Маро наҷот диҳед!!!!!!!

Аз сардабири СССР: Газетаи мардумӣ усулан чунин матнҳоро нашр намекунад. Вале ман шахсан ин духтарро мешносам, модарашро низ мешиносам ва ҳатто бобову момояшро ҳам. Бовар кун, хонанда, мисли ин гулдухтар шояд зеботаре дар Тоҷикистон набуд. Вале ӯ ба дарди мушкилдавое мубтало гардид ва инак 5 сол аст, ки Модараш, Очаҷонаш ҳама кору борро партофта, хонаву дару сарвату охирин либосашро фурӯхта, думболаи Фурӯғаш шаҳр ба шаҳру давлат ба давлат мегардад. Ба чунин ҷавонмардӣ мо кам Модареро дучор меоем. Модарӣ ҳалоли ин зани Тоҷик бод!!!

Зимнан хонандаи гиром, ҳар нафаре аз рӯи зӯррас, дастрас, имконот ҳатман ба ин гулдухтар хайр кунед, шояд 1 сомонии шумо ҳамон охирин дираме мегардад, ки ба Фурӯғ умри дубора мебахшад. Мо бар боварем, ки паҳлуи Модар, Оча, Нан, Бува, Мама, Mather… саф мезане(д)м ва амалан исбот мекуне(м)д, ки вожаи Модар барои мо бегона нест. Дар симои ин зани ҷасур Очаҷони худро тасаввур кунед ва аз кори хайр канор наравед ва духтарашро наҷот диҳед.  Мо Метавонем!

Ҳамватанони азиз! Падару Модарон, Хоҳару Бародарон!

Ба Шумо ман, духтараки ҳамагӣ 24 солае менависам, ки ҳоло аз ҳаёт чизе надидаам. Орзуҳои зиёде доштам ва ҳоло ҳам дорам. Барои амалӣ шудани онҳо талош мекардам. Хатмкардаи Коллечи давлатии тиббиам. Мехостам ба инсонҳо шифо бахшам, хоҳару бародареро наҷот диҳам. Ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки рӯзе худи ман пеши одамон корафтодаву эҳтиёҷманд мешавам.

Бадбахтона моҳи марти соли 2021 якбора бемор шудам. Дард аввал аз дасту пойҳо сар шуд. Як муддат дар шӯьбаи бемориҳои асаб хобидам. Бо тавсияи духтури асабшинос Иззатов барои супоридани ташхис ба пойтахти Россия- шаҳри Москва омадем, чун он солҳо дар Душанбе озмоишгоҳи лозима набуд. Дар Маркази илмии асабшиносӣ анализ гирифтанд ва ҷавоб тоза баромад. Аммо баъд маълум шуд чунин бемориҳо, ки ман доштаам, худро ба зудӣ нишон намедиҳанд. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон оид ба бемории ман огаҳанд, зеро шумораи чунин беморон шукри Худо хеле каманд. Аммо табобаташ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ ҳоло номумкин аст.

Айни замон ман ҳамроҳи модарам дар шаҳри Москва қарор дорам. Ӯ ин ҷо ҳам кор мекунад ва ҳам маро нигоҳубин. Пеши духтурон мебарад, ҷавобашонро мегирад, доруҳои заруриро мехарад. Мутаассифона аҳволи ман ҳар рӯз бадтар мешавад. Махсусан пас аз оне, ки ман рӯзи 11 июл диагнози бемории худамро БАС, яъне склерози паҳлуии амиотрофӣ, буданашро фаҳмидам.

Ин беморӣ бори аввал соли 1869 аз ҷониби Жан-Мартен Шарко тавсиф шудааст. Дар сатҳи байналмилалӣ ҳоло нишондодҳои бемории БАС ё склерози паҳлӯии амиотрофӣ (amyotrophic lateral sclerosis, ALS), ки бемории нейронҳои ҳаракаткунанда (motor neurone disease, MND) ҳам мегӯянд, дар саросари ҷаҳон аз 0,86 то 2,5 нафар ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар як сол арзёбӣ мешаванд, яъне БАС бемории нодир аст.

Омили асосии пайдоиши беморӣ то ҳол маълум нест. Тақрибан дар 5% ҳолатҳо шаклҳои ирсӣ мушоҳида мешаванд. Бовар меравад, ки ин нуқсон ба таври аутосомӣ-доминантӣ мерос меёбад.

Нишонаҳои ибтидоии беморӣ ин кашишхӯрӣ, ки бо русӣ “придёргивание” фаҳмотар аст, сар шудани судорога, карахтшавии мушакҳо, заъфи дасту пой ва душвории суханронӣ мебошанд. Духтурон мегӯянд ташхиси БАС мушкил аст, то он даме ки беморӣ то марҳилаи атрофияи мушакҳо рушд накунад.

Вақте диагнозро фаҳмидам, аввал ман каме ба даҳшат омадам, аммо чун интернетро пайгирӣ кардам, маълум шуд табобати ман ҳамоно имкон дорад. Маълумотҳо зиёданд, аз ҷумла, аз одамони машҳур. Масалан физики маъруф Стивен Ҳокинг (1942—2018) ва гитаранавоз Ҷейсон Беккер (тав. 1969) шахсони машҳуре мебошанд, ки дар онҳо бемории БАС бо эътимоди баланд ташхис шудааст ва вазъашон бо гузашти вақт устувор гардид.

Ин табобатро, ҳамон тавре маълум мешавад, дар клиникаҳои махсуси ИМА анҷом медиҳанд. Маълум аст, ки барои ин маблағи зиёд даркор.

Ин аст сабаби муроҷиати ман ба шумо, ҳамватанони азиз!

Медонам, ин кишвар соҳиби фарзандони саховатманду боғурур аст. Медонам, ки тоҷик ҳеҷ гоҳ дарди дили як духтари ҷавонро нодида намемонад. Агар ҳар кадоми шумо, ҳатто як зарра дасти кӯмак дароз кунад, якҷо метавонем ҳаёти маро наҷот диҳем.

Ман бовар дорам бо кӯмаки шумо имкон пайдо мешавад, ки маро ба Амрико мефиристанд ва ниҳоят дар он ҷо табобати ман имконпазир мегардад. Ин боварии ман аз он аст, ки мардуми шарафманди тоҷик муҳаббати худро ба ҳазорон нафар расонидааст, мушкилашонро ҳал кардаанд.

Дар посух ба ин некиатон, ки бо хости Худо ба ман умри дубора мебахшед, ман ваъда медиҳам, ки ба халқу Ватан самимонаву содиқона кӯмак мекунам ва тамоми умр ману тамоми пайвандони ман дар ҳаққи Шумо дуои нек хоҳанд кард. Хоҳиш мекунам барои зинда мондани ман дасти хайри худро дароз намоед.

Дар поёни матн картаҳои бонкии худ, саҳифаам дар Инстаграм ва ҳуҷҷатҳоеро мегузорам, ки диагнози бемории маро тасдиқ мекунанд.

Бо эҳтиром ва умеди зиёд

Фурӯғ Ализода

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube