АШӮРОВ ЧОРУМИН КОТИБИ ЯКУМИ КМ ПК(Б) ТОҶИКИСТОН

Аз миёни чаҳор котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон Ашӯров Ӯрунбой (дар баъзе ҳуҷҷатҳо Урумбой) маълумоти нисбатан камтар пайдо кардем. Дар «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (ҷ.2, 2013) шарҳи ҳоли онҷониб (бе акс) дар ҳаҷми 18 сатр ғунҷонда шудааст. Дар қомуси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон – «Они были первыми» (2003) андаке бештар маълумот зикр ёфта. Барои хизмати шоиста ва савоб дар таҳияи ин китоб ба муаррихи масъулиятшинос, устоди равоншод Искандар Қаландаров дуруд фиристодем…

 

Ӯрунбой

Соли 1903 дар шаҳри Скобелев (ҳозира Фарғона), дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Хонаводаи онҳо барои рӯзи беҳ, баҳри пайдо намудани кор ба шаҳри Скобелев ҳиҷрат мекунанд. Миллаташ тоҷик (дар ағлаби матолиб ӯзбек – У.Ш.). Узви РКП(б) аз 1-уми майи соли 1919.

Ҳанӯз 10 сола буд, ки падараш аз олам гузашт.

Ӯрунбой дар мактаби куҳна (1911-1912), мактаби 3-солаи русии маҳаллӣ (1912-1915), омӯзишгоҳи шаҳрии Фарғона (1915-1916), семинарияи муаллимини Тошканд таҳсил намуд. Аммо шароити вазнини хонавода ба ӯ имкон надод, ки семинарияро тамом кунад.

Фаъолияти меҳнатиаш аз 13-солагӣ сар шудааст. Аз моҳи майи соли 1916 то феврали соли 1917 дар мағозаҳои савдогарони сарватманд Аҳмадбоев ва Сеймин дар Скобелев кор кард.

Шогирди ҳуруфчин, ҳуруфчини типография дар раёсати вилоятии Фарғона (марти соли 1917 – ноябри соли 1919), табелчии коргоҳҳои аслиҳасозӣ дар фронти Фарғона (декабри соли 1919 – майи соли 1920) буд.

 

ВЧК, ГПУ

Ӯрунбой Ашӯров дар мақомоти ЧК ва ГПУ аз моҳи майи соли 1920. Дар корҳои чекистии амалкунанда дар мақомоти вилоятии Фарғона ва уездии Марғелон то моҳи феврали соли 1923 фаъолият бурд.

Моҳҳои март – майи соли 1923 иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилии Комитети уездии Марғелон ПК (б) Туркистон, муовини сардори уездӣ-шаҳрии комитети инқилобии Марғелон (июни соли 1923 – августи соли 1924), раиси исполкоми уездии Марғелони вилояти Фарғона (августи соли 1924 – августи  соли 1925), котиби масъули кумитаи уездӣ-шаҳрии шаҳри Фарғонаи ПК (б) Ӯзбекистон (сентябри соли 1925 – январи соли 1927), аз 2-юми январ то 6-уми марти соли 1927 раиси (садри) тозаташкили окружкоми Андиҷони ПК (б) Ӯзбекистон, аз 6-уми марти соли 1927 то майи соли 1929 котиби масъули окружкоми Андиҷон буд.

Моҳҳои май-июни соли 1929 Комиссари халқии молияи РСС Ӯзбекистон. Аз ҳамин вазифа хонданӣ рафт. Аз сентябри соли 1929 то декабри соли 1930 донишҷӯи Курсҳои марксизми назди Академияи Коммунистии шаҳри Москва буд.

21-уми августи соли 1930 Бюрои иҷроияи КМ ПК (б) Ӯзбекистон номзадии Ӯрунбой Ашӯровро ба вазифаи комиссари халқии маориф пешниҳод кард.

 

СРЕДАЗБЮРО

Пас аз хатми Академия Ӯрунбой Ашӯров раиси Марказ оид ба колхозҳои Осиёи Миёна таъин гардид. Ва ӯ дар ин вазифа ёздаҳ моҳ кор кард (феврал-декабри соли 1931). Аз декабри соли 1931 то декабри соли 1932 муовини мудири шуъбаи ташкилии бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП(б) ва аз моҳи январи соли 1933 то 1934 мудири шуъбаи санъат (фарҳанг) ва тарғиботӣ – ленинизми бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП(б) буд.

  

ТОҶИКИСТОН-МОСКВА

Ӯрунбой Ашӯровро моҳи июли соли 1934 ба Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон раҳнамун сохтанд. Мавсуф тайи солҳои 1934-1936 (моҳи июл) ҳамчун котиби дуюми КМ ПК(б) Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Ӯро баъдан ба Москва хонданд. Моҳҳои август-декабри соли 1936 инструктори масъули КМ ВКП(б) буд.

Моҳи декабри соли 1936 пленуми VII ПК(б) Тоҷикистон Ӯрунбой Ашӯровро котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон интихоб кард. Вай ҳамзамон аз моҳи феврали соли 1937 Раиси Совети Комиссарони халқи РСС Тоҷикистон буд. Ӯро моҳи октябри соли 1937 аз вазифа сабукдӯш намуданд.

Ба андешаи муаррихони ҳизбӣ, сарфи назар аз он, ки Ӯрунбой Ашӯров дар ин мақом ҳамагӣ 9 моҳ фаъолият дошт, дар ин давра барои беҳбуди фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Дар ташкилу сафарбарии меҳнаткашон барои иҷрои нақшаҳои дар назди ҷумҳурӣ гузоштаи марказ саҳм гирифт.

 

ҶАЗОИ КАТЕГОРИЯИ 1 (ПАРРОНДАН)

Оғози фаъолияти Ӯрунбой Ашӯров дар вазифаи котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон ба давраи авҷи репрессияҳои солҳои 30-юм рост омад, ки ӯ қурбони он гашт.

Барои ба тарзи мушаххас иншои рӯзгори як фарди таърихӣ, шахсияти номошно аз ду маъхази болозикр қаноатманд нагашта, ба қомуси озод – Википедия рӯ овардем. Аз ин ҷо низ се-чор варианти рӯзгорони Ӯрунбой Ашӯровро дастрас шуд. Сетои он ба маълумоти қомусҳои тоҷикӣ наздикӣ доштанд.

Варианти чаҳоруми он нисбатан дақиқтар буд ва дар асоси он, ба назари инҷониб шарҳи ҳоли эшонро саҳеҳтар мураттаб сохтем. Шояд дар ин навиштор камбуд ё саҳве роҳ ёфта бошад, ки он ислоҳшаванда хоҳад буд. Бо имкони вақт аз паи дарёфти маълумоти тоза кӯшиш ба харҷ хоҳем дод…

Ӯрунбой Ашӯров худ узви тройкаи судии назди НКВД РСС Тоҷикистон (10.7.1937), Совети миллатҳои КИМ СССР даъвати 7-ум (8.2.1935), вакили съезди XV ВКП(б) (1927) ва Конференсияи XVI ВКП(б) (1929) буд.

Бо ордени Байрақи Сурхи ҷангӣ (Фармони РВСР, №350 аз соли 1924), Грамотаи фахрии КИМ РСС Ӯзбекистон ва бо аспи «ғанмат»-гирифташуда аз ОГПУ мукофотонда шудааст.

Бо қарори КМ ВКП (б) аз 3.10.1937 Ӯрунбой Ашӯров аз вазифа озод ва рӯзи 4.10.1037 ӯро ба ҳабс мегиранд.

3-юми майи соли 1938 Сталин ва Молотов рӯйхати кормандони ҳабсшудаи РСС Тоҷикистонро, ки НКВД СССР ба мурофиаи Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР ба ҷазо аз рӯи категорияи 1 (паррондан) пешниҳод намуда буданд, тасдиқ намуданд.

Сессияи сайёри Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР дар шаҳри Сталинобод 20.10.1938 ба Ашӯров Ӯрунбой ҷазои олӣ (паррондан) ҳукм баровард ва ҳамон рӯз ӯро парронданд.

Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР 19.12.1956 ходими ҳизбию давлатии тоҷик Ашӯров Ӯрунбойро (пас аз марг) сафед кард.

 

Умари ШЕРХОН  

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube