БОРОНУ БАРФ НАБУД, БАРҚ БУД

Марҳабо Муродова, хонандаи фаъоли газетаи мардумӣ аз ш.Бохтар ба идора занг зада (тел: 551002323) дар бораи тақсимоти ноодилонаи лимити барқ ибрози назар кард.  

– Ман 1 чизро намефаҳмам, ҳаво гарм шудаасту чаро мо то ҳол лимит дорем? 1 моҳи баҳорро мардум бе барқ паси сар кард. Масъулони шабакаҳои барқ гуфтанд то оби НБО Норак баланд нашавад, барқ пурра дода намешавад. Аммо ин барфу бороне, ки рӯзҳои охир ҳамаҷоро мешӯяд, ба куҷо мерезаду ба куҷо меравад? Солҳои пеш вазъият чунин набуд, барфу борон буд – набуд, барқ буд!!! Масъала норавшан боқӣ мондааст. Ё ин ҷо таги коса нимкосае ҳасту мардум дар азобанд?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube