ПОЁНИ «ҶАНГИ 100-СОЛА» ДАР БИШКЕК…

Дар унвонии матлаб ягон саҳву хатое нарафтааст. Воқеан ҳам Тоҷикистону Қирғизистон ба моҷарое нуқта гузоштанд, ки аз моҳи ноябри соли 1924, бо эъломи тавлиди РАСС Тоҷикистон ва автономияи Қара-Қирғиз ба миён омада буд, ки мубораки ҳар 2 миллату давлат бод!

Хотиррас мешавем, ки соли 1922 ташаббускорони маҳаллӣ мехостанд Вилояти Автономии Кӯҳистони Қирғизро дар ҳайати РСС Туркистон бунёд гузоранд. Вале бо имзои шахсии Сталин И.В. дар таърихи 04.06.1922 ин хостаи онҳо бароварда нашуд. Танҳо баъди 2 сол, дар Сессияи 2-и умумироссиягӣ (ВЦИК) дар таърихи 14.10.1924 иҷозат шуд, то дар ҳайати Туркистон Вилояти автономии Қара-Қирғиз бунёд ёбад, ки соли 1925 номи Вилояти Автономии Қирғизистонро гирифт.

Воқеан ҳам аз соли 1920 то 1925 Республикаи Советии Сотсиалистии Автономии Қирғиз дар шуравӣ вуҷуд дошт, ки баъдан номи РСС Қазоқистонро гирифт. Зимнан набояд ун республикаро бо вилояти автономии Қирғиз дар ҳайати Россия омехта кард. Зеро инҳо тамоман ҷузъу томҳои алоҳида мебошанд. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Қирғизистон, дар ҳамин шаклу сурат ва бо ҳамин қавму миллат танҳо дар соли 1926 тавлид гашта, то соли 1936 арзи ҳастӣ намуд.

Пойтахти ин автономия дар аввал Пишкек (ҳоло Бишкек) эълон гардид. 12.05.1926. Барои абадӣ гардонидани насаби лашкаркаши маъруфи шуравӣ, фотеҳи Бухорои Шариф ва сарнагунсози султаи амир Олимхони манғит, Михаил Фрунзе, ки 31.10.1925 фавтида буд, Пишкек-зодгоҳи ахирӣ, ба шаҳри Фрунзеград ва сипас Фрунзе табдили ном кард. Шаҳри Фрунзе, чун пойтахти Қирғизистон то соли 1991 вуҷуд дошта, ба шарофати бозсозӣ боз ба Бишкек табдили ном кард.

05.12.1936. РАСС Қирғизистон, ки дар ҳайати РФСР амал мекард, ба РСС Қирғизистон табдил ёфта, узви комилҳуқуқи давлати СССР шуд.

14.10.1924. Тоҷикистон бошад дар ҳамин рӯзу моҳу сол дар ҳайати РСС Ӯзбекистон, чун автономия ё худ РАСС Тоҷикистон, бо пойтахташ Дюшамбе зуҳур карда, сипас дар таърихи 05.12.1929 чун РСС Тоҷикистон, бо пойтахташ Сталинобод, узви комилҳуқуқи давлати абарқудрати СССР гардид. Соли 1961, баъди «инқилоби Хрушевӣ» ва маҳкумсозии «шахсиятпарастии Сталинӣ», шаҳри Сталинобод боз ба Душанбе табдили ном кард.

Газетаи мардумии СССР борҳо гуфтаву боз мегӯяд, ки технократҳои мо БОЯД ин санаҳоро бо ин санадҳо ҳаргиз ба фаромӯшӣ надиҳанд. Мо низ медонему меболему мегӯем, ки миллати мо ба камӣ таърихи давлатдории 6000 сола дорад. Аммо шаҳодатномаи таваллуди Тоҷикистони азизи имрӯзаи мо маҳз ба даврони шуравӣ ва ба ҳамин сана (14.10.1924 ва 05.12.1929) рост меояд.

Мунсифона бояд гуфт, ки дар авоили тавлид ва ҷобаҷогузории ҷумҳуриҳои шуравӣ Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳама республикаҳои зарбхӯрда ва зиёнрасида шуданд. Сароғоз ба ин 2 кишвар аслан намехостанд ҷумҳурӣ ҷудо кунанд. Вале бо талоши намояндагони сарсупурдаи ҳар 2 кишвар ахиран Тоҷикистону Қирғизистон низ ҷумҳуриҳои комилҳуқуқи давлати шуравӣ бо Сарқонун, Парчам ва Суруди миллии худ гаштанд. Дар соли 1991, баъди пошхӯрди СССР бошад, ин 2 кишвар Истиқлоли Давлатӣ ба даст оварданд.

 31.08.1991. Шӯрои Олии РСС Қирғизистон «Деклоратсияи истиқлолияти давлатӣ»-ашро ба тасвиб расонида, худро Ҷумҳурии Қирғизистон эълон кард.

 09.09.1991. Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон низ зери «Эъломияи Истиқлолияти Давлатӣ» имзо гузошт. Минбаъд давлати мо Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон гирифт.

Яъне хоҳем нахоҳем, таърихи навин ва Шаҳодатномаи давлатдории мову қирғизҳо ба ҳам сахт бастагӣ дорад ва ин 2 давлату ин 2 миллат абадан ҳамсояву ҳаммарз ва ҳамдевору ҳамтақдир хоҳанд монд. Хеле шодам, ки ахиран, бо сари кор омадани раҳбарияти нав дар Бишкек, қирғизҳо низ ин ҳақиқати оддиро дарк карданд, ки бо ҳамсояи хеш бояд сулҳ басту дар сафо ба сар бурд. Ин ҳақиқатро Душанбеи расмӣ кайҳо дарк кардаву талош дорад, бо ҳама ҳамсояҳояш аз зовияи дӯстӣ нигарад, на зӯргӯӣ. Мо метавонем!

Ҷои зикр аст, нофаҳмиву кашмакашу занозаниҳои намояндагони ин 2 миллат, ки тӯли 100 сол (!!!) марзашон аломатгузорӣ набуд, зиёд ба амал меомад. Аммо дар даврони советӣ ин низоъҳо пардапӯш будандӣ. Танҳо задухӯрди мардуми 2 ҷониб дар моҳи июни соли 1989, ки дар СССР фошгӯӣ ва бозсозӣ ҳукм меронд, расонаӣ шуд. Банда бо амри тақдир ҳамин шабу рӯзҳо дар меҳмонии шарикдарси питериям, журналисти тавонои тоҷик – Мухтор Абдуллоев, дар деҳаи Ворух будаму шоҳиди бевоситаи ин задухӯрд гаштам. Ҳамон даврон муншии Ҳизби Коммунист Қаҳҳор Маҳкамов ба Исфара омад ва аз сӯи аҳолии маҳаллӣ дар деҳаи Иттифоқи н.Исфара, тибқи овозаҳо, ҳатто дар 1 оғил қариб бандӣ мегашт. Ин моҷаро оғози шуруъи низоъҳои марзӣ ва шикасти комили КПСС дар Осиёи Марказӣ шуд. Гуфти русҳо «процес пошёл» ва дигар чизе садди роҳи ин кашмакашҳо будаву шуда наметавонист.

Даргириҳои хунинтарин дар ин марз ба апрели соли 2021 рост омад, ки бар асари он бисёр нафар аз 2 ҷониб кушта ва сарҳад қатъан баста гардид. Дар ин миён чанд бори дигар даргириҳои хунин ва хушунатбор доир гашт, ки бо дасти душманони ин 2 миллат, аз хориҷа назорат мешуд. Хабарнигори мардумии мо, узви Ихвон ал СССР, фарди ватанпарасту ҷавонмарди ҷасур – Меҳрӯзиддин Болтаев, дар яке аз ҳамин даргириҳо кушта шуд, ки ҷояш ҷаннат бод. Дар ин бора СССР бисёр навиштааст ва такрори онро лозим намешуморем. Танҳо ин нукта бас, ки ба ин ҳама нофаҳмиву нороҳативу низоъу кашмакашҳо ҳамакнун нуқтаи ғафс гузошта шуд ва руҳи Меҳрӯзиддину садҳо куштаи 2 ҷониб аз ин Созише, ки ахиран баста шуд, шод гардид….

 13.03.2025. Сар аз ҳамин рӯз, дар таърихи давлатдории 2 миллати ҳамдевор марҳалаи нави созанда оғоз шуд, ки онро ҳамсоягии шоиста ва ҳамдевории дӯстона меноманд, ки муборакамон бод.

Дар охир наметавон сари он афроде тамаркуз накард, ки тоҷику қирғизро ба мувофиқа оварданд. Аз ҷониби Тоҷикистон азму талошу хизматҳои арзандаи Саймумин Ятимов раиси КДАМ-ро метавон алоҳида таъкид намуд. Танҳо дар сатҳи баланди давлатӣ медонанд, ки ин гуфтушунуфтҳо чӣ қадар бо мушкилӣ мегузашт. Вале чун сарбози қатории Мактаби бузурги музокиравии Эмомалӣ Раҳмон генерал Ятимов тавонист бо таҳаммулу сабр сари мизи музокироти тулонӣ нишинад ва бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев забон ёбад. На беҳуда ҷадди мо мегуфт:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Хизмати Раҷаббой Аҳмадзода-раиси вилояти Суғд, ки қариб ҳар ҳафта, бо раисони вилояту навоҳии наздимарзии ҶҚ дидор ва гуфтугӯ мекард, низ ҷои ситоиш аст. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти ҶТ низ дар ин гуфтумонҳо ширкат ва саҳми бориз дошт…

Ва аммо бе ҳеҷ шакку тардид тамомии амали онҳо таҳти назорат, контроли бевосита, ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва муколамаи тулонии пуршебу фарози марзӣ аз номи сарвари давлати Тоҷикон мегузашт. Ҳайати Тоҷикистон таҳти ин 4 мисраъ аз номи сарвари давлати хеш вориди муколама мешуданд:

Хирадманд бошеду равшанравон,

Ниюшандаву чарбу ширинзабон.

Бад-он анҷуман ту забони манӣ,

Ба ҳар неку бад тарҷумони манӣ.

Маҳз хиради азалии 2 миллати ҳамҷавор ва бе ҳеҷ шакку тардид, таҷрубаи хеле бойу ғании музокиравии Пешвои миллати мо будӣ, ки ахиран Бишкеку Душанбе санги адоват аз бағал раҳо карда, сӯи ҳамдигарӣ оғӯши муҳаббат кушоданд. Ин дӯстӣ ҷовид бод:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube