз рӯи маълумоти мақомоти тафтишоти пешакӣ, қатли Шуҳрат Исматуллоев ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон (Қамар) Азизов, бародарбузурги додарон Азизовҳои ансамбли «Анис» рабт дорад.

 

Шарики тиҷоратӣ…

Қамаруззамон Азизов соли 2017 ҶДММ “Иқбол 2017”-ро ба қайд гирифта, 4-уми августи соли 2019 иҷозаи сохтмони бинои баландошёна дар кӯчаи Пушкин 46-и шаҳри Душанберо ба даст гирифтааст. Барои сохтани ин бино Шуҳрат Исматуллоев ҳамчун шарики тиҷоратӣ марҳила ба марҳила 2 миллиону 662 ҳазор доллар (26 миллиону 649 ҳазор сомонӣ) сармоягузорӣ кардааст.

Шуҳрат Исматуллоев 9-уми январи соли 2022 бо бастани шартнома миёни намояндааш Шуҳрат Акбаров ва писари Қамаруззамон Азизов – Азизов В. дар бораи ройгон гузоштани ҳисса дар ҶДММ “Иқбол 2017”, 70 дарсади сармояи оинномавии ширкати мазкурро соҳиб шудааст. Баъди анҷоми сохтмони бино ва ба фурӯш гузоштани мағозаву манзилҳои истиқоматӣ 54 млн сомонӣ бояд ба Шуҳрат Исматуллоев дода мешуд.

Қамаруззамон Азизов дар 1 вохӯрӣ ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад. Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, бо тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷоният Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад.

 

«Сняряжение» аз Маскав, симкорт ба номи ҷӯгиҳо

Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2021 Дилшод Саидмурод ҳамроҳ бо Ахмедов (хакери хуҷандӣ) барои таъмини гӯрӯҳи муташаккил бо таҷҳизоти зарурӣ ба шаҳри Маскави Русия рафта, 5 ҷуфт либоси махсуси низомӣ, силоҳи пневманикии тамғаҳои Калашников ва макаров, дрон, мавҷпахшкунак, электрошокер, дурбин, лазер, чӯбдаст, ниқоб ва 6 адад рақамҳои қайди давлатии қалбакиро ба маблағи 123 ҳазор рубл (18 ҳазору 500 сомонӣ) харидорӣ карда, ба воситаи ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу маҳсулот, ба Тоҷикистон ворид менамояд. Барои изи ҷинояти худро нагузоштан, Бойтуров ба номи оворагардону лӯлитаборони вилояти Хатлон симкортҳои мобилӣ харидорӣ карда, минбаъд танҳо аз ин рақамҳо истифода кардаанд.

Шоми 23-юми июни соли 2023 бошад, соати 20:05 дақиқа дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоевро зӯран ба автомашина савор намуда, ба деҳаи Шодоб 1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб мебаранд.

 

Биткоин буд ё набуд?

Баъд аз ин, ҷабрдидаро либосҳояшро кашида, ба курсии қаблан тайёрнамуда шинонида, ба дасту пои Исматуллоев завлона мезананд. Сипас, бо шиканҷа додан, рамзҳои махсуси ҳамёнҳои криптовалюта доштаи телефони бонкдори тоҷикро гирифта, тафтиш мекунанд, аммо дар он маблағ пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, такрор ба такрор барои муайян кардани ҳамёнҳои дигар ва маблағи нақдиаш, бо истифода аз лазер ва автофен бадани бонкдорро сӯзонида, бо қувваи барқи электрошоккер ӯро шиканҷа мекунанд.

Пас аз пайдо накардани маблағ, бо супориши Қамаруззамон Азизов ин гурӯҳ узвҳои ҳаётан муҳими Шуҳрат Исматуллоевро сӯзонида, ӯро ба қатл мерасонанд. Рустам Ашӯров, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хоҷаев ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба бағоҷи мошин бор карда, онро дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарёи Зарафшон мепартоянд.

 

Фирор, куштор ва ҳабс

Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30-уми июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намуданд.

Баъди иҷро шудани нақша, Дилшод Саидмурод ба Рустам Ашуров, Бахтовар Сафаров ва Хӯҷаев 1 ҳазору 500 доллар ва ба Ахмедов 1 ҳазору 100 доллар, ки аз ҷайби Исматуллоев тасарруф карда буданд, дода, супориш медиҳад, ки ҳудуди Тоҷикистонро тарк намоянд ва ӯ баъдан ба онҳо ба алоқа баромада, ҳиссаи ваъдакардаашро медиҳад.

Рустам Ашӯров рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, 2 афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва бистарии беморхона шуд. Барои таҳқиқи ҳодиса ба Кишиноёв чанд корманди мақомоти Тоҷикистон сафар карданд, аммо Рустам Ашуров ба худ наомада, ҷон дод.

Ҳоло нисбати Қамаруззамон Азизов, Дилшод Саидмурод, Акбар Ахмедов, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хӯҷаев бо моддаҳои 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ) ва 249 (роҳзанӣ) айб эълон карда шудааст. Очилдиев, Шарифзода, Мақсудов, Шарипов, Ашуров Рустам, Ахмедов Акбар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидов барои ҳамкорӣ бо гуруҳи муташаккили ҷиноӣ айбдор мешаванд.

Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев пас аз қариб 2 моҳи ҷустуҷӯ, 13-уми августи соли 2023, аз дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми шаҳри Панҷакент пайдо ва 30-юми август дар масҷиди “Сари осиё”-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube