Дар яке аз шумораҳои газетаи СССР «Ҳоҷибинон тарси асосии ҳоҷиҳо” ном мақолаи устод Саъдӣ Маҳдиро хондам. 1 шиносам, ки аз овардани ному насабаш худдорӣ мекунам, дар ш.Бохтар зиндагонӣ мекунад. Ҷойи кори хуб дорад, маоши ҳар моҳ мегирифтааш ба зиндагониаш мерасад. Ӯ моҳи январи соли ҷорӣ ба ҳаҷ рафт. Баъди адои ҳаҷ ба 2 писараш, ки ҷойи корашон сердаромад аст, телефон карда гуфт, ки рӯзи омадани ман гов кушта, маърака ороед. Писаронаш сухани падарашонро нашикаста, гов кушта, дар 1 дег шӯрбо, дар деги дигар оши палав пухтанд. Дар 3 хона кӯрпача партофта, дастархон паҳн карданд. Дар болои дастархон обҳои гуногун, меваю сабзавот, нону чапотиву кулчақанду орзуқу самбӯсаю дигар чизҳо гузоштанд. Меҳмонҳо ва хешу ақрабо, ки ба зиёрати ҳоҷӣ омада буданд, аввал оби замзам нӯшиданд. Баъд шӯрбо ва оши палав хурда, дар ҳаққи ҳоҷӣ дуои фотиҳа карда, хеста рафтанд. 2 дег хӯрок ба меҳмонон нарасид…
Нархи орд, гӯшт, равған, меваю сабазавот, тухм имрӯз дар бозор дандоншикан шудааст. Оилаҳои камбизоат моҳҳо гӯштро намебинанд. Дар байни мардум барои ба ҳаҷ рафтан мусобиқа шудааст. Баъзеҳо аз бонк пул гирифта, ба ҳаҷ мераванду баъди бозгашт сахт кор карда, қарзи бонкро месупоранд. Шахсони пулдоре ҳастанд, ки дар 1 сол 2-3 бор ба ҳаҷ мераванд. Дар маҳаллаи зисти сарватмандон ятимон, маъюбон, кару гунгон, пиронсолон, касалиҳои рӯҳидошта, занҳои бефарзанд ва оилаҳои камбизоату ниёзманд зиёданд. Сарватмандону тоҷирон, агар дори хайру саховатро ба руйи ятимону маъюбон дароз кунанд, худованд ба рӯзгор ва хонадони онҳо файзу баракатро даҳчанд мегардонад.
Мо мардуми тоҷик бештар дар лойи хурофот ғутидаем. Дар маъракаҳои мекардагӣ ба исрофкорӣ роҳ медиҳем. Пас тоҷик аз куҷо бой мешавад?
Ман ба пешниҳоди Саъдӣ Маҳдӣ ҳамфикрам. Ҳоҷӣ аз ҳаҷ бояд бо дасти холӣ биёяд ва тӯҳфа додану деги ошу гӯштбирён аз байн равад. Ва ҳамон маблағеро, ки ҳоҷӣ сарф карда, ба ҳаҷ меравад, бигзор барои харҷи фарзандони худ дар соҳаи илм сарф кунад.
Ҳазратқул Бобохонов,
сокини ҷамоати шаҳраки Киров,
н. Вахш
