Чаро дар Хатлон ишғоли ғайриқонунии замин 2900 ададро ташкил медиҳад?!
Дар Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат ба ҳисоб меравад. Ин маънои онро дорад, ки ҳама заминҳо таҳти назорати давлат қарор доранд ва истифодаи онҳо бо иҷозати давлат сурат мегирад. Давлат истифодаи самараноки заминро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 932 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар масоҳати умумии 1109,56 гектар ошкор карда шудааст. Ҳамин нуқтаро раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ёдовар гардид. Мавсуф аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳарчанд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти худсарона ва ғайриқонунӣ ишғол кардани заминҳо пурзӯр бошад ҳам, аммо мушоҳида ва такя ба арқом бозгӯйи онанд, ки ҳоло ҳам дар ин самт вазъ боиси нигаронист. Мо бошем ба рақамҳои муътамад бовар намуда, аз ғайриқонунӣ поймол намудани ҳуқуқи истифодабарии замин дар якчанд шаҳру ноҳияи минтақа огаҳ шудем.
Дар марказ чӣ гап?
Мо борҳо шунидаем, ки дар шаҳри Бохтар заминҳоро соҳибкорон бо мақсади бунёди биноҳо баландошёна харида, баъдан дар пардохти андоз саркашӣ мекунанд ва ё қарздор мемонанд.
Аммо тавре Сафармаҳмад Раҳимзода гуфт, имрӯз ин вазъ на танҳо дар шаҳр, балки дар дигар манотиқ низ чашмрас буда, аксарият ҳолатҳо ҷаримаҳо ба суратҳисоби Кумитаи идораи замин ворид карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин қонуншиканиҳо 2 ҳазору 632 протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 1 миллиону 485 ҳазору 676 сомонӣ ҷарима таъин шудааст. Аз ин ҳисоб 1 миллиону 177 ҳазору 77 сомонӣ, ё худ 79 фоизи ҷаримаҳо, ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои шаҳру ноҳияҳо ворид гардид.
Дар навоҳӣ чӣ ҳол?
Аз тарафи Кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстӣ 65 адад қонунвайронкуниҳо дар майдони 11,21 гектар ошкор карда шуда, нисбати қонунвайронкунандагони замин протокол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима 38502 сомониро ташкил намуда, аз ин маблағ 28375 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи идораи замин бозпас гардонида шудааст.
Ҳамчунин аз ҳисоби ҷаримаҳои моҳҳои гузашта, 22 ҳазору 566 сомонӣ ба буҷет пардохт шудааст. Маълумот пайдо кардем, ки бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳои нав дар соҳаи замин, дар шашмоҳаи ҳисоботӣ 248 ҳолати эҳтимолии вайронкунии қонун сари вақт дар маҳал пешгирӣ гардида, бо додани дастурҳои нозирони давлатӣ бартараф карда шуданд. Дар ин давра 231 парванда ба мақомоти прокуратура барои додани баҳои ҳуқуқӣ ирсол шудааст.
Прокуратура чӣ мегуяд?
Тавре иттилоъ гирифтем, дар самти назорати иҷрои қонунгузориҳои замин 107 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо 4377 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ба унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 1877 санади прокурорӣ бароварда, 2172 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд, 312 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамзамон бо санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи зарар 1,2 млн сомонӣ барқарор карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1645,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Заминдуздон ҷазо мегиранд?
С. Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 2384 қонуншикании замин дар масоҳати умумии 858,39 гектар бартараф гардид ва нисбати заминдуздон чораҳои зарурӣ андешида шуд.
– Дар шашмоҳаи аввали сол 338 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин дар масоҳати умумии 26,82 гектар сабт шудааст, – таъкид дошт Сафармаҳмад Раҳимзода.
Тавре ӯ гуфт, 219 ҳолат бо масоҳати 16,97 гектар бартараф гардида, қитъаҳои ишғолшуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд. Ба гуфтаи сардори Кумитаи идораи замини вилоят дар ин давра аз тарафи мақомоти замини шаҳру ноҳияҳо 10 қарори ғайриқонунӣ ошкор гардида, 7 адади он дар масоҳати 0,42 гектар бекор карда шуд.
Қарорҳои ғайриқонунӣ ошкор мешаванд?!
Манбаъҳо бар он ишора доранд, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 10 адад қарорҳои ғайриқонунӣ, аз он 7 адад қарорҳои ғайриқонунӣ ошкоргардида дар майдони 0,42 гектар бартараф карда шудаст.
Заминхарон зиёданд
Чуноне масъулони Кумитаи идораи замини вилоят изҳор медоранд, танҳо дар 6-моҳаи аввали сол 22246 адад мактубу дархост ва аризаҳо аз ҷумла 6534 мактуби ташкилоту муассисаҳо ва 15703 адад дархости шаҳрвандон ворид гардидааст.
Мо аксар маврид мешунавем, одамон шикоят мекунанд, ки чандин сол пеш барои гирифтани замин ариза навиштаанду то ҳол ҷавоби мусбати он ба дасташон намерасидааст. Ва ё бо надоштани ба масале «Таға» касе наметавонад соҳиби замин гардад. Лек ба ин паҳлуи масъала кормандони Кумитаи идораи замини вилоят посух доданд, ки аз рақамҳои аризадиҳандагоне, ки дар боло овардем, аз ин миқдор ба 6153 адад мактуб ва 15387 арзу дархост дар асоси Кодекси замин ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба замин ҷавобҳои қаноатбахш ирсол карда шуда, боқимонда 390 адад мактуб ва 316 адад аризаҳои воридгардида дар истеҳсолоти Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят қарор доранд.
Замин моликияти давлат аст!
Коршиносон бар ақидаанд, ки ягон ҷиноят бе ҷазо намемонад, чунки нафаре, ғайриқонунӣ ба тасарруфи замин, ки моликияти истисноии давлат аст, машғул мешавад, ҳатман чораҷӯӣ мегардад. Даъвои заминҳои авлодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825).
Дар бораи гуфтаҳои боло байни халқ ҳар гуна даъво ҳам сар мезанад, ки замини бобоӣ ва ё меросию авлодӣ буданашон ҳангома ба бор меорад. Ба самъи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонем, ки замин моли падари ману шумо нест, вале мо метавонем аз ин замин истифода барем, албатта дар доираи қонун. Қонуне, ки сареҳатан мегӯяд:
– Ҳеҷ кас, ба ғайр аз асосҳои дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин маҳрум карда намешавад (Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012 № 891).
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
