1. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 685 аъзо дорад, ки аз ин шумора 97 нафарашон бонувон ва боқӣ 588 тан мардонанд.
2. Дар Иттифоқ 42 нафар адибон русизабонанд, баъзе аз онҳо ба ду забон асар иншо мекунанд.
3. Дар Иттифоқ 26 нафар адибони ӯзбекизабон дорем.
4. 2 тан нависандаи қирғизизабон дорем: Абдуҳаким Каримов ва Майрамбек Тойчӣ.
5. 1 нафар узви ИН бону Лия Франк олмонизабон аст, дақиқтараш, мутарҷими асарҳо ба забони олмонист.
6. Як адиби ҷавон Иброҳим Дӯсталӣ мутарҷими адабиёти бадеӣ ба забони чинист.
7. Иттифоқи нависандагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи аъзояш 4 нафар шаҳид додааст: Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода ва Абдушукур Пирмуҳаммадзода.
8. 5 нафар (ё шояд бештар аз он) адибон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанианд: Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Мустафо Шарқӣ, Маҳмуд Тӯлқун, Александр Усенко.
9. 4 нафар аъзои Иттифоқ ба шумули адибон Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Алӣ Хуш, Рашид Абдулло ва Саъдулло Рабеъӣ дар солҳои 30-юми садаи XX мавриди таъқиб қарор гирифта кушта шудаанд.
10. Устодон Ҷалол Икромӣ ва Раҳим Ҳошим дар солҳои 30 – юми садаи XX мавриди таъқиб қарор гирифта муҳлатҳои гуногуни маҳбусиро аз сар гузарондаанд.
11. Бузургсолтарин аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода (1875 – 1945) ва Аҳмадҷон Ҳамдӣ (1875 – 1946) мебошанд.
12. Алҳол ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагон Бузургмеҳри Ҳаким аст (с. тав. 1999).
13. Дар таърихи беш аз 90-солаи Иттифоқи нависандагон дарозумртарин узви он алҳол шодравон устод Баҳром Сирус (1885 – 1981) аст.
14. Доротарин деҳа аз адибони дорои унвони «Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон» деҳаи Урметани н. Айнист, ки се Шоири халқӣ дорад: устодон Қутбӣ Киром, Доро Наҷот ва Озарахш.
15. Доротарин хонадон аз адибони узви Иттифоқи нависандагон хонадони Шоири халқии Тоҷикистон устод Ашӯр Сафар аст, ки ба ҷуз худи устод ду писарашон Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар ва шоир Файзи Ашур аъзои Иттифоқанд.
16. Дар таърихи беш аз 90 соли мавҷудияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар байни 9 нафар раисони вақти Иттифоқ устод Мирзо Турсунзода ягона шахсест, ки ба ниҳоди мазкур ду давра, солҳои 1939 – 1944 ва 1946 – 1977 дар ҳудуди 35 сол роҳбарӣ кардаанд.
17. Дар таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ ягона адибе ҳастанд, ки соли 1965 бо пешниҳоди раиси вақти Иттифоқ устод Мирзо Турсунзода ҳамчун адиби ҷавони ҳанӯз китобе надошта ба хотири шеърҳои дар матбуот чопкардаашон ба узвияти Иттифоқ пазируфта шудаанд.
Мирзо Кенҷаев,
Шоири Тоҷики маскуни ФР
