Хоки падарон…

19.05.2026. Иқдоми навбатии наҷибонаи Президенти ҶТ, ки хоки 3 тан аз номвардорони миллати тоҷикро дар авоили асри ХХ, Шириншо Шоҳтемуру Нусратулло Махсуму Нисор Муҳаммади Афғонро ба Душанбе овард, 1 иқдоми шоҳона буд! На каму на беш!!! Шарҳ медиҳам чаро? Мо Метавонем!

Аввалтар аз он шуруъ мекунам, ки дар шумораи пор, чаро ҷои сармақолаи худро ба ҳамкорам Шамсиддин Муқимов бахшидам. Зеро Шамсиддин аз ҷои воқеа гузориш мекард ва табъану зотан, саҳ 2 ин бор ҷои ҳалолаш будӣ, ки ин мартаба низ ҳалолаш бод!

Руиҳамрафта, СССР барвақт медонист, ки чунин иқдом сурат мегирад. Аммо чун дигар расонаҳо, ки пешдастӣ мекунанду воҳимаву сенсатсия, ки метавонад, садди роҳи чунин шоҳкориҳо гардад, мо лаб фурӯ бастем ва мунтазир нишастем, ки аввал Хоки Падарони маънавии Миллатро биоранд, сипас гузоришро нашр мекунем. Мо Метавонем!

Усулан арҷгузорӣ ба Хоки Падарон ин қадршиносии миллат аст ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин иқдом нишон доданд, ки кайҳо фарзанди ин миллат нестанд: -Эмомалӣ Раҳмон Падари ин миллат аст! Мо Метавонем!

Зимнан хотиррас мешавам, ин бори аввал нест, ки Президенти мо хоки бузургонро ба кишвари худашон меорад. Агар касе фаромӯш кардааст, ман, Сайёфи Мизроб хотиррас менамоям, ки Хоки Камолро (Камолиддин Масъуд, маъруф ба Шайх Камол; 1321, Хуҷанд — 1400, Табрез) ӯ аз Эрон, соли 2015 дар арафаи Наврӯзи Ориён, оварда, дар маркази шаҳри Хуҷанд, ки собит шудааст, хонаи Камол ҳамин ҷо будааст, мадфун намуданд, мақбарае сохтанд ва хотири ношоди Камолро, ки умре дар ҳасрати Хуҷанд месухт, ором карданд.  Вагарна рӯҳи Камол абадан думболаи ин мисраъҳо саргардон мемонд:

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин чо ғариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб.

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб.

Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чи донӣ ҳоли мо,

Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб!

Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист

Ҳоли зори мустаманде, монда дур аз мо ғариб.

Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,

Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!

Ва ахиран бунёдгузорони РАСС ва сипас РСС Тоҷикистонро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе оварданд. Оре, фикр мекунам, арвоҳи ишон ба думболаи хоки пурҳасрате аз мазори Донскойи Маскав то бар Душанбе омад. Зеро арвоҳ вақте ором мегирад, ки садои даъват ба ҷанозаашро мебишнавад. Ва вақте Президент пеши ин 3 хокдон сари таъзим ФУРУД оварданд, ба таҳқиқ миллати тоҷик, халқи ин бумгоҳ, Давлати Тоҷикон пеши асосгузорони хеш сари таъзим хам кард. 2 бор сари таъзим овардани Президентро дидаам: аввал дар сессияи 16-уми таърихии Хуҷанд назди Парчами Давлатӣ ва инак пеши ин 3 капсулаи хоки қаҳрамонони миллат. Лаҳзае буд, ки то ҷовидон дар дилҳои миллат бо ҳуруфи тиллоӣ ҳаккокӣ шуд. Брависсимо, Эмомалӣ Раҳмон!!!

Зимнан, хабарнигори маскавии мо аз пурсишу тадқиқ муайян намуд, ки аз мазори Донской, танҳо мо 3 хоки турбати бузургони худро овардаем. Дигар ягон миллату давлату республикаҳои собиқи советӣ ин корро накардаанд. Мутмаин бош, хонанда, акнун онҳо низ ин корро мекунанд… Мо Метавонем!

Руиҳамрафта, бо супориши вежаи Сарвари Давлат баъд аз 32 ҳазору 485 рӯз ҷанозаи ин 3 нафар бечораи бо туҳмат кушташударо, дар Масҷиди марказии ш. Душанбе, пойтахти РАСС ва РСС Тоҷикистон, давлате, ки сохтаанд, хонданд ва арвоҳашон шоду руҳашон ором гирифт.

Фузунтар аз ин хоки ин 3 танро бурда, дар Пантеони Миллӣ, мазори Лучоб, дар ҷои аз ҳама диданӣ дафн карданд, ки имрӯз тамомии технократу миллатпарастон ба зиёраташон мераванд. Дигар кадом давлате чунин корро кардааст? Ман надидаам. Шояд танҳо амрикоиҳо чунин қадршиносанд. Шояд. Аммо дар ҳавзаи собиқ СССР ин барои нахустин бор аст, ки аз қаҳрамонҳои хеш чунин шарафмандона қадрдонӣ мекунанд. Мо Метавонем!

Иқдоми мазкур ҳушдоре ба фарзандони фарзонаи миллат низ буд, ки агар шумо барои таҳкими давлатдории Тоҷикон коре назаррас мекунед, баъди садсолаҳо низ ин миллат ба шумо арҷ мегузорад ва намемонад, ки мурдағариб бошед. Зимнан ба фикри сирф фардии ман акнун соате фаро расида, ки хоки турбати 2 тани дигар ба Душанбе оварда шавад. Танҳо он дам Лучоб воқеан ҳам Пантеони Миллӣ мегардад.

Аввал хок ва ё турбати Лоҳутӣ:

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ, маъруф ба Абулқосим Лоҳутӣ, 12 октябри соли 1887 дар Кирмоншоҳи Эрон таваллуд шуда, 16 марти 1957 дар Маскав, пойтахти СССР фавтидааст. Лоҳутӣ баъд аз оне, ки инқилоб дар Эрон шикаст хурд ба СССР фирор карда, солҳои тулонӣ дар Маскав зиста, яке аз поягузорони адабиёту сиёсати Тоҷикистони советӣ буд. 1 далел кофист, то номаш ҷовидона дар дафтарчаи ёддошти миллат сабт шавад:

-Лоҳутӣ дар ҳамон солҳои репрессияи сталинӣ, ки воқеан ҳам 3 фарзанди фарзонае, ки хокашонро овардему ҷаноза ва гӯр кардем, низ мавриди туҳмат қарор мегирад ва ӯро Лоҳутӣ халос менамояд. Қисса дароз аст, аммо агар Лоҳутӣ намебуд, Асосгузори адабиёти советии Тоҷик Садриддин Айнӣ низ репрессия мешуд. Зимнан Лоҳутӣ яке аз шуарои қавии адабиёти советии Тоҷик низ мебошад. Дар ёддоштҳои устод Худойназар Асозода омадааст, ки Лоҳутӣ ҳатто васият низ карда, ки агар дар Эрон инқилоби советӣ ғалаба кунад, ҷасади маро ба он ҷо бубаред, вале агар на, пас дар Душанбе ба дасти хок диҳед….

Пас аз ин ҳама, бояд муште хоки мазори Исмоили Сомонӣ-асосгузори Давлатдории Тоҷиконро низ аз Бухоро оварду 1 мақбарае ҳамсону монанди мазори бухорияш сохт, то мардум, ки усулан имкону тавони ба Узбекистони бародар сафар карданро надоранд, дар ҳамин Лучоб ӯро зиёрат кунанд.

Чунин қабрҳои ифтихорӣ дар Тоҷикистон зиёданд. Фарзи мисол, мардум ба зиёрати мазори Ҳазрати Султони Қаранӣ ба Ховалинг мераванд. Дар асл мазори Увайси Қаранӣ дар Сурия аст. Ин мазори ифтихорист.

Пас чаро ба бузургтарин Тоҷик, Абуиброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ  (апрели 849, Фарғона — 24 ноябри 907, Бухоро) — асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон — давлати Сомониён, волии Бухоро (874—892), амири Мовароуннаҳру Хуросон (892—907), ки Падари таърихии Миллати мост, дар оромгоҳи Лучоб мақбарае бузург насозем? Танҳо дар ин сурат Пантеони Миллӣ комил мегардад. Мо Метавонем!

Воқеан ҳам бо дастури фардии Президенти кишвар 2 шоири муваффақ дар зиндагониашон ба Тоҷикистон оварда шуда буданд. Яке Бозор Собир, ки дар маркази шаҳр бо хона таъмин гардид. Худо раҳматаш кунад, устод Бозорро, баъди фавташ қариб ним сол ҳукумат даводав кард, то ҷанозаашро ба Душанбе оранду дар Лучоб гӯронанд.

Дигарӣ бошад шоири саршинос тоҷиктабори Россия устод Тимур Зулфиқоров, ки шукри Худо зиндаанд. Воқеан ҳам моҳи август Зулфиқоров, ки ба наздикӣ барандаи ҷоизаи Пушкин дар Россия шуд, ба синни мубораки 90 мерасанд. Бисёр хуб мешуд, агар вазорати фарҳанг, ИНТ аз ин сана таҷлил мекарданд ва ба устод Ҷоизаи Рӯдакиро медоданд. Зеро дар баробари воқеан ҳам шоири бузурги рус будан,  ӯ то вақте дар Душанбе ҳаст, меҳмони азизи Президенти гиромии мост.

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube