ХАЛИФА ВА ДОМУЛЛОҲО ИМТИҲОН СУПОРАНД!!!

Мо фидоиёни Ватан аз ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост менамоем, ки дар бораи халифаҳо, муллоҳо ва дигар таблиғгарони дин, қонуни навро қабул кунанд. Пешниҳоди мо дар бораи қонуни мазкур чунин аст:

Ҳар 1 халифа ё имомхатиб бояд қабл аз ҳама забони давлатиро хуб донад. Ва пеш аз таъин шудан ба вазифаи мазкур бояд аз ӯ диктант гирифта шавад!

Ҳар 1 халифа ё имомхатиб вазифадор бояд бошад, ки китобҳои Пешвои муаззами миллатро пурра хонад ва имтиҳон супорад.  Зеро китобҳои навишташудаи Пешвои миллат воқеан ҳам ба миллат ва ҷомеа чун обу ҳаво лозим ҳастанд.

Ҳар 1 халифа ё имомхатиб бояд Шоҳномаи Фирдавсиро хонда бошад. Ва дар масҷиду ҷамоатхона аз қаҳрамониҳои Рустам, Судобаву Гурдофарид ва дигар шахсони бо нангу ори Шоҳнома сухан гӯяд.

Ҳар 1 халифа ё имомхатиб бояд дар баробари донистани оёти Қуръон, Конститутсияи Тоҷикистонро низ бо тамоми моддаҳояш хуб донад.

Ҳар 1 халифа ё имомхатиб бояд китоби Тоҷикони Бобоҷон Ғафуровро хонад ва имтиҳон супорад.

Ҳар 1 халифа ё имомхатиб дар маъракаҳо ё дар масҷиду ҷамоатхона бояд тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бошад. Бузургтарин ганҷ дар дини ислом сулҳ аст. Пешвои миллат барои миллати мо сулҳ овард.

Ҳар 1 халифа ё имомхатиб бояд маълумоти олӣ дошта бошад ва аз фанҳои дақиқ низ воқиф бошад. Зарбро азёд бояд бидонад. Секунҷаро аз чоркунҷа, ҳодисаҳои табииро аз “охирзамон” фарқ кардан тавонад. Вопасгаро набояд бошад. Ватансоз бошад. Масоҳату аҳолӣ ва рӯйхати тамоми ноҳияҳои Тоҷикистонро бояд бидонад. Суруди миллиро низ аз ёд кунад.

Ҳар 1 халифа ё имомхатиб агар аз ӯҳдаи талаботҳои дар боло зикргардида баромадан натавонад, бояд аз вазифаи диниаш сабукдӯш карда шавад.

 

Хатмулҷамъ

Агар халифаҳо ва имомхатибон зери назорат набошанд, инҳо низ рӯзе мисли толибон ва пайравони ИГИЛ мағзи ҷомеаро хароб карда, ба сари қудрат омадан мехоҳанд.

Ҳоло дер нашудаст. Набояд иҷозат диҳем, ки мулло ё халифа дар ватани аҷдоии ориёии мо ба таблиғи фарҳанги бегона машғул бошад. Инҳо аз обу хоки Тоҷикистон баҳра мебаранд, ризқу рӯзиашонро дар Тоҷикистон пайдо мекунанд, пас бояд таблиғоташон ҳам тоҷикона бошад, на арабона.

Ҳоло вақт аст.  Мағзҳои инҳоро аз ақидаҳои бегона шустан лозим. Вагарна онҳо дар оянда метавонанд бо бесаводии худ барои ҷомеъаи тоҷикии мо хатари бузург эъҷод намоянд!

Давлати миллӣ ба мубаллиғини миллӣ ниёз дорад, на ба таблиғгарони бегонапараст!

 

Бо эҳтиром Муҳаммадзодаи Бадахшонӣ,

фидоии Ватан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube