РУШДИ МАОРИФ – ОМИЛИ ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТ

Истиқлоли сартосарӣ имкон фароҳам кард, то дар баробари дигар бахшҳо соҳаи маориф ҳам нумӯъ дошта, дар ин замина ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар тамомии мулоқоту вохӯриҳои хеш бо аҳли зиё пайваста таъкид медорад, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф бештар гашта, баҳри рушду пешрафти он на танҳо маорифчиён, балки волидайн низ бикӯшанд.

Давоми 32 – соли Истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Сарвари Давлат, Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД вилояти Хатлон вазъи соҳаи маориф дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Бохтар ба маротиб рушд намуда, дар соҳа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳамаи ин аз натиҷаи талошу заҳмати кормандони ин соҳаи калидӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳамин маврид суҳбате доштем бо муаллима Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, ки бароятон пешкаш мегардад. Мо Метавонем!

25 муассисаи таълимӣ, 1 донишгоҳ ва 5 литсей

Мавсуф сараввал дар бораи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани соҳаи маориф ва ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, беҳтар намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳрро яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи худ хонд.

    – Дар шаҳр 24 муассисаи таълимӣ, 5 литсей, 1 донишгоҳ арзи ҳастӣ доранд, ки сафи бештари омӯзгоронро бонувон ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2023-шумораи хатмкунандагони синфи 11 – 1197 – ро дар бар гирифта, фоизи дохилшавӣ 84% – ро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 0,5 % зиёдтар мебошад. Хушбахтона, имсол донишҷуёну хонандагони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз худ фаъолмандӣ нишон дода, 4 нафар сазовори мақомҳои болоӣ шуданд, ки муваффақияти кори маорифи шаҳр аст, – афзуд Шоиста Абдуназарзода.

Вусъати таъмир, таҷдид ва бунёди мактабҳо

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати бо ҷойи нишаст таъмин намудани хонандагони муассисаҳо, шӯъбаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад 1 қисми бинои иловагии МТМУ №7-ро пас аз таъмиру тармим мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

   – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Нурулло Шарифов соли 1965 таъсис ёфта, он аз 4 бинои 2 ошёна иборат буда, дорои толори варзишӣ ва толори маҷлисгоҳ аст. Шумораи умумии синфхонаҳои ин муассиса 49 адад ва 1 адади он ҳуҷраи кории омӯзгорон аст.  Барои таъмиру таҷдиди он аз ҳисоби буҷаи шаҳр 5 миллион сомонӣ ҷудо шуд, – афзуд Шоиста Абдуназарзода.

Оид ба иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон” барои солҳои 2022-2027 бояд гуфт, ки дар соли 2023 сохтмони бинои муассисаи томактабии хусусӣ дар маҳаллаи М. Турсунзода аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ барои 120 нафар тарбиятгиранда ба нақша гирифта шуда, сохтмонаш оғоз гардида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Дар назди 2 муассисаи таълимии шаҳр сохтмони биноҳои иловагӣ бо маром идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ дари худро ба толибилмони бохтарӣ боз хоҳад кард.

Дар робита ба ғамхориҳои шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ ба соҳаи маорифи шаҳри Бохтар, мудири маориф иброз дошт, ки бо ҷалби чунин афроди дастбахайр шуъбаи маориф тавонист, якчанд мушкили ҷойдоштаро дар ин самти калидӣ ҳал намояд ва сипоси худро ба онҳо тавассути рӯзномаи мардумии СССР расонид.

Маърифати ҳуқуқӣ ва арҷгузорӣ ба ҷашнҳои миллӣ

Дар бораи чи тадбирҳо роҳандозӣ намудани аҳли маорифи шаҳр нисбат ба эълон намудани соли ” Маърифати ҳуқуқӣ” ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки бахшида ба эълон гардидани “Соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ” Озмуни ” Беҳтарин донандаи кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурии ҶТ” тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр ба роҳ монда шудааст. Дар озмун хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар иштирок намуда, сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро дар бораи Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад, вазифа ва принсипҳои Кодекси мазкур ва ҷавобгарӣ барои ҳуқувайронкунии маъмурӣ мавриди санҷиш ва баҳогузорӣ қарор доданд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур васеъ намудани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ – иҷтимоии хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар бораи Кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад. Инчунин дар арафаи ҳар иду ҷашнҳои миллӣ хонандагону донишҷуёни мо бо баргузории чорабиниҳои судманд ба онҳо арҷ мегузоранд, – гуфт номбурда.

700 маҳфили эҷодӣ

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо яке аз падидаҳое мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ таъсис ёфта, имрӯз бо фаъолияти пурсамар дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Бохтар корҳои назаррас ба анҷом расонда мешаванд. Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз бояд ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, ин фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба ҳисоб меравад.

    – Имрӯз дар шаҳр 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият мекунад, ки бо мустақилияти молиявӣ таъмин мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр 8 маҳфил аз рӯйи равияҳои эҷодӣ, экологӣ, ҳунарӣ дар умум 32 гурӯҳ бо фарогирии 300 нафар фаъолият дорад. Агар маҳфилҳои назди муассисаҳоро дар назар гирем 696 маҳфил ташкил карда шудааст, ки 31,1 дарсадро фаро мегирад.

Маҳорати касбӣ сайқал меёбад

Масъалаи такмили маҳорати касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф яке аз масъалаҳое мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Тибқи тартиби гузариш аз такмили ихтисос, ки дар 5 сол 1 маротиба муқаррар шудааст, шуъбаҳои маориф дар ҳамкорӣ бо филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе нақшаи муштарак таҳия намуда, кормандони соҳаи омӯзгориро аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида истодаанд.

   – Дар давоми 3 моҳи соли 2024 мувофиқи нақша 73 нафар сафарбар ва  шунавандагон ба курсҳои бозомӯзии такмили ихтисос ба шаҳри Душанбе ва Бохтар равона шуданд. Бояд гуфт ки дар соли гузашта ин нақша ба 123 фоиз баробар шуда буд, изҳор дошт Шоиста Абдуназарзода.

Дар умум метавон гуфт, ки баъди таъин гардидани мудирияти шӯъбаи маориф ба ин зани кордону соҳибтахассус, Шоиста Абдуназарзода, маорифи шаҳри Бохтар ба пешравиҳои рӯзафзун ноил гардида, боварӣ ҳаст, ки ин соҳаи басо муҳими кишвар дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳад кард.

Зиҳӣ бонувоне, ки масъулияти маърифати кишварро ҷавонмардона бар дӯш доранд!

 

Нуриддин Қосимзода,

ш. Бохтар

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube