ДАР ЯК САТР

17.03.2025. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин зимни вохӯрӣ дар ш.Москва ба сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат дар ш.Душанбе ба таври маҷозӣ оғоз бахшиданд.

Аз 01.04.2025 нархи барқ барои аҳолии Тоҷикистон аз 30,75 дирами ҳозира то 35,36 дирам боло меравад.

15.03.2025. Сели пурдаҳшат аз нишеби кӯҳии деҳаи Сангпар ба шоҳроҳи Кӯлоб-Мӯъминобод сарозер шуда, заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Офтоблиқо ва Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ, маҳаллаҳои ба номи Ҳувайдуллоев, Умари Хайём ва Чармгарон зери об монданд.

 17.03.2025. Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанад бахшида ба 700 солагии Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд, ки моҳи июн бояд дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба намоиш гузошта шавад.

 18.03.2025. Аз лаҳзаи боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар 5 рӯзи аввал 4891 нафар онро убур карданд.

21.03.2025. Дар Майдони Истиқлоли ш. Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз «Карнавали Наврӯзӣ» бо мушакпаронӣ ва ҳамзамон дар тамомии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ҶТ барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд. Марҳамат ба Наврӯзи бобоӣ!!!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube