Ҳамагӣ баъди расо 10 рӯзи тақвимӣ Дарси Сулҳ оғоз меёбад. Дарсе, ки ба хурсандии кӯдакони синфи 1- ум хурсандӣ зам менамояд. Аммо наврас, ки нав ба остонаи мактаб қадам мениҳад, оё бо пӯшиши либоси ягонаи мактабӣ хурсанд аст? Чунки ҳамасола баробари ба муассисаи таълимӣ ворид шудан, либоси мактабӣ талаб карда мешавад. Ва оё пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ ҳатмист? Волидон чӣ мегуянд? Сифат зери назорат аст? Нархҳо қобили қабуланд? Андешаи одамон нисбат ба хариду фурӯши либоси мактабӣ аз бозорҳо, таъмини саривақтии либоси ягонаи тавсеавӣ дар муассисаҳо, Шартномаи байни корхона ва муассисаҳо бо имзои кӣ баста мешавад? Ин ва дигар суолҳое, ки тибқи супориш мо аз вилояти Хатлон ба он дастрасӣ доштем, матлаби моро пурра хоҳад кард. Бо мо бош хонандаи арҷманд, ки Мо метавонем!
14. 08.2025. Соат ба вақти Хатлон 06:25 дақиқа. Барои пажӯҳиши пурраи матлаб моро лозим буд, ки аз маркази вилоят дуртар равем, то вазъро таҳлил намоем. Албатта, мо боз ба маркази маъмурии вилоят бармегардем, аммо шурӯъ аз субҳи барвақт роҳ пеш гирифтем ба самти ҷанубтари минтақа. Суолҳои редаксия барои пайдо кардани рақамҳои мушаххас ва далелҳои муътамад кифоя буд, то мо сафарамонро нақшабандӣ намоем.
Манбаъҳо бар он ишора доранд, ки имсол низ тибқи дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи намуди фурӯши либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ мебошад. Масъалаи хариду фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ тибқи тартибот танҳо тавассути шартномаи Кумитаи падару модар бо соҳибкорони ватанӣ сурат гирифта, ба муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон рабте надорад. Намунаҳои либоси ягонаи мактабӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ба падару модарон пешниҳод карда мешавад. Дар мавриди қабул гардидани сифати маҳсулот ва шакли дӯхти либосҳо падару модарон мустақилона харидорӣ мекунанд. Аммо чаро имрӯз мо дар муассисаҳои таълимӣ ярмарка баргузор мекунем? Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ дастур додааст, то дар ин масъала муассисаҳои таълимӣ дахолату алоқае бояд надошта бошанд?! Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар муассисаҳои таълимии он низоми либоси ягонаи мактабӣ амал менамояд. Пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад. Низомномаи мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 22-юми феврали соли 2017 тасдиқ шудааст. Вале суоли матраҳ ин аст, ки раёсати маорифи вилояти Хатлон амри вазири маориф ва илмро риояту муроот мекунад?
Айб дар ош ё дар мош?
Тибқи талабот ва дастури Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёна новобаста аз шакли моликият тамоми хонандагон бо сару либоси ягона таъмин мегарданд. Гап сари он аст, ки фарқ миёни хонандагон набошаду ҳама баробар 1 хел, 1 навъ либос ба бар кунанд. Дар ноҳияи Шаҳритус мо бо мудири шӯъбаи маориф Нуриддин Ғафуров оиди ҳамин масъала сӯҳбат анҷом додем.
Тавре дар суҳбат маълум шуд, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия аз дастур ва Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳ аст ва иброз ҳам дошт, ки мо ин дастурро риоя менамоем. Лекин дар муассисаи № 15 воқеият акси инро нишон медиҳад. Дар муассисаи таълимии номбурда бинои махсусе ҷудо карда шудаст, ки омӯзгорон ҳамчун фурӯшанда барои хонандагон либосҳои тавсеавӣ тақсим мекунанд. Бинобар гуфти роҳбари муассиса Валиева Мавзуна ба онҳое, ки ба таблиғи либосҳои мактабӣ машғуланд, дар ҳаҷми 500 сомонӣ аз ҷониби ҶДММ мукофот тақдим мегардад. Яъне ҷониби ҶМММ” Ҷилои рангҳо” бо Кумитаи падару модарони муассиса ҳамкории пайваста дошта, аз ин ҷаъмият либосҳои мактабӣ харидорӣ менамоянд. Лозим ба таъкид аст, ки Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зодмандон уҳдадоранд, ки риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд.
Нархҳо қобили қабуланд?
Бинобар тасдиқи роҳбари муассисаи № 27 н. Шаҳритус Ибодова Гулнора бошад, ҳамасола барои кӯмаки сехҳои истеҳсолӣ шурӯъ аз моҳи май маблағҳо барои либосҳои мактабӣ сурат мегирад ва ҳангоми оғози соли таҳсил аз маблағҳои умумӣ аз ҳисоби маблағҳои супоридашуда кам карда мешаванд. Ин амалро онҳо 1 нав дастгирии коргоҳ ном бурданд, ки дар асл бизнесе беш нест.
Шартнома нест-кор нест
Дар ҳудуди н. Қубодиён бошад, нархи либосҳои мактабӣ арзиши 300 сомониро доранд. Инро зимни сафар пай бурдем, ки аз синфи 1-4-ро дар бар мегирад. МТМУ № 19- и ноҳия тариқи шартнома бо сехҳои дӯзандагӣ ҳамкориро ба роҳ монда, тамоми хонандагони муассисаро бо либосҳои мактабӣ таъмин менамоянд. Гузашта аз ин бояд гуфт, ки либоси тавсиявӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва маънавии хонандагон, болоравии худшиносӣ ва ҳамчун шахси маданӣ тарбия ёфтанашон нақши бузург мебозад. Пӯшидани либоси ягона барои мактаббачагон мисли чорчӯба аст ва табиист, ки баъзеҳо чорчӯбаро намеписанданд.
Дар ҳудуди ноҳия 2 сехи дӯзандагӣ мавҷуд аст ва ҳар дуи онҳо барои таъмини сару либоси хонандагон фаъолият пеш мебаранд. Абрурабиева Улфатой роҳбари МТМУ № 19 – и ноҳия илова кард, ки мо тибқи нақша амал менамоем ва барои пардохти маблағи умумии сехи дӯзандагӣ 700 – 500 ҳазор сомонӣ бояд супорем. То имрӯз зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ ба коргоҳи дӯзандагӣ супоридаем. Ҳамарӯза волидон омада, либосҳоро бо ҳаҷм харидорӣ менамоянд.
Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ҶДММ ” Мавлуда” Хоҷаева Ёсина мегӯяд, корхонаи номбурда дар ноҳия яке аз коргоҳҳое мебошад, ки корро тариқи шартнома бо 30 муассиса ба роҳ монда, самти фаолияташ асосан ба духти сару либоси тавсеавӣ нигаронида шудааст. Ин сех ба ғайр аз духти формаҳои мактабӣ бо сехҳои давлати ҳамсояи Ӯзбекистон ҳамкорӣ дошта, барои духти асосан костюм, ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Тавсияи психологон далолат аз он медиҳад, ки низоми ба бар кардани либоси ягона, галстук, тоқӣ ягон хел таъсири манфӣ ба психикаи мактаббачагон надошта, баръакс онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Ҳамаи мо ба ин гуфтаҳо амиқан сарфаҳм меравем. Ҳоло бошад, ягон кор бе шартнома пеш намеравад, гуфт Ё. Хоҷаева. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки агар шартнома надошта бошӣ, кор маъно надорад, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо. Ба забони дигар инҳо маҳсулоти узбекистониро овардаву инҷо мефрӯшанд. Тамом ва салом.
Омӯзгор – таъминкунанда
Расулова Шамсия дар баробари омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буданаш дар муассисаи таълимии рақами 2-и н. Қубодиён ҳамзамон 3 муассисаи таълимии ноҳияро бо сару либоси мактабӣ таъмин мекардааст. Ба гуфти ӯ аз фаъолияташ чандон сипарӣ нашудааст ва ҳамагӣ бо 1 корманд аз уҳдаи таъмини муассисаҳо мебарояд. Аслан дар хонааш либосҳоро омода менамояд ва дар муассиса низ синферо барои ӯ ҷудо намудаанд, то хонандагон ба либосҳои дӯхтааш дастрасӣ дошта бошанд. Тавре муаллима иттилоъ дод, арзиши либос барои синфҳои 1-4 аз 210 то 280 сомонӣ буда, дар ин баробар дӯстдорони дарзаш кам нестанд. Танҳо бояд тасаввур кард, ки 1 нафар бояд чанд соат дар 1 шабонарӯз кор кунад, то 3 мактабро бо либос таъмин созад…
Киҳо ҷарима месупоранд?!
Дар аснои сафар бо мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Эшонзода Умед дар бобати фурӯши сарулибоси мактабӣ ҳамсӯҳбат шуда, маълумот гирифтем, ки дар ноҳия танҳо 1 сехи дӯзандагӣ фаъолият дошта, ин ҷо низ ягон намуд фурӯши иҷборӣ ба роҳ монда нашудааст. Аммо чунончи дохили муассисаи таълимии рақами 1- и ноҳия, ки яке аз муассисаҳои калонтарин ба шумор меравад, равон шудем, бо 2 чашм дидем, ки ин ҷо низ ҳолат нигаронкунанда аст. Тавре аён шуд, бинои махсусе барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ ҷудо шудааст ва пушти дари ин ҷо волидон дар навбат барои харид даъватӣ буданд.
Директори муассиса иброз дошт, ки онҳо бо ҶДММ” Амир” ҳамкорӣ карда, аз ш. Хуҷанд (???) дар муассисаи ноҳия намояндаҳо ба хариду фурӯши либосҳо машғуланд (Хатлон надоштааст-мӣ корхонаи либосдӯзӣ?). Тибқи шартномаи тарафайн 1965 адад либос бояд то оғози сол фурӯхта шавад. Ин ҷо аз 300 сомонӣ то 350 сомонӣ сари 1 дона либос рост меояд. Аслан гирем, волидайн бояд бо муомилаи хуб ба кӯдак моҳияти иҷрои низоми муассисаҳои таълимиро фаҳмонанд. Ҳамзамон, равоншиносон қайд мекунанд, ки дар баъзе муассисаҳои кишвар миёни либосҳои ҳатмӣ ва тавсиявӣ фарқ намегузоранд. Аммо киҳо бояд ҷарима шаванд, суоли риторикист. Бо модаре, ки барои хариди либосҳо омада буд, сӯҳбат доштем, ки номашро Кадхудозода Мадина гуфт. Ӯ мегӯяд, соли гузашта бинобар сабаби нагирифтани либос барои 4 фарзандаш аз ҳамин корхона ба муассиса ҷарима супорид: маҷбур намекунанд, аммо мегӯянд, ки бояд аз инҳо бихарем!
Маҳсулот рақобатпазир аст?
Дар самти баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ бисёр монеаҳо садди роҳанду ҳалли саривақтии худро тақозо доранд. Пеш аз ҳама, дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли матоъҳои костюмворӣ, астарворӣ ва куртаворӣ зарур мебошад. Дастгирии ин раванд ҷиҳати додани имтиёзҳои молиявӣ, таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба назорат ҳангоми тақсимоти либоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, воҳиди ченаки либоси мактабӣ ба ҷои ченаки “дона”, ченаки “маҷмуъ” интихоб карда шавад, зеро баъзе шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо шумораи яке аз намуди либоси мактабӣ, аз ҷумла галстук, нақшаро иҷро мекунанд.
Ҳангоми қабули либоси мактабӣ бо ченаки маҷмуъ шумораи хонандагони бо либоси мактабӣ таъминшударо бояд муайян кард. Иловатан метавон гуфт, ки яке аз омилҳои беҳтар кардани сифати маҳсулот, бахусус либоси мактабӣ, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон, қобилияти идоракунии онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла тарроҳон, технолог-конструкторон, бозоромӯзон ва мутахассисон оид ба назорати сифати маҳсулот омилҳои асосии ноил шудан ба рушди ҳадафҳои минбаъдаи соҳа ба ҳисоб мераванд. Омӯзгорон иброз медоранд, ки агар мо масъалаи хариди либоси мактабиро бар дӯши волидон ва бозорҳо вогузорем, либоси ягонаи мактабӣ дар муассисаҳо аз байн меравад. Зеро ҳар кадоми онҳо метавонанд аз бозор намуди гуногунро харидорӣ карда, ба ягонагии либоси тавсеавӣ монеъа пеш оранд. Барои ҳамин бо истифода аз давраи таътил дар муассисаҳо харид ва фуруши либосҳои мактабиро ба роҳ мондаанд. Чунончи шоҳиди бевоситаи ҳол будем.
Ҷамъоварии чекҳо ба манфиати кист?!
14.08.2025. Соат ба вақти Бохтар 14:17 дақиқа. Худи ҳамон рӯз барои таҳлили пурратар баргаштем ба маркази маъмурии вилоят-шаҳри Бохтар. Ба гуфти директори МТМУ № – 2 и шаҳри Бохтар М. Қаландарова аллакай онҳо аз иҷрои пурраи таъмини либоси ягонаи мактабӣ барои соли хониши 2025- 2026 баромадаанд. Тибқи нақшабандӣ имсол ба 410 хонанда либоси тавсеавӣ тақсим карда шудааст.
Ва он муассисаҳое, ки мо будем, амсоли муассисаҳои 3, ЛТТ, чекҳо дастнавис ҷамъоварӣ мешуданд. Ва аҷибии кор дар он аст, ки аксар ҶДММ-ҳо дар дохили муассисаҳо ярмарка ташкил кардаанд. Ва аз волидон «хоҳиш» намудаанд, ки барои гирифтани чекҳои сехҳо ба омӯзгорон мусоидат намоянд. Волидонеро, ки дар муассиса ҳозир шуда наметавонанд, ба худи сехҳо равон мекунанд, то чеки дастнависи сехро барои иҷрои нақша гирифта оранд!!!
Ба ҷойи охирсухан….
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва фароҳам овардани муҳити ягона дар муассисаҳои таълимӣ, «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» барои хонандагону омӯзгорон таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ ирсол гардидааст. Ин дастурамал бо тағйиру иловаҳо тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2009 ва 2018 таҳия шуда, хусусияти тавсиявӣ дорад ва истифодаи онҳо барои таъмини ягонагии зоҳирии хонандагону омӯзгорон мусоидат менамоянд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар раванди духт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш, худ иштирок надорад ва танҳо тибқи дастурамали зикршуда либосҳои тавсиявиро барои хонандагону омӯзгорон пешниҳод менамояд. Дар баробари ин, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм дар тамоми мулоқоту суханрониҳо, инчунин тавассути мактубҳои инфиродӣ ба унвонии раёсату шуъбаҳои маориф пайваста эълон менамояд, ки дар дохили муассисаи таълимӣ хариду фурӯши либоси мактабӣ қатъиян манъ аст. Вале ба назар мерасад, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон ё аз чунин харидобозори мактабӣ дар навоҳӣ огаҳ нест, ё мебинаду чашм мепӯшад.
Суоли матраҳ ин аст, ки ниҳоятан дар ин бозор кӣ даст дорад???
Мавзӯъро пайгирӣ мемонем. Зеро фактҳои ҷолиб дорем. Мо метавонем!!!
Нуриддин Қосимзода,
вилояти Хатлон.
