НАВРӮЗИ  ХУҶАНД

31.03.2025. Дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ вохӯрӣ ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони воломақом – Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол намуда, бори дигар онҳоро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, таъкид доштанд, ки ин ҷашн давоми ҳазорсолаҳо барои таҳкими ҳадафҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият хизмат намудааст.

Лозим батаъкид аст, ин мулоқот, ки бори нахуст дар ин гуна формат ва бо ширкати сарони 3 давлати минтақаи Осиёи Марказӣ дар ш.Хуҷанд баргузор гашт, воқеан ҳам ба сиёсату робитаҳои байнидавлатӣ дар минтақа такони ҷиддӣ бахшид.

Меҳвари асосӣ – рушди тиҷорат ва иқтисод

Нахуст ба ш.Хуҷанд Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари корӣ ташриф оварданд. Пас аз истиқболи расмӣ, мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров баргузор гардид.

Сарвари давлати мо меҳмони воломақомро хайрамақдам гуфта, ӯро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва таъкид доштанд, ки вохӯриҳои имрӯза бо назардошти масъалаҳои баррасишаванда аҳамияти хосса доранд.

Ҳарду роҳбар ҳамфикр буданд, ки имзои Протокол дар бораи табодули тасдиқномаҳои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва ифтитоҳи хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Датка-Хуҷанд»-и лоиҳаи CASA-1000 байни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯйдодҳои таърихӣ мебошанд.

Зимни музокирот сарони 2 давлат вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба баррасӣ карда, оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушд ва таҳкими муносибатҳои накуҳамсоягии 2 кишвар табодули афкор намуданд.

Сарони давлатҳо таҳкими муколамаи сиёсии дуҷониба дар ҳама сатҳҳо ва такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо таваҷҷуҳ ба афзун намудани ҳаҷми гардиши мол, мутобиқ ба иқтидори мавҷудаи 2 кишвар ба мақсад мувофиқ донистанд. Дар робита ба ин, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак оид ба рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ, аз ҷумла марказҳои нақлиётӣ ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ бо мақсади тавсеаи имконоти пешбурди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид гардид. Бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва сода гардонидани расмиёти убури сарҳад, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, обу энергетика ва кишоварзӣ, инчунин дар бахши кооператсияи саноатӣ муҳим дониста шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба таҳкими равобити фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳамчунин, оид ба идомаи ҳамоҳангсозии мавқеъҳои 2 кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Музокирот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дар руҳияи созанда баргузор шуд.

Хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд»-и лоиҳаи CASA-1000

Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ – Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин 2 созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.

Баъди табодули Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд»-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Пазироӣ аз Шавкат Мирзиёев

31 март инчунин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро хайрамақдам гуфта, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва аз рушди босуръати муносибатҳои 2 давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Густариши фаъолонаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ махсус зикр гардид.

Зимни суҳбат Сарони давлатҳо аҳамияти имзои Аҳдномаи таърихӣ дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро таъкид намуда, онро боз 1 далели равшани дӯстии қавӣ ва дастгирии ҳамдигарии 2 давлат номиданд.

Зимни суҳбати судманд ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо ҷараёни устувори афзоиши гардиши савдои дуҷонибаро, ки далели иқтидори назарраси мавҷудаи 2 кишвар барои афзоиши минбаъдаи он мебошад, зикр карданд. Афзоиши сармоягузории дуҷониба нишондиҳандаи муҳими густариши ҳамкории иқтисодӣ номида шуд.

Дар ин замина, ба мақсад мувофиқ будани татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт зикр карда шуд.

Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ

Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ – Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.

Санади мазкур дар ҳузури сарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии 2 кишвар ба имзо расид.

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳо

Пас аз музокирот байни кишварҳо мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

– Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем, – зикр намуданд Пешвои миллат зимни суханронӣ. 

Президенти давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии 3 кишварро рӯйдоди бисёр муҳим арзёбӣ намуда, аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи худ ба Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи 2 кишвар равона намояд.

Сарвари давлати мо аз имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва табодули тасдиқномаҳо оид ба он изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бо имзои ин санади таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи сифатан нави рушд оғоз ёфт.

Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони 3 кишвари ҳамсоя ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд.

Шартномаи таърихӣ ва стеллаи рамзӣ дар сарҳади умумӣ

Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии 3 кишвар баргузор гардид.

Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии 3 кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.

Сипас сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи фосилавии стелаи (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Қалъаи Хуҷанд, тантанаи Наврӯз  ва формати нав дар Осиёи Марказӣ

Дар фарҷоми мулоқоти сеҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадри тантанаҳои наврӯзӣ муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба маҷмааи қалъаи Хуҷанд ташриф оварда, бо иншооти муҳташами фарҳангӣ ва намоиши маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, қирғиз ва ӯзбек шинос шуданд.

Бегоҳии он рӯз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари 3 кишвар, иштирок намуда, пас аз он ба кишварҳои худ баргаштанд.

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube