28.08.2025. Ӯ аслан бовар надошт, ки замоне, баъди сараш, олами журналистикаи тоҷик, ки ҳомиву ҳодияш ӯ будӣ, фаромӯшаш мекунад. Вале мо кардем. Бар боварам, замоне Акбар бармегардад ва мо тоҷикакони фаромӯшӣ, чун юнониҳои соли 1193 то мелод, ки мегуфтанд, “Мо дар замони Гектар ва Ахиллес ба сар бурдаем!”, пеши наслҳои баъдӣ ифтихор хоҳем кард, ки:
-Мо ҳамасри Акбари Бузург будем…
Шояд он замон каме шарм кунем. Ақаллан назди виждони худ…
Акбари Бузург
Баъди сари Акбар бо талошу даводави барзиёд редаксияи газетаи мардумии СССР китоберо бо номи “Акбари Бузург” нашр кард. Аз дӯстону ҳамкорону ҳамтоён бо зораву зӯриву зар хотироташонро “рӯёнидем”. Зеро зумрае аз журналистони фаромушӣ, “вақт надоштанд”, ёддошти худро нависанду Акбарро ба некӣ ёд кунанд. Мо пофишорона ун китобро гирдовар кардем. Сипос бар Исмоилов Ёқуб Боронович-директори КТН Шарқи Озод, ки масъулияти нашрро бар дӯш гирифт. Ва чанд сол пас дар бораи ин китоб журналисти тавонои дигаре навишт, ки он, яъне китоби “Акбари Бузург” бо талошу кӯшиши шодихӯрдагону шогирдони марҳум нашр шудааст. 1 ҳарф дар бораи СССР, Ёқуб Исмоилов ва колективи кори редаксияи газетаи мардумӣ – Ҷамила Ҳусейнова, Идибек Маҳмудҷонов, Умари Шерхон, Омирона Достиева, Шаҳрзоди Амин – масъулини нашр набуд…
Акбари Саттор аз ошноӣ то ҷӯрагӣ
Ӯ 2 зодрӯз дошт. 10.02.1965. Расмӣ! Ва 16.04.1965. Воқеӣ. Модараш мегуфт, Акбар дар нимаи баҳор, яъне апрел таваллуд шудааст. 2 бор зодрӯзашро ҷашн мегирифт. Зеро бисёр мехост, баҳонае ёфт шаваду дӯстонро сари 1 хон гирд оварад. Аз Питер то Душанбе мо дар ин 2 рӯз таваллуди ӯро ҷашн мегирифтем. Вақте бори нахуст ба Ленинград омадам, маро Равшани Махсумзод-нависандаи тавонои Тоҷик ва Абдухолиқ Давлатов-журналисти муваффақи газетаи “Тоҷикистони Советӣ” пешвоз гирифтаву ба хонаи 1503 оварданд. Ин хона, баъдан фаҳмидам, ки Штаб-квартираи Тоҷикони Санкт – Петербург будааст. Зеро дар он Акбари Саттор мезисту ин хона дар надошт! Ҳар касе Петербург меомад, кофта-кофта ин хонаи бе қуфлу калидро меёфт. Акбар он рӯз дер омад (аслан барвақт хона намеомад). Дар тамрин будааст. Зиёд спортсмен буду баъдан шӯхӣ мекард, ки акнун ману ту спиртсмен шудаем…
Лутфи Акбар
Ба таъбири худаш бисёр “сағераи шӯх” буд. Дар ҳама ҳолат латифае мебофту аз вазъ мебаромад. Боре дар шабу рӯзи майдоннишиниҳо, ки вазъ басе буғранҷ мегардиду наҳзатиҳо роҳпаймоӣ мекарданду кишвар ба коми ҷанг меғелиду мо-журналистони ҷавон, сархаму малул пеши Главпочтамт нишаста будем, устод Валӣ Самад пайдо шудаву пурсиданд, ки мабодо Камол Айниро надидаем?
-Мо дина бо он кас вохӯрӣ таъин кардему имрӯз ин ҷо ин маҳшарро бинед!-бо ҳасрат ба издиҳом нигариста гуфтанд устод…
Гуфтем не, надидаем ва ҳатто намешиносем. Устод гуфтанд:
-Ӯ каллаву кандаи устод Айнист! Бинед, гӯед, ки ман ӯро меҷӯям.
Ин ҳин Акбар гуфт:
-Устод бовар кунед, ҳамин ҳоло худи Устод Айнӣ оянд, намешиносем…
Аввалин бор дидам, ки Валӣ Самад қақразанон хандида рафтанд…
Наҷоти Акбар
Акбари Саттор дар соли 1993 инқилобе кард. Ӯ матбуоти Тоҷикро наҷот дод. Дайджест-Прессро кушод. Даҳҳо нафар журналистро ба кор гирифт. 25.04.1996 дар зодрӯзи банда “Чархи Гардун”-ро ташкил намуд ва дар Бари ГЖК, вақте ин газетаро “мешустем”, гуфт:
-Ин тақдими ман ба 30-умин зодрӯзи туст!
Банда, ки 25.04.1966 таваллуд шудаам, ин туҳфаи пурарзишро қабул кардаму ба Россия барнагаштам. Чархи Гардун дар он шабу рӯз газетаи №1 ҳам не, ягона газетае шуд, ки ҳар ҳафта мебаромад ва аудиторияи бузурги хонандаи худро дошт. Даҳҳо тани дигар ба кор ҷалб шуданд. Садҳо нафар соҳиби нон гашт. Ҳазорон кас ба мутолиа бозгардид. Матбуоти Тоҷик зинда, эҳё шуд.
Тули мавҷудияти ООО «Чархи Гардун» оилаи рӯзномаҳо таваллуд шуданд ва масс-медиаи Тоҷик соҳиби аввалину охирин Медиамагнати Тоҷик шуд, ки ӯро ном Акбаралӣ Сатторов буд. «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Авиценна», «Аладдин», «Студент», «День за днём», «Время-деньги» ва «Дайджест пресс» узви қавии ин оила будандӣ, ки баъди фавти Акбар куллан аз байн рафтанд.
Акбари Вазир
Ростӣ, шахсан ман намедонам, Иттифоқи Журналистони РСС Тоҷикистон дар даврони шуравӣ чӣ манзалате дошт, вале дақиқан медонам, ки то омадани Акбар ИЖТ ба ном вуҷуд дошту бас. Соли 2006 интихоби раиси ИЖТ баргузор шуд, ки дар он Акбари Саттор алтернатива надошт. Зеро аксарияти кулли рӯзноманигорон роҳи наҷоти ин ниҳодро маҳз дар симои ӯ медиданд. Дар тӯли 9 сол, ки Акбар раис буд, тавонист аз ИЖТ воқеан ҳам 1 ниҳоди қавӣ ва боэътимоде созмон диҳад. Дар даврони раҳбарии Акбар журналист қадру қимат дошт: хоҳ дар музофоти дурдасттарин ва хоҳ дар пойтахт. Зеро ҳама ниҳодҳои калидӣ медонистанд, ки “Вазири Журналистон”, тахаллуси Акбари Саттор, аз аъзояш дар ҳама ҳолатҳо дифоъ мекунад…
Боре 1 журналисткаро бо иттиҳоми авомфиребӣ боздошт карданду чанд нафаре аҳд бастем, ки барои ҳимояташ ба ниҳоди қудратии масъул меравем. Пагоҳ омада, дар назди дари ИЖТ танҳо Акбари Сатторро дидам. Сигор бар лаб, чашмони хуморияш ба ханда мойил, гуфт:
-Ҳа, сағера, гумон доштӣ, ки боз ягон кас меояд? Ман туро интизор будам. Рафтем!!!
Ягон кас бо мо нарафт, вале мо рафтаву бо асли воқеа шинос шудем. Ун нафар воқеан ҳам муҷрим буду ҳабс шуд. Аммо сухан сари ин нест: суҳбат ин ҷост, ки Акбари Саттор ҳатто барои ҷинояткорони узви ниҳодаш ба дилхоҳ мақомот мерафту то метавонист таъсир мегузошт. Зеро Шахсият буд! Ва ҳар журналист дар симои ӯ пуштигири худро медид. Руиҳамрафта, он даврон воқеан ҳам мо Иттифоқ на, ки Вазорати Журналистону ВАЗИРИ худро доштем!
Дилхоҳ чиновник агар мушкиле пеш меомад, ҳатман ба Вазир занг мезаду мушкилро миёниҳамӣ ҳаллу фасл менамуд. Ин корсозӣ ва дипломатияи фардии Акбари Саттор буд, ки Тоҷикистон дар тӯли 9 соли раёсаташ дар ИЖТ дар феҳристи озодии сухан пайваста боло мерафт! Ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти судӣ БОЯД сари ин моҷаро андеша кунанд ва имиҷи давлатро ҳифз!!! Мо Метавонем!
Охирсухан
Акбари Саттор 28.08.2015, дар синни 50 солагӣ, ихтиёран ба олами улв пайваста, ба қатораи роҳӣ сӯи Биҳишт билет харид.
…Акбаро! Рӯ ба рӯи аксат, ки танҳо дар идораи мост, истода, ёдат мекунам. Ту дар зиндагониат ҳич бовар надоштӣ, рӯзе мерасаду суратҳои зебоят аз ҳама идораҳои газетаҳо гум мешаванду танҳо дар 1 редаксия барои ҳамешагӣ овезон мемонӣ ва ин редаксияро ном газетаи мардумии СССР аст. Зеро дар СССР “Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад!”. Мо намакпосдорем!! Мо Метавонем!!!
