18.04.2024. Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, рӯзҳои 18-19 апрел бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд: ҳайати фарҳангиёни кишвари ҳамсоя барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги ҶӮ дар ҶТ аллакай ба ш.Душанбе омадаанд.
20.04.2024. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия низоми раводид ҷорӣ кард: беҳтарин кор!!!
Дар 10 рӯзи аввали мавсими даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар кишвар нақшаи даъват 50 % иҷро шуд.
Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, арзиши хадамот барои довталабоне, ки маълумоти миёнаи умумӣ (хатмкунандагони синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд, 330 сомонӣ ва барои довталабоне, ки маълумоти умумии асосӣ (хатмкунандагони синфи 9) доранд, дар соли ҷорӣ 230 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар арафаи Рӯзи пойтахт дар ш.Душанбе 6 миллион адад гули лола шинонда шуд.
