31.03.2025. Хуҷанди Бостонӣ. Ва агар 32 сол муқаддам, дар таърихи 16.11.1993, маҳз дар Хуҷанд, миллати Тоҷик лидер, пешво, роҳбалад ва марди давлатсозеро дар симои Эмомалӣ Раҳмонови 40-сола дарёфтаву аз коми нестӣ раҳо ёфта бошад, пас дар таърихи 31.03.2025 Пешвои Миллати мо ҳодӣ ва роҳнамои кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ гардид, ки муборакамон бод. Мо Метавонем!
Дуруст аст, ки дастоварди ахирии давлатҳои ҳамдевори ОМ, ки таъкид мекунам, БЕ МИЁНЧИГАРИИ давлатҳои Аврупоиву Амрикоӣ, ба каф омад, натиҷаи талоши ҳар 3 лидери кишварҳои ҳамсоя аст. Ва аммо нақши калидии Эмомалӣ Раҳмонро дар ин моваро касе радду инкор карда наметавонад. Зеро, таври маълум, маҳз талошу кӯшишу хиради азалӣ ва дипломатияи гуфтушунид доштани сарвари давлати мо будӣ, ки бо президентони қаблии ҳамсоякишварҳо, ки таври маълум, чашми дӯстӣ бо якдигар ва минҷумла бар мо надоштанд, лидерони давлатҳои ОМ ахиран сари мувофиқа расиданд.
03.09.2016. Дур намеравем, Ислом Каримов тӯли 24 сол, то тавонист, бар давлати мо ситам кард. Ва аммо баъд аз фавташ, ин танҳо Эмомалӣ Раҳмон будӣ, аз миёни тамомии президентони олам, ки ба Ӯзбекистон рафт, ҷанозаи ҳамтояшро хонд, тобуташро сари китф бардошт ва акнун ба ин факт таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ки то ҳанӯз гуфта нашудааст, то лаби гӯр омад, ҷасади Ислом Каримовро бо иззати том ба хонаи ахират гуселонид. Ҳоло дар Ӯзбекистон овозаҳост (инро ҳини сафар ба ин кишвар шунидам), ки ҳатто худашон бо ду дасти адаб ҷасади Ислом Каримовро ба хокдон гузоштаанд!!!
Ва агар хонанда ёд дорад, танҳо баъди ин ташрифи Ҷаноби Олӣ, Дмитрий Медведев-президенти ФР ва Нурсултан Назарбоев-раисҷумҳури Қазоқистон ва дигару дигар лидерҳои СНГ ба Самарқанд омадаву сари гӯри Каримов дуо карданд. Яъне хишти аввали эҳтиромро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд, ки ҳалолашон бод!
Маҳз ана ҳамин иззати оддиву заминии сарвари давлати мо сабаб шуд, ки ба масале яхи сарди муносиботи 2 кишвар об гашт. Шавкат Мирзиёев дар нисбат ба ҳамсоякишвараш, бо сари кор омадан, сиёсати Тошкандро 180 дараҷа тағйир дод ва шукри Худо, 2 миллати ҳамдевор 9 сол шуд, дар иттифоқу иттиҳоди шоистаи 2 давлати дунявӣ ба сар мебаранд.
Роҷеъ ба кашмакашҳои сиёсии тоҷикону қирғизон ҷои сухану суҳбат нест. Зеро таври маълум, то ба сари кор омадани Содир Ҷаппаров, дар ин кишвар хаос ва лже-демократия ҳукмрон будӣ. Воқеан ҳам дар ин бора СССР борҳо навишта буд, ки созмонҳои амрикоии USAID (ЮСАИД), Фонди Сорос, Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) ва боқӣ бо тарҳрезии инқилобҳои рангаву барҳамрезии давлатҳои мусалмонасос побанданд. Моро касе намешунид ва бовар ҳам намекард.
15.03.2025. Шукри Худо, тарафгирии ғояи мо худи … Доналд Трамп-президенти Амрико шуд, ки дар ин рӯз бо 1 имзои муборак маблағгузории ин созмонҳои нифоқангезро баст ва бархе аз расонаҳои номошноро манъ карда, гуфт:
-Инҳо бо дезинформатсия, корҳои ҷосусӣ, револютсия ва қатлу кушту барҳамрезии давлатҳои хурду миёна банд буданд, ки дигар ба мо лозим нестанд!
Айни ҳамин иддаоро пештар Илон Маск-миллиардери амрикоӣ ва дӯсти Трамп мекард ва бо пешниҳоди ӯ ин ниҳодҳо баста шуданд.
Владимир Путин, президенти ФР бошад, 4 сол пеш, ташкилотҳои ҷамъиятиеро, ки бо ин созмонҳо ҳамкорӣ ва аз сӯи онҳо маблағгузорӣ мешуданд, баст ва ҳамаи онҳоро «Иноагент» (ҷосусони хориҷӣ) номид.
Ва ана ҳамин созмону ташкилотҳо дар ҳамсоякишвари мо, ки хотиррас мешавем, дар солҳои ҷанги граждании Тоҷикон (1992-1997) аз дӯстони мо буд, ба гуфтаи худашон, «Ҷазираи Озодӣ дар ОМ» таъсис доданд. Дар ин «ҷазираи ҷазир» ҳар соле ё дераш дар 2 сол 1 ё 2 бор инқилобчаҳо ба миён меомад ва маҳз ҳамин ташкилоту созмонҳо будандӣ, ки тухмаи нифоқ миёни кишварҳои ҳамсояро дар қалби ин миллат мекоштанд. Хушбахтона, Жапаров қадам бар қадам тавонист ин ташкилотҳоро бандад ва низоми қавии ҳукумати президентӣ таъсис диҳад.
Маҳз ана ҳамин сиёсати шадидуллаҳни ахирӣ сабаб шуд, ки даҳони ҷангҷӯён ва нифоқангезон баста гардид, марз бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистон демаркатсия ва таъину аломатгузорӣ шуд, гузаштҳои 2-ҷониба роҳандозӣ гардиданд ва ахиран сулҳу суботи комил ва ҳамкориҳо барои рушд матраҳ шуданд.
Воқеан ҳам 2-3 моҳ пеш ҳатто бовари кас намеомад, ки хатти интиқоли барқии CASA-1000 ба кор медарояду системаи ягонаи ҳалқавии электроэнергетикӣ дубора эҳё мешавад. Вале шуд! Мубораки тамомии халқу қавмҳои ОМ бод. Шахсан ман бар ин назарам, ки ҳамакнун Туркманистону Қазоқистон низ ба сари мувофиқае омадаву муносиботи ҳасана ва мутаносибан муфидро бо ин 3 кишвари фавқуззикр сари даст мегиранд.
1 нуктаи муҳимро набояд фаромӯш кард, ки Неополитикаи глобалӣ мехост, ба Осиёи Миёна бозингари нав-Анқараро ворид кунад ва сиёсати ташкили иттифоқи давлатҳои туркзабон роҳандозӣ гардад. Ҳамоиши ахирӣ, посух ба тарафгирони ин идеяи хом аст. Зеро кишварҳои пасошӯравӣ бо кадом забоне гуфтумон накунанд, фарҳанги ягонаи шӯравимаъоб (ҳомосоветикус) доранд! Ман борҳо гуфтаву ҳини сафарҳо барои худу дигарон собит кардаам, ки фарзи мисол, мо-Тоҷикон бо эрониву афғони ҳамзабону қирғизу ӯзбеку қазоқу турку муғул… ҷое сафар кунем, баъди чанд рӯз ҳатман тоҷику қирғизу қазоқу ӯзбек бо ҳам унс мегирем. Зеро мо маданияти ягонаи 100-солаи рушд ва фарҳангу адаби шуравӣ дорем!
Аз Трамп ва Путин дар боло беҳуда ёд накардем. Боқӣ Раҳимзода мегуфт ку:
Дар дафтари Боқӣ наравад ҳарфи хатое,
Умрест сарояд суруди сидқу сафоро…
Дар Осиёи Миёна дарк карданд, ки хатароти билотасаввуре сари давлатҳо овезон аст, агар якҷонибаву тани танҳо талош кунанд то ба коре муваффақ шаванд. Неополитикаи глобалӣ давлатҳоро, просто, маҷбур мекунад, ки миёни ҳам, ба вежа бо ҳамсоягон, иттифоқу иттиҳод банданд. Ҷанг дар Украина бори дигар собит кард, ки бе иттифоқу иттиҳоде ягон давлат, ҳатто абарқудратон дигар вуҷуд дошта наметавонанд. Зеро сиёсати неоколониализми Ғарбӣ шадидтар мегардад. Имрӯз лидерони давлатҳои бузурге чун Фаронсаву Олмон, Англияву Лаҳистон ва Амрикову Россия аз хатари ҷанги 3-уми ҷаҳонӣ ва набарди атомӣ бонги изтироб мезананд. Кишварҳо фурӯ мерезанд. Украина нисфи хокашро ба замин яксон кард. Фаластину Ғазза комилан бо замин ҳамвор шуданд. Хатари аз байн рафтани Канада барин абарқудрат ба миён омадааст. Гренландия-бузургтарин ҷазира (Австралия қитъа аст, на ҷазира), имрӯз-фардо ба итоати Вашингтон мегузарад, ё ба зӯрӣ ё ба зар, ҳарчанд моли Дания-иттифоқчии Амрико ва узви НАТО ҳам бошад. Яъне «табартақсими нави ҷаҳон» (ибораи дӯстдоштаи Раҳим Масови раҳматӣ) ба миён омадааст.
Пас дар ин шарту шурут иттиҳод бастани Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон айни муддаост. Зеро ба танҳоӣ мушкил аст, хеле мушкил:
Барнамеояд ба танҳоӣ садо аз ҳеҷ даст,
Лол гӯё мешавад, чун тарҷумон пайдо шавад!
Муҳимтарин нуктаи васлати ин 3 кишвари фазосоз дар ОМ ин ҳам ҳаст, ки президентони 3 кишвари ҳамдевор маҳз дар Наврӯз паймон бастанд ва бо ҳамин миссияи Наврӯз расман байнулмилалӣ шуд. Зимнан ин ҳамоиш муште бар даҳони ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоъӣ низ шуд, ки Наврӯзро инкор мекунанду аз ҷануб хатари овезон сари ОМ шудаанд.
Дӯстии абадии 3 кишвару 3 миллат дар Наврӯзи байнулмилалии ориёӣ-Тоҷикӣ, ки ҳамакнун ҷомаи фохири Тоҷикӣ-Қирғизӣ-Узбекӣ ба бар кард, абадан ва қудсан ва табаррукан муборакат бод, хонандаи азиз. Фаромӯш накун, ки ин дӯстӣ, аз ҳамин соат пас, ки ин матлабро хондӣ, ба ман, ту, вай, мо, онҳо…бастагии сахт дорад ва ин аҳди шоҳонаи 3 президентро бояд ҳамаи мо арҷ гузорем ва азиз донем. Мо Метавонем!
