Ҷанги 3-уми ҷаҳонӣ сар шуд: Ҷанги тиҷоратӣ

07.04.2025. Дар биржаҳои ҷаҳонӣ паника, хаос, тарсу ҳарос ва воҳима ҳукмрон гардид. Ва ҳамаи ин дар пасманзари ҷанги эълонкардаи президенти №45-47-уми Амрико. Таври маълум, аввали апрел, Доналд Трамп ба тамомии молу колову маҳсулоти хориҷӣ, ки ба кишвараш ворид мешавад, боҷбандии нав роҳандозӣ намуд. Беҳуда дар ҳадиси саҳеҳ наомадааст, ки:

– Бадтарини уммати ман боҷгиронанд…

Трамп масали мардумии «аз гургак ошкорову аз рӯбоҳак пинҳонӣ»-ро бекор намуд. Мефаҳмонем: Дар баробари ба тамомии молу маҳсулоти Made in USA боҷбандии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, моли худи онҳо бе боҷ вориди Амрико мешуду бе андози иловагӣ ба фурӯш мерафт. Дуруст аст, ки тиҷорат низ дар Амрико дар айни авҷ будӣ. Зеро аврупоиҳо усулан дар мавсимҳои гузариш (либоси баҳору тобистона ва тирамоҳу замистона) ба Амрико омадаву аз ин ҷо Шопинг ё Хариди бузург мекарданд. Зеро маҳсулоти худашон дар кишвари худашон гаронтар аст. Ва аммо бо ҳисобу китоби Доналд Трампи миллиардер ин танҳо фиреби назари амрикоиҳо будӣ. Дар асл, агар ИА, Чин, Ҷопон ва дигар кишварҳо боҷ супоранд, Амрико пуриқтидортар мегардад-гуфт Трамп.

Зимнан, Трампе, ки аз ҷанги саввуми ҷаҳонӣ-Ҷанги ядроӣ ҳарос дорад, ба олами мутамаддин Ҷанги Тиҷоратӣ эълон намуд.

Ҷанги тиҷоратӣ бо Амрико ИА-ро  Осиё овард?

02.04.2025. Ҳамааш аз 1 амри Трамп шуруъ шуд. Ӯ бо 1 имзои муборак Иттиҳоди Аврупо, Хитой ва 211 кишвари оламро андоз баст. Акнун, сар аз 5 апрел давлатҳои дӯсту душман ба Амрико андози иловагӣ месупоранд. Аз 9 апрел бошад, боҷҳои гумрукӣ ба маҳсулоти 86 давлат аз 11 то 59% афзуданд! Молу колои Исроил-17%, Қазоқистон-27%, Молдова-31%, Сурия-41%, Хитой-54% боҷбандӣ мешаванд. Амри Трамп ба вежа саноати Иттиҳоди Аврупоро, ки ҳомили 27 давлати пешрафта аст, малеҳ карда гӯем, захмӣ кард. ИА бояд 20% боҷбандӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои узви ИА, фарзи мисол, Швейтсария то 31% андозбандӣ гардиданд!!!

Коршиносон бар назаранд, ки Ҷанги тиҷоратии Трамп, ки аз рӯи инсоф ва манфиати миллии амрикоиҳо бингарем, дуруст аст, Брусселро маҷбур кард, ки нахустин бор, баъди 80 соли ғалаба бар фашизми гитлерӣ (1945), «тӯпияшро аз сар гирифта, пешаш гузошта, чуқур дар бораи ояндаи худ, фикр кунад». ИА, ки 1 умр зери чатри саноати Амрико ва ҳифозату амнияти НАТО мечархид, ҳамакнун ба ҷустуҷӯи ҳамкорони нав баромада, Бруссели расмӣ, дар сартосари олам ҳамкори тиҷоратӣ меҷӯяд. Ва аммо дар Осиёву Африқо сиёсати колониализми Аврупоро фаромӯш накардаанд ва нахоҳанд кард! Зимнан ба муҳаббати ИА бо шубҳа менигаранд. Мисле, ки шоир гуфта:

Хурсанд машав душман

агар кард муҳаббат,

Хандидани ҷаллод зи

ширинсуханӣ нест!

Ва ин дар ҳолест, ки ИА воқеан ҳам сару калобаашро гум кардааст. Зеро агар аз 1 ҷониб дар ҷанги Русияву Украина дармондаву ҳамакнун маҷбур аст, солона то 200-300 миллиард доллар ба хазинаи Киев резад, пас аз сӯи дигар амри Трамп буҷҷаи Брусселро харобтар мекунад. ИА ҳарчанд, аз асп фаромада бошад ҳам, аз узангу нафаромадаву давову дағои “идомаи ҷанг то ғалаба!” ва “чораҳои фаврии асиметрӣ нисбат ба Вашингтон” мекунад, вале дар асл хеле дар ҳарос аст. Зеро ин ҷангҳо-тиҷоратӣ ва низомӣ ба “сабади истеъмолии аврупоии одӣ зиёни ҷиддӣ овард”. Вазъ агар оҷилан рафъ нагардад (ҳайронанд, чигуна ва бо кадом усул???), пирӯзии миллатгароёни аврупоӣ – ултраростравҳо дар Руминия, Италия, Фаронса ва Германия бармалотар мегардад. Касеро тарсонданӣ нестем, вале таърихро ба ёд меорем, ки аккурат 100 сол пеш, дар арафаи шабу рӯзи Депрессияи Бузург дар Италия Бенито Муссолини, дар Германия Адолф Гитлер ва дар Испания Франсиско Франко сари қудрат омада буданд.           Агар касе фаромӯш кардааст, ин 3 тан фашизми аврупоиро эҳё намуданд, ки ба маргу мири 55 млн дар майдони ҷанг ва ҳудуди 6 млн яҳудиёни аврупоӣ дар конслагерҳои Бухенвалд, Освенсим ва Майданек овард. Усулан аз 18 млн зиндониёни фашизми аврупоӣ, ки имрӯз набераҳошон бар мо демократия ва башардӯстӣ меомӯзонанд, 11 млн нафар сӯхтаву пухтаву кушта шудааст!

Воқеан ҳам рамзист, ки маҳз дар таърихи 11.04.1945, аккурат 80 сол пеш, дар конслагери Бухенвалд бо сарварии коммунисти немис-Валтер Бартел ва коммунисти советӣ Николай Симаков шӯриш сар заду армияи Амрико зиндониёнро озод кард. Сар аз ин рӯз 11 апрел дар сартосари ҷаҳон чун рӯзи раҳоӣ аз фашизм таҷлил мегардад. Ва аммо раванди ахир дар Аврупо бе гуфтумон ҷараёни неофашистии ултра-ростгароёни миллатпарастро сари кор оварданист. Яъне фашизми аврупоӣ ва ормонҳои неоколонизм сари ин мардумро тарк накардааст ва боиси нигаронист.

Рецессия, ё худ афтиши иқтисодии ахир дар Аврупо ва ҷаҳонро коршиносон ба Депрессия (рӯҳафтодагӣ, касодӣ)-и Бузург (1929-39) тавъам медонанд. Индекси биржаҳо ҳатто дар апрели соли 2020, ки Ковид-19 ҷаҳонро такон дода буд, то ин ҳадд поин нарафт, ки баъди эълони Ҷанги тиҷоратии Трамп рафт.

Ба факту далел рӯ меорем:

Рӯзи 1:

03.04.2025. Индекси бозори бузурги ИМА S&P 500 то 4,84% ё худ 5396,52 пункт поин рафт. Арзиши Nikkei (Ҷопон) 225 (-2,77%), Hang Seng (Ҳонконг)

(-1,52%), CSI300 (Чин) (-0,59%), DAX (Олмон) (-3%), FTSE100 (Англия) (-1,55%), CAC40 (Фаронса) (-3,3%) уфтоданд.

Рӯзи 2.

04.04.2025. Дар ин рӯз Пекин ба колои амрикоӣ 34% боҷ эълон намуд, ки ин биржаҳоро боз ҳам такон дод. Индекси бозори бузурги ИМА S&P 500 5,97% уфтода, арзиши  Nikkei (Ҷопон) 225 (-2,75%), DAX (-4,95%), FTSE100 (-4,95%), CAC40 (-4,26%) поин шуданд. Биржаҳои Аврупо оҷилан худро бастанд.

05-06.04.2025. Биржаҳо кор накарда, ба умеде нишастанд, ки Трамп “ягон балош мена!”. Не! Накард. Баръакс, Доналд Трамп гуфт, “ин воҳимаву тарс мегузарад ва Амрико бойу ғанӣ мешавад!”.

Рӯзи 3:

07.04.2025. Фондҳои Осиё ва Аврупо ва биржаҳои пуливу молӣ дар тамоми ҷаҳон аз 7 то 13% зарар диданд. S&P 500, NASDAQ Composite и Dow Jones Industrial Average то ҳадди 4-5% уфтоданд. Дар 3 рӯзи корӣ индекси бозорҳои ҷаҳонӣ 13% поин ғеҷид. Bloomebrg, коршиноси асосии соҳа навишт, ин бадтарин марҳала, ҳато бадтар аз Пандемияи COVID-19 дар марти соли 2020 гардид. Худи ҳамин рӯз хабар расид, ки Трамп боҷгузориро бознигарӣ мекунад ва бозорҳои биржавӣ каме боло рафтанд, аммо Трамп ин хабарро «Фейк нюс»-хабари дурӯғ хонд ва боз ҳам биржаҳо муфлис гаштанд.

Нафту мис ва тило

Ба забони оммафаҳм, ки хонандаи новоқиф огаҳ шавад, нависем, нарху навои молу коло боло рафту қимати нафту газ поин шуд, ки ин ба муфлисшавии бузургтарин кишварҳои содироткунандаи нафт меорад. Минҷумла, нархи 1 бушка-баррел нафт  -$63 то 53 доллар фаромад. Нархи мис, ки яке аз катализаторҳои бозори ҷаҳонист 7,7% уфтода, қимати тило баракс 0,3% дар биржаи тилои Чикаго хест.

Гуфта мешавад, дар баробари коҳиши қурби доллар, ки бар нафъи Доналд Трамп аст, сарватмандони олам ба тило таваҷҷӯҳи бештар мекунанд. Воқеан ҳам қурби доллар дар нисбат ба Евро, Доллари Швейтсарӣ ва Иени чиноӣ паст шуда, дар нисбат ба Рубли русӣ боло гардид. Арзиши доллари амрикоӣ дар нисбат ба сомонӣ бе тағйир боқӣ монда, то соате, ки матлаб омода мешуд, 10,88 сомониро таъсис медод.

Ин чӣ маъно дорад? Ин бар маъниест, ки хушбахтона Ҷанги тиҷоратӣ, ки оламро зер кард, ба кишвари мо тақрибан бе асар мондаст. Вале ҳоло вазъ чунин аст. Фардо чӣ мешавад, коршиносони соҳа хубтар медонанд, ки мо назари ишонро ҳатман чоп мекунем, агар нависанд.

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube