Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ (ё идомаи 1 танқиди созанда)

Мутаассифона, имрӯз бо сабабҳои маълум завқи мардум ба маънавиёт костааст. Шурӯъ аз асарҳои безаволи классикон, то осори шоирону нависандагони муосире, чун устодон Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Ғаффор Мирзо, Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва бисёр дигарон, ки бо умеду хуни дил барои насли фардо асарҳо эҷод кардаанд, қариб ба фаромӯшӣ рафтааст. Заҳматҳои фарзонамардҳои миллат, ки дар муқобили ҷаҳолату хурофоте, ки мутаассифона, насли ҷавонро ба қабзаи наҳси худ даровардаю аз пайи нестии забону фарҳанг ва миллати мо муборизаи беамон мебаранд, зидди тӯдаҳое, ки забону фарҳанг, суруду мусиқӣ, шеъру хулоса ҳама чиамонро маҷусию ҳаром ҳукм мекунанд, барабас рафта истодааст.

Ин ҳама беқадрию беэҳтиромӣ ба сухан, шеър хоҳ – нохоҳ ба руҳияи кас бетаъсир намемонад. Бо баромадан ба нафақа қариби 2 сол бекору хонагӣ шудам. Ниҳоят, бо пешниҳоди бародари азиз Сайёфи Мизроб розӣ шудам, ки бо СССР ҳамкорӣ кунам. Ба ҳар ҳол, ба ҷои нав, муҳити нав созгор шудан лозим буд. Бо вуҷуд ба кор пардохтем.

Ману СССР ва оғози кор

Шумораи СССР№14, аз 3 апрели соли 2025, СССР, ки сухан дар борааш меравад, дуюмин дар фаъолияти меҳнатиам буд, ки дар нашраш иштирок доштам. Ташвиши ғайричашмдоште ҳамаро нигарону асабонӣ намуд, гуфти боби Ғулом «1 нафарак подводит карду…» маҷбур шудем, ки то соати 12:30 дақиқаи шаб дар коргоҳ бошем. Болои ин хурдтарин ба қавле “шрифт” – нусхаи санҷиширо дар муҳити шабона хонданамон хеле душворӣ пеш овард.

Рӯзи таҳлили шумора ғалати рафта мавриди истифодаи байти устод Боқӣ Раҳимзода дар мақолаи хуби Сайёфи Мизроб “Осиёи Миёна: Наврӯз, дӯстии абадӣ…” ба чашмам расид, ба ҷои “ғазал” “суруд” рафта буд.

Дар дафтари Боқӣ наравад ҳарфи хатое,

Умрест сарояд ғазали сидқу вафоро.

Бехабар аз камбудии сахти дигар дар мақолаи худ “Ҷомаю тоқӣ туро мезебад”, ки ба ҷои “сулҳ” “ “зуф” рафтаасту моли кӣ будани он шеъри олӣ ишора нашуда буд. Баъди эроду интиқод шитобкории худро дарк кардем. Ҳол он ки шеъри мазкур ба шумораи рӯзнома, ки ба рӯйдоди муҳими таърихӣ ба истиқболи ба ҳам омадани Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар симои роҳбарону мардумонаш бахшида шуда буду хеле созгор меомад. Рости гап, баъди эроди дӯстонаю барҳақи Шоири халқии Тоҷикистон – Гурез Сафар, писари устоди равоншод Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар сахт дар хиҷолат мондам. Ин шоҳкори устод Ашӯр Сафар будааст, ки ба ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нигошта шудааст:

Ҷомаи СУЛҲ ба тан омадаӣ…

Ашӯр Сафар ва пешгӯии ӯ

Вале чуноне ки мегӯянд кори шудагӣ шуд. Хайрият ки ин байти мазкур каме бошад ҳам таскинбахши дилам гардид:

Ислоҳи хаторо ба Худо, ҷои бадӣ нест,

Бад ҳаст хатое агар ислоҳ надорад.

Дар ин мақола атрофи ашъори устод Ашӯр Сафар чизе гуфтанро ба худ раво намебинам ва мехоҳам аз хотираҳои наҷиб ёдовар шаваму чанд андешаи хотири беҳбуд бахшидан ба кори рӯзномаро баён намоям. Ба ҷуз тавсифи ҳамагӣ мисрае аз ғазали “Мешуда бошад? – и устод Ашӯр Сафар, ки достонеро дар худ ғунҷонида тавонистааст:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Шеъри «Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ» – и устод Ашӯр Сафар, ки дар хотимаи мақола шакли пурраашро меорем, дар шароити хеле ногувори Тоҷикистон, ҳини ҷанги шаҳрвандӣ аз дили меҳрбори шоир фаввора зада берун шуда буд.

Ба хушбахтии миллат 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12 даъват гардид ва вакили мардумӣ аз ҳавзаи Данғараи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонови 40-сола ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин интихоб маҷрои ҳаётро дар ҷумҳурӣ бо маънои мусбиаш оҳиста – оҳиста дигар намуд, ки бо шарофати он 3 даҳсола зиёд мешавад, ки мардум дар фазои сулҳу осоиштагӣ, якдилию ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд…

Ману Гурез Сафар

Баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1985 ва 6 соли кор, ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст ва ман низ тарки вазифаи рӯзноманигорӣ кардам. Бо гузашти 23 – сол, дар соли 2008 ба кори рӯзнома баргаштам. Яъне қариб, ки бо хатми донишгоҳ дар соҳа фаъолият надоштам.

Бо пеш омадани андаке шароиту имконият ба тартиб додани аввалин маҷмӯаам “Борони муҳаббат” камар бастам. Дастхатро ба хотири нишон додан ба нашриёти «Адиб» назди Сафар Гурез, ки роҳбарии онро ба уҳда дошт, бурдам. Бо вуҷуди саломатиаш хуб набудан, ҳама корро партофта, маҷмуаро хонда, чанд адад камбудиҳоро ёфтаю нишон дод. Вале гуфт, ки ислоҳашро худат мекунӣ, чунки медонам, ки низ мутахассис астӣ. Ҳар қадар исрор варзидам, ки аз мутахассисии ман ному нишоне намондааст, розӣ нашуд. Аз гирифтани ҳақи хизмат ҳам бинобар огоҳӣ аз вазъияти иқтисодии банда даст кашид. Маҷмӯа бо фотеҳаи Гурез Сафар бо тозагӣ баромад.

Боре бо Ашраф Афзалов, сармуҳаррири имрӯзаи маҷаллаи “Чашма” ба аёдати устод Гурез Сафар рафтаю аз суҳбаташ баҳраманд гардидем. Ҳини гусел Гурез девони тозанашри устод Ашӯр Сафарро ба Ашраф тақдим кард. Бо кадом сабабе ба ман нарасид. Аҷаб нест, ки  эҳтимол дошт, ин иштибоҳ сар назанад. Бо ҳамин пушти кору зиндагӣ, ташвишҳо ва ба нафақа рафтан ва моҳе зиёдтар дар хориҷа қарор доштан имкон надоданд, ки ба дидорбинӣ ин бародари азиз равем.

Ба қавли бародар ва шоири  дигари хубамон Абдуқодир Раҳимов:

Гар хатое рафт аз мо, бехато баргӯ хато,

Ҳар хаторо дар хатое бехатоӣ ҳаст ҷо.

Танқид ва таъриф

Ҳангоми ҳамагӣ 2 соли фаъолият доштан дар рӯзномаи “Гулистон” – и ноҳияи Фархор коре карда будам. Ба хотири ба рӯзнома ва баҳсҳои созанда ҷалб намудани мардум мақолае навишта, бо номи мустаор ба худам эрод мегирифтам. Рӯзе котиби масъул Амирхон Аҳмадхонов, ки ёдаш ба хайр бод, бо табассуми хоси худ гуфт:

-Ҳай, хуб танқидат карданд – а?

Азбаски ба ӯ бовар кардан мумкин буд, ҳақиқати ҳолро ба ӯ гуфтам.

Табиатан танқидгароам. Бо вуҷуди ин, қабули эроду танқид мушкил аст. Он мисли сӯзандоруест, ки ҳангоми бетобӣ ба тани кас мехалад ва ба касе хушоянд нест. Аммо чӣ кунем, ки муҳим асту зарур?

Дар кори матбуот бе эроду танқиди беғаразона пешравӣ намешавад. Алалхусус, дар шароити ҳозира, ки камчин шудааст. Касе таҳаммули шунидани ҳақиқатро надорад. Таърифу тавсия бошад ба анъана табдил ёфтааст.

Дар кори нозуку мӯшикофонаи рӯзнома кам кафолати роҳ надодан ба хатоҳои имлоию луғавӣ вуҷуд дорад. Баъзан хоҳ – нохоҳ онҳо роҳ меёбанд. Бояд ки қолабшиканӣ карду ҷуръат пайдо ва ба эроду танқид роҳ кушуд. Беҳтарин дӯст касест, ки айбатро дар рӯят бигӯяд. Борҳо нимшӯхию нимҷиддӣ гуфтаам, ки агар ҳамчун эҷодкор имконият медоштам,  2 мунаққид киро мекардам.

Беғаразтарин мунаққиди қаламкашон бевосита хонандагон мебошанд. Бинобар ин, хеле хуб мебуд, ки онҳо ҳангоми мушоҳидаи хатоие аз он дарак медоданд, ки бешубҳа ба фоидаи кор аст ва ҳеҷ ҷои ранҷише дошта наметавонад.

Ва инак шакли пурраи шеъри устод Ашӯр Сафари беҳамто ва камназир:

Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,

Ба даҳон қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?

Сар сари дидаи ман омадаӣ.

 Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,

Ба рухат акси рухи себ диҳад.

Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,

Дар бағал боғу чаман омадаӣ.

 Ҷомаи тоза муборак бошад,

Ҳусни шероза муборак бошад.

Раҳи пурнур дар он метобад,

Зи раҳи нурфикан омадаӣ.

  Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,

Ҷомаро дор нигоҳу мадарон,

Сари ҳар риштаву кукаш бахт аст,

Бахт дар бар ба ватан омадаӣ.

 Тирамаҳ ранги баҳорон бигирифт,

Зиндагӣ аз сари нав ҷон бигирифт,

Оби ҷӯ соф шуд аз хуноба,

Марҳами реши бадан омадаӣ.

26 ноябри соли 1992 

Мирзо РУСТАМЗОДА, СССР

Тел: 900-86-84-59

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube