МТМУ № 3 – и н. Абдураҳмони Ҷомӣ аз солҳои 40 – уми асри гузашта инҷониб арзи ҳастӣ дошта, то ба имрӯз шогирдони зиёдеро ба камол расондаю ба хоҷагии халқи мамлакат бахшидааст.
Имрӯза ин кохи маърифату дониш дар гузашта, дар заминаи ҳамагӣ 2 синфхонаи тангу торики бемористони ноҳия бунёд ёфта, дар ҳолати ногуворе қарор дошт. Бо вуҷуди танқисию мушкилиҳо, набудани одитарин шароити кору таҳсил омӯзгорони дилбохтаи касб шогирдони ташнаи илму донишро бо дилу дидаи гарм истиқбол намуда, онҳоро ба таълиму тарбияи хуб фаро мегирифтанд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ, симо ва шароити кору таҳсил мусбӣ дигаргун гардид. Омӯзгорону хонандагон дар бинои дуқабатаи замонавӣ, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир аз пайи кору омӯзиши илмҳои замонавианд. Бо 1 сухан, муассисаи мазкур ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил ёфтааст.
Ин ҷо мехоҳам, ки аз фаъолияти созандаю пурсамари омӯзгорони солҳои 70 – уми мактаби мазкур ёдовар шавам. Аз онҳое, ки бо иҷрои софдилонаи рисолати худ тавонистанд, аз худ номи нек боқӣ гузоранд:
-Мирзоев Ғиёсиддин, нахустдиректори мактаб, собиқадори ҷангу меҳнат, Маҳмадаминов Яздоншо, ҷонишини директор, Забиров Илёс, омӯзгори фанҳои химия ва биология, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Муаллими Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Президуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, Қурбонов Мирзобег, номзади фанҳои физика ва математикаи собиқ УДТ ба номи В. И. Ленин, имрӯза ДМТ, Назаров Бекназар, омӯзгори фанни таърих, Сафаров Ҳафиз, Мунавваров Олим, омӯзгори фанни таърих, Маҳмадов Ҷӯра, забон ва адабиёти тоҷик, (мактаб ба номи писари ҳамин шахс – Маҳмадов Суннатулло номгузорӣ шудааст) Нозимов Зоҳир, омӯзгори фанни математика, Сафаров Муслиҳиддин, омӯзгори фанни география, Абдуллоҷонов Маҳмадҷон, Саидов Аламшо, Ҳамроева Қиматгул, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, доктор Ирина Ивановна, Тоскабулова Зоя Яҳёевна, Голф Клара, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти рус, Абдуҷабборов Ҳасан, омӯзгори варзиш…
Шарифҷон Раҳимзода,
узви ИЖТ, собиқадори МТМУ №3
ба номи Маҳмадов Суннатулло,
деҳаи Арали
н. А.Ҷомӣ
