Хатлон: вақте командаи технократи ҳирфаӣ амал мекунад…

Корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯз аз рӯз вусъати наву тоза гирифта, кор дар тамомии 25 шаҳру ноҳияи вилоят бомаром идома дорад. Аз он ҷумла, навсозии роҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон чун дигар шаҳру ноҳияҳо такони нав гирифта, чанде пеш зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои мумфаршкунӣ дар деҳаи Хонаободи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб шинос гардиданд.

Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни сафар аз омодагии бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, корхонаи истеҳсоли ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ (филтрҳо) ҶДММ “Тоҷик-Алмос” дидан намуданд.

 Дар бораи рушду пешрафти шаҳри Кӯлоб чанде пеш мухбирони газетаи мардуми 1 репортаж омода карда буданд, ҳоло тасмим гирифтем дар бораи тараққиёти бесобиқаи вилояти Хатлон, калонтарин вилояти аграрии кишвар, ки рӯз аз рӯз бештар шукуфоӣ дорад, бароятон бештар маълумот диҳем. Мусаллам аст, ки командаи маъмурияти вилоят бо роҳбарии менеҷер ва технократи ҳирфаӣ Давлаталӣ Саид пайваста талош доранд, ҳаёти рӯзмарраи мардум низ тадриҷан беҳтару хубтар гардад. Мо метавонем!

Афзоиши андоз

– Нақшаи қисми даромади буҷети вилоят бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,2 % таъмин гардида, ба буҷет 1 млрд. 563,3 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024–ум 267,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Молия

– Ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2 млрд. 161 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки аз он 1 млрд. 982,3 млн. сомонӣ ё ин, ки 91,7%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

40 лоиҳаи сармоягузорӣ

– Дар вилоят 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 859 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, ба вилоят ба ҳолати 1 апрели соли 2025 2,6 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст.

Афзоиши савдои хориҷӣ

– Дар нисолаи аввали соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 млн. доллари амрикоӣ баробар гардид, ки аз он 82,3 миллион доллар ё 39% содирот ва 128 миллион доллар ё 61% воридоти молу маҳсулот мебошад.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

– Ба ҳолати 1 июни соли 2025 дар вилоят 32.431 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла аз ҳисоби шахсони воқеӣ 30.895 ва аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 1536 ҷойи кор.

 Кишоварзӣ

– Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят 14 млрд. 69 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 110,4 фоиз расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Хотиррас мешавем, ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 59 фоизро ташкил медиҳад!!!

Саноат

Дар 6 моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5 млрд. 627,8 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 634,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад! Дар 6 моҳи соли 2025-ум 42 адад корхона ва коргоҳҳои саноатии нав таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар вилоят ба 810 адад расид.

Сохтмон

Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон дар ҳаҷми 1,6 млрд. сомонӣ маблағҳо равона гардид, аз ҷумла, аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 348,8 млн. сомонӣ, ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд 137,2 млн. сомонӣ, соҳибкорон 317,1 млн. сомонӣ, аҳолӣ 68,5 млн. сомонӣ ва сармояи хориҷӣ 717,2 млн. сомонӣ. Дар ин давра корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 1 млрд. 380 млн. сомонӣ иҷро шуда, дар масоҳати 116,4 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

5479 иншооти ҷашнӣ тайёр!

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар вилоят аз 6260 адад иншооти ҷашнии банақшагирифташуда 5479 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки 87,5 фоизи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи маълумоти оморӣ 26 адад иншооти соҳаи маориф – дорои 206 синфхона барои 5217 ҷойи нишаст дар 1 баст (дар 2 баст 10434 ҷойи нишаст) сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони зиёда аз 118  мактаб иборат аз 1157 адад синфхона бо фарогирии 28.925 ҷойи нишаст дар 1 баст (дар 2 баст 57850 ҷойи нишаст) идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 30 адад муассисаҳои томактабӣ бо маром идома доранд (Данғара 8 адад, Шаҳритуз 3, Восеъ, Қубодиён, Бохтар, Кӯлоб, Ҳамадонӣ 2 ададӣ, Левакант, Ҷайҳун, Ш. Шоҳин, Ховалинг, Дустӣ, Балхӣ, Панҷ, Ёвон ва Н. Хусрав 1 ададӣ).

Дар соҳаи тандурустӣ бошад, тибқи маълумоти оморӣ дар шаш моҳи соли равон 11 муассиса (3 беморхона ва 8 дармонгоҳ) сохта ба истифода дода шудааст.

Роҳ

Дар ҳудуди вилоят 1420 километр роҳҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, 103,4 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 956 километр таъмири ҷорӣ, 360 километр сангфарш ва 82 адад пулу қубурҳо таъмиру азнавсозӣ шуданд.

Нигориши Ҷ. Ҳусейн,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube