РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ВАХШ РАВ!

Баъди шикоятҳои пай дар пайи сокинон ва ҳамкорӣ накардани масъулони ноҳиядор дар робита ба Фармони № 622, инчунин ошноӣ бо вазъи зисти мардум, ҳайати эҷодии рӯзномаи мардумии СССР тасмим гирифт, ки ин навбат ба н.Вахш сафар анҷом диҳад.

Турсунзодаи машҳуру боғи хору зор

29.03.2024. Соат ба вақти Вахш 11:10 дақиқа. Чун ба ҳудуди ноҳияи Вахш вуруд мешавӣ, дар масофаи на он қадар дур бо боғи истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатии ба номи М. Турсунзода во мехурӣ. Боғ аз марказ дур нест, вале аз дидани он табь нороҳат шуда, бар ҳоли зори ин боғи

“муаллақ”дилатон месӯзад.

Дохили боғ ба ғайр аз арчаҳои бузургу куҳансоли бенигоҳубин ва 1 дона бодпараки давраи дақёнусӣ монда, дигар ягон бӯе аз фароғату фарҳанг нест. Арғунчаки боғ кайҳо ҷояшро муайян кардааст. Ин ҳам бошад барои оҳанпора супоридан. Диққати моро инчунин биноҳои дохили боғ, ки ҳамагӣ берангу таъмирталабанд, ба худ кашида, фаҳмидан хостем, ки боз дохили он чи корхонае ” фаъолият ” пеш мебарад.

Раҳораҳ бо директори боғи мазкур, ки худро Раҳмон Зубайдов муаррифӣ кард, ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи ҳолати табоҳи ягона маркази фарҳангию фароғатии ноҳия, ки масоҳаташро 4, 63 га дар бар мегирад, маълумот гирифтем. Тавре дар сӯҳбат директори боғ гуфт, имсол раиси ноҳия дар нақшаи ободонии маҳал масъалаи таҷдиди боғи мазкурро ҳам илова кардааст. Ва дар ояндаи наздик ҳолати боғ беҳтар ХОҲАД ШУД!!!

Театри лӯхтак дар даруни боғ?

Дар боғ ҳамзамон 1 бинои кӯҳнаву фарсуда ба чашмамон бархурд, ки инро масъулону коргарон бинои театри лухтаки ноҳия унвон кардаанд. Ин театри бефаъолият қисмати зиёди замини боғро ишғол карда, умри на онқадар зиёд дидаасту имрӯз ба 1 иншооти валангор табдил ёфтааст. Он дар баланси кадом ниҳод аст, касе ба ин суол посух гуфта натавонист. Ороиши асосии ин боғро ҳамон 5-6 овезаву навиштаҷоти куҳна ташкил медиҳанду халос. Сафолаку роҳравҳоро кайҳо иваз кардан мебояду вазъияти кунунии боғро кайҳо тағйир додан лозим аст.

Зимни сӯҳбат директор илова кард, ки дар маҷмӯъ барои ободонии боғ дар соли 2024  ҳудуди  21300 сомонӣ аз буҷети маҳал ҷудо гардидааст.

 

Гулгашти арӯсон

1 ишораи кормандони боғ моро дар тааҷҷуб монд, ки ин ҷо ҳангоми шукуфтани гулу майсаҳо ба гулгашти навхонадорон табдил меёбад. Яъне домодону арӯсон дар ин макон ҳангоми шукуфаҳо ба сайр омада, ин мавзеъро ройгон тамошо мекунанд. Коргарони боғи мазкур бошанд, аз ҳар 1 ваҷаб замин самаранок истифода мекунанду дар заминҳои боғ маҳсулоти хоҷагии қишлоқ парвариш. «Музди маоши якмоҳаи коргарон аз 500 сомонӣ то 1000 сомонӣ буда, маош ҳар моҳ саривақт дастрас мегардад», гуфт Раҳмон Зубайдов.

 

1 бому чанд ҳаво

Агар ба тарафи дигари боғ равед, ин ҷо маркази будубоши рӯзонаи ташкилоти “Маҳбуб” – и н.Вахшро вомехуред. Тавре мушоҳида шуд, дар ин мавзеъ бо маъюбон сару кор мегиранду ройгон бо онҳо машғулият мегузаронанд.  Заргулой Юлдошева бо ҷамъи кормандон, ки ҳамагӣ 14 нафарро дар бар мегирад, ба маъюбон хидматрасонии иҷтимоӣ, физиотерапевтӣ, равонӣ расонда, кор бо модарони маъюбро ба роҳ мондаанд. Заргулой Юлдошева изҳор дошт, ки дар рӯзҳои иду ҷашнҳо дар боғе, ки мо бар дохилаш фаъолият дорем, кӯдаконро метавон дид.

    – Дар рӯзҳои ид соҳибкорон барои хушҳолии кӯдакон ҳар гуна бозиҳо оварда, ишонро саргарму хушҳол мекунанд. Албатта чунин бозиҳо   шахсианд, ки пас аз ид соҳибонашон бо худ мебаранду боғ ҳамон гуна урён мемонад, – афзуд ӯ.

Дар ҳамин марказ ҳам аз лимит шикоят карданд. Чуноне гуфтанд танҳо бегоҳ қатори мардум барқ дастрас асту рӯзона онро намебинем. Ба гуфти коргарони марказ ин ҷо пеш 1 ҷазираеро мемонд, ки бо ташаббуси худи коргарон ба ҳамин макони диданӣ табдил ёфтааст.

 

Муаммои асри пор

Боғро бо ҳолаташ тарк карда, ба маркази ноҳия омадем. Ин ҷо барои гузоштани мошини шахсиву корӣ ҷой пайдо кардан амри маҳолест. Ва ин масъала солҳост, ки боиси норозигии сокинон гаштааст. Нусратуллои Хайриддин, 1 сокини ноҳия аз он гилагузор аст, ки мо солҳои зиёд ҳамин ҳолро дорем:

   – На терминал дорему на бозори марказӣ. Барои ба нақлиёт савор шудану ба маркази вилоят рафтан, ронандаҳо ба ҷону ҳолат намемонанд. Чи гуфтугӯҳое, ки намешавад ин ҷо. Боз аз рӯзе, ки автобусҳо ба хатсайр баромаданд, тамбашавии нақлиёт дучанд афзуд. Ба назар чунин мерасад, ки ин мушкили мо охир надорад, чунки касе на парвои бунёди терминал дораду на танзими нақлиёт.

Дар ҳақиқат бинобар надоштани бозор савдои кӯчагӣ рушд намуда, роҳи бе ин ҳам танги пур аз мошинҳоро якбора тангтар кардааст. Истгоҳҳои дар гузашта бунёд гардида, ҳоло ба мағозаҳо иваз шудаанд. Ва чаро тамбашавӣ то ин ҳол мерасаду кормандони БДА назорат намебаранд, суолест матраҳ. 1 саволи дигаре, ки мо хостем аз намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия пурсем, ин равоуи воситаҳои нақлиёти сабукрави  “Чакан» ва «4545” буд.

Чунин навъи таксиҳои муосирро дар ноҳия бисёр метавон дид. Ва онҳо мисли одамони “муосир” ба касеву чизе аҳамият надода, кучое хоҳанд ист карда, мусофир мегиранду мефароранд. Мухбирони газетаи СССР борҳо ин масъаларо ба миён гузошта бошанд ҳам, вале аз санг садо ҳасту аз соҳибони ноҳия неъ! Чаро?

 

Терминал ҳаст, вале…

Дар МИҲД н.Вахш ба мо иттилоъ доданд, ки дар ноҳия терминали мусофиркашонӣ ҳаст, аммо дуртар аз марказ воқеъ гаштааст. Инро фаҳмида, мо ҳам ба сӯи ин терминал шитофтем. Раҷабалӣ Юсупов ном шахс роҳбарии ин терминалро, ки аз соли 2000-ум амал менамояду «Восток» ном дорад, ба ӯҳда доштааст. Вай яке аз сабабҳои тамбашавии нақлиётро дар ноҳия ин истгоҳи аниқ надоштани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш унвон кард.

   – Айни ҳол дар терминали мо 10-12 микроавтобус дар ҳаракатанд. Нақлиёти сабукрав ҳам дар ҳамаи хатсайрҳои дохилиноҳиявӣ ва самти шаҳри Бохтару Ҷ. Балхӣ низ фаъолият мебаранд, – гуфт директори терминали «Восток».

Вале бо ин ҳама тамбашавию ҳолати бади нигаҳдории нақлиёт танҳо дар маркази ноҳия ба чашм мерасад ва вақти он аст, ки мардум одоби аз терминалҳои мусофикрашонӣ истифода карданро омузанду ба ҳар гуна сабукравҳои сарсарие, ки дар сари роҳҳо ист кардаанд, мақомот ҷиддӣ муносибат намоянд. Намегӯем таксиҳои расмиву ғайрирасмиро ронанд. Неъ! Вале танзим дар соҳаи нақлиёт  бояд ҷорӣ гардад.

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 

Н. Қосимзода,

Бохтар – Вахш – Бохтар

СССР

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube