ХИЁНАТИ АБДУЛЛО РАҲИМБОЕВ БОЯД МАҲКУМ ШАВАД!!!

Аз СССР: Мавзуъи баҳси мо, ҳамоно хиёнати Абдулло Раҳимбоев ва гузоштани пайкараи ӯ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» аст, ки ин амал силлие бар рӯи тамомии қаҳрамонҳои миллати Тоҷик дар оғози садаи ХХ мебошад. Зеро ин хиёнаткорест, ки мавҷудияти ман, ту, ӯ, вай, мо ва ҳатто ҳамин раисони Хуҷанду Суғдро ҳам зери суол карда буд. Ва агар ҳиммати талошу пархоши қаҳрамонҳои воқеии миллати Тоҷик-Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Шириншо Шотемур намебуд, мо дар харитаи ҷаҳон ҷой ва дар паспорти миллатҳо мӯҳр намедоштем. Ва аз ҳама аҷиб ин аст, ки садорати вилояти Суғд ин ҳамаро дидаву хондаву матраҳ карда, намехоҳад нимпайкараи ин хоин аз маркази Хуҷанд бардошта шавад. Метарсанд (аз кӣ?) ё намехоҳанд (чаро?)?   Суоли матраҳ ин аст!

Ахиран олиме тавоно, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, витсе-президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин матлабро навишт. Зимнан мо аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд расман дархост дорем, ки худашон ба ин мақолаи илмӣ посух гардонанд ва назари фардии худро роҷеъ ба мавҷудияти нимпайкараи ин хоин баён кунанд. Дар сурати акс инро мо тарзе талаққӣ мекунем, ки МИҲД вилояти Суғд имрӯз алорағми талошҳои Ҳукумати Марказӣ ба хоинон арҷ мегузорад.  Мо Метавонем!

 

Аҷабо, ҳеҷ вақт гумон надоштам, ки замоне дар бораи хиёнат ва ё хиёнаткорию  ватанфурӯшии нафаре  баҳс дошта бошам ва ё мақолае  нависам. Зеро падарам борҳо мегуфтанд, ки мавзуи хиёнат   барои гуфтор  нест ва умуман дар бораи он гуфтугӯ зебу зинате ҳам надорад. Аммо замоне ки  1 роҳбар    ба  муқаддастарин арзиши инсонӣ –  Ватан-модар  хиёнат мекунад, бояд ин қолаб шикаста ва  дар бораи хиёнаткор садҳо асару мақолаҳо навишта шавад, ки барои  дигарон сабақ гардад. Хиёнат дар кадом вазъу сатҳе, ки набошад, ин бадкирдорист ва шахси хиёнатпешаро одамфурӯш, ватанфурӯш ва мунофиқ ҳам мехонанд.

 

2 чеҳраи манфури миллати Тоҷик

Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи начандон дури миллати мо ду чехраи манфуру шинохта, яке Абдулло Раҳимбоев  ва  дигаре  Абдуррауфи Фитрат мавҷуданд, ки бахшидани хиёнатҳои онҳо дар назди миллати тоҷик  ғайриимкон аст.

Абдулло Раҳимбоев Солҳои 1933-1937 раиси Шурои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон ва ҳамзамон яке аз раисони КИМ ИҶШС ба шумор мерафт. Дар анҷумани XI ва XIII ҳизби коммунист номзади узвият дар КМ ҲКР (б), дар анҷумани XII-уми ин ҳизб узви Дафтари КМ ҲКР (б) дар Осиёи Миёна, узви Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон буд.

Мавриди қайд аст, ки ӯ халқият ва миллатҳои Осиёи Миёнаро  ба хурду бузург ҷудо намуда, бартариро бештар ба турктаборон  медод. Барои ӯ, мутаассифона, миллати  тоҷик дар ин минтақа вуҷуд надошт.

Абдуррауфи Фитрат бошад аз чеҳраҳои босавод ва донишманди тоҷик дар замони худ буд, сиёсати пантуркистонаи тоҷикситезии худ ва хиёнатҳои ба миллату адабиёт ва фарҳанги тоҷик намудаашро на аз рӯи нодонӣ ва ё бехабарӣ, балки дидаву дониста ва ҳадафмандона дар амал татбиқ менамуд. Ӯ дар  рӯзномаи «Ҳуррият» (соли 1917, №31)  менависад:

«Ман барои ту ба дунё омадаам, барои ту умр ба сар мебарам, барои ту хоҳам мурд, эй конуни муқаддаси турк».

Намедонам  барои чӣ боз баъзе бузургони адабиётшиноси тоҷик  ӯро сафед карданӣ мешаванд? Бубинед, замоне аз Садри Зиё мепурсанд, ки  Фитрат чӣ касест?  Гуфтааст:

 «Фитрат касест, ки  ӯро бояд бикушем ва баъд сари гӯраш бинишинему хун бигирйем».    

  Не  не, ҳаргиз барои чунин хиёнатпешагон  ҳатто  заруррати  таассуф ва андуҳ доштан ҷой надорад. Хиёнати онҳо ба миллат, ба Модар-Ватан  ба  арзишҳои миллӣ, ҳеҷ вақт бояд    бахшида нашаванд.

 

Хиёнатпешатарин хиёнаткори миллати Тоҷик

Мо айни замон, дар мақола  оид ба фаъолияти сиёсии яке аз ин  хиёнатпешагон  Абдулло Раҳимбоев, ки  аз бунёдгузорону роҳбарони Шурои коргарони мусулмони Хуҷанд, ки  соли 1919 узви Ҳизби Коммунисти болшевикҳои Русия (ҲКР (б) ва котиби комиҷроия дар шаҳри Мирзочӯл  таъйин шуда буд, баҳсро оғоз менамоем. Ногуфта намонад, ки  нимпайкараи ӯ ҳанӯз ҳам дар шаҳри  Хуҷанди бостонӣ пойбарҷост. 1  қисми мардумони ин минтақа аз надонистани  таърихи аслии ин хиёнаткори Ватан  мутаассифона  ба ӯ арҷгузорӣ менамоянд.

Тибқи маводи  тарҷумаиҳолии  Абдулло Раҳимбоев, ки бо дасти худ навиштааст, номи падараш Раҳимбой маъруф бо лақаби  Раҳими сиёҳ  будааст. Раҳими сиёҳ ним савдогар ва ним заминдор буд. Абдулло Раҳимбоев  дар синни 12- солагӣ  ба мактаби русии шаҳри Хуҷанд ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Муаллифи китоби “Абдулло Раҳимбоев” И.Келдиев, ки соли 1967 дар ш.Душанбе  ба чоп расидааст, менависад, ки тибқи навиштаи худи Абдулло ”модараш  тоҷикзани дорои  рӯҳияи  патриархалӣ“ будааст. Дар ин бора дигар намедонам чӣ гуфт? Вале 100 афсус, ки  аз чунин модар  фарзанди  хиёнаткор ба воя расидааст.

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои муътамад Абдулло Раҳимбоев яке аз имзокунандагони Паймони таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ  дар соли 1922  будааст. Ӯ узви коллегияи комиссариати халқӣ дар умури миллатҳои ҶШФСР  ва аз майи 1922 то сентябри 1926 узви Шурои инқилобӣ-низомии Фронти Туркистон буд.

Абдулло Раҳимбоев соли 1937 аз вазифаи раиси Шурои нозирони халқи ҶШС Тоҷикистон барканор ва аз узвият дар ҲКИШ(б) бароварда  шудааст.  Ӯ августи соли  1937 дар  Сталинобод боздошт ва ба Маскав фиристода шуду дар зиндони Лефортово маҳбасӣ гардид.  Соли 1938 бино бар ҳукми  Ҳайати низомии Додгоҳи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳкум ба марг ва дар  Бутово ба қатл расонида  шудааст.

      Аксари мардум, олимон ва пажуҳишгарони  тоҷик бар он ақидаанд, ки  Абдулло  Раҳимбоев дар давраи барои миллати тоҷик тақдирсоз ба халқи тоҷик  хиёнат карда, манфиатҳои миллатро  дифоъ накардааст.

 

И. Сталин: Раҳимбоев мегуфт миллати Тоҷик вуҷуд надорад!!!

Шумо таваҷҷуҳ  намоед, ки ҳануз  23 январи  соли 1948 дар суҳбати  И.В. Сталин бо  Б. Ғафуров масъалаи  хиёнаткории Абдулло  Раҳимбоев, ки  ба Москва  телеграмма фиристода буд, ки гуё  тоҷикон ҳамчун миллат вуҷуд надоранд, ифшо гардидааст. И.В. Сталин дар ҷавоб  ба саволи  Б.Ғафуров  гуфтанд, ки « Бале аз ин ҷумла  Раҳимбоев гуфтанӣ касе буд, ки исбот кардан мехост дар Осиёи Миёна  тоҷикон вуҷуд надоранд. Аммо чунон, ки мебинем, на танҳо вуҷуд  доранд, балки афзоиш меёбанд. Ва ин халқ халқи махсусест, ки аз узбакҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо фарқи калон доранд. Туркҳо дар Осиёи Миёна  асрҳои 11-12-и ҳазорсолаи  мо пайдо шудаанд, аммо эронинажодон дар он ҷо  аз асри 5-уми  то ҳазорсолаи мо сукунат доранд». (Ш. Ҳамдампур. Взгляд, с.31-32).

Бояд гуфт, ки  соҳибистиқлолӣ имрӯз  ба мо имкон фароҳам  овард, ки сарчашмаҳои  нави  илмиро  ба даст оварда,  таърихи гузаштаи худро  дар рӯҳияи ҳифзи  манфиатҳои миллию давлатӣ таҷдиди назар  намоем. Аз ҷумла,  баъзе доғҳои таърихие, ки  то ҳанӯз  дар фаъолияти  шахсони  соҳибмансаб ба вуқӯъ пайваста буданд. Масалан, хиёнати Абдулло Раҳимбоев ба ҳама маълум аст, вале нимпайкарааш то ҳол дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Дар асарҳои таърихӣ бошад, бештар дар китобҳои академик Раҳим Масов комилан собит шудааст, ки  ӯ  ба миллати тоҷик хиёнат содир кардааст.

 

Раҳимбоев: Ӯротеппаву Панҷакент узбеканд!

Аз ҷумла, дар ҷилди панҷуми китоби бунёдии “Таърихи халқи тоҷик” зикр мешавад, ки “10 марти соли 1924  машварати якҷояи Ҳизби Коммунистии Туркистон ва Кумитаи Марказии Иҷроияи Туркистон бо кормандони масъули шаҳри Тошканд масъалаи “Тақсимоти миллӣ, ҳудудии Туркистон” муҳокима шуд. Маърӯзачӣ Абдулло Раҳимбоев иброз дошт, ки  “Осиёи Миёна аз рӯи ҳайати миллӣ кишварест, ки дар он миллатҳои аз нигоҳи нуфуз бартаридошта ӯзбакҳо, қирғизҳо ва туркманҳо буда, дар он халқҳои хурд низ мавҷуданд”. Яъне, ӯ тоҷиконро, ки ҳатто тибқи барӯйхатгирии аҳолии соли 1920 аз рӯи шумора дар Осиёи Миёна чои дуюмро мегирифтанд, ба қатори “халқҳои хурд” шомил кард. (Таърихи халқи тоҷик, ҷ. 5. С. 404).

Ё худ, 4 октябри соли 1924 дар ҷаласаи 9 уми Бюрои ӯзбекӣ доир ба тақсимоти миллӣ ҳангоми ҳалли масъалаи ба Тоҷикистон ҳамроҳ намудани навоҳии Ӯротеппа ва Панҷакент Абдулло Раҳимбоев иброз дошт, ки ноҳияи Ӯротеппа дар ҳайати Ӯзбекистон нигоҳ дошта шавад. (ТХТ., ҷ. 5, с. 419).

Ин нафар рӯирост дурӯғ гуфта, “исбот” кардан мехост, ки аҳолии ин навоҳии Тоҷикншини куллан узбеканд, на тоҷик…

 

Пайкарасозони қотили миллат кистанд?

Хулоса, вобаста ба далелҳои носолиме, ки  дар  таърихи сиёсии кишварамон собит шудаанд, будани пайкараву нимпайкараҳои тасодуфӣ  сахт  нигаронкунанда мебошанд. Бинобар ин, мо  бояд  камбудиву хатоҳои сиёсии  содиршударо   ба хотири  ҳақиқати таърихӣ  ҳаматарафа ислоҳ намоем. Вобаста ба ин шоири шинохтаи тоҷик   Алимуҳаммад Муродӣ чунин фармудааст:

Оринасабему бо худоён хешем,

   Аз қавми Каёнему аз он ҳам пешем.

   Гуфтем ба бегонаву гӯем ба худ,

   Мо пайкарасози қотилони хешем.

 

Воқеан, бояд  нимпайкараи Абдулло  Раҳимбоев  ҳамчун  хоину қотили миллат аз гулгашти  шаҳри бостонии Хуҷанд бардошта шавад. Зеро  чунин  таҳқиру  беадолатӣ  ба  шаъну шарафи  миллати мо  кори  нобахшиданӣ ва ношоистае  мебошад, ки  ба  таълиму тарбияи  ватанпарастию ватанхоҳӣ  таъсири манфӣ мерасонад. Мо бояд ба насли нави кишварамон  ҳақиқати фаъолияти  шахсиятҳои таърихиро  пешкаш намоем, ки онҳо кӣ ҳастанд ва чӣ буданд? Бояд ҳақ ба ҳақдор   расад. Мо метавонем!

Муҳаммад Абдураҳмон – узви вобастаи АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube