Осиёи Марказӣ & Иттиҳоди Аврупо: фасли нави ҳамкорӣ

Саммити Самарқанд

03-04.04.2025.  Дар Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо иштироки сарони давлатҳои 5 кишвари минтақа – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Қосим Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон – Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон – Содир Жапаров ва мизбони Ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев баргузор гашт.

Дар ҳошияи ин Ҳамоиш инчунин Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” сурат гирифт.

Аз «Харитаи роҳ» то гидроэнергетика

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муттасили муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикис­тон номиданд. Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмом­алӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд, – “мо ҳадаф дорем, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратӣ ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшем”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкону захираҳои табиии кишвари мо, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини аврупоӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад. Иштироки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ муҳим дониста шуд. Таъкид гардид, ки масъалаи рушди энергетика бо назардошти афзудани талабот ба қувваи барқ торафт хусусияти муҳим касб мекунад ва аз ин рӯ, яке аз самтҳои ояндадор дар минтақаи мо ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи “сабз” мебошад.

“ – Барои Тоҷикистон бахши энергетика, яъне манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки ба он гидроэнергетика низ шомил аст, на танҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии миллӣ, балки барои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ низ муҳим аст”, изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз саҳми Иттиҳоди Аврупо дар бунёд ва навсозии иқтидори тавлиди энергияи “сабз” дар кишвари мо ёдовар шуда, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки муваффақи онро дар татбиқи тарҳҳои неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Себзор” ва “Қайроққум” таъкид намуданд.

Даъват ба амал бароварда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар заминаи дуҷониба ё дар доираи ташаббуси “Дарвозаҳои глобалӣ” дар бунёд ва таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ, ки намунаи иқтисод ва энергетикаи “сабз” мебошанд, саҳм гузорад. Мусоидати Иттиҳоди Аврупо дар бунёди инфрасохтори интиқоли неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ тавассути хати интиқоли CASA-1000 баланд арзёбӣ гардид.

Рушди энергияи сабз

Зимни ширкат ва суханронӣ дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест. Таъкид гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамояд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми солонаи маблағгузории барномаҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки он беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати пайомадҳои бузург ин рақам ба 1,5 миллиард доллар мерасад.

Изҳор карда шуд, ки дар чунин шароит танҳо саъю кӯшишҳои якҷояи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи чаҳонӣ барои бартарафсозии ин мушкилот ба мо кумак мерасонад.

Ба таъкиди Сарвари давлати мо давоми 20 соли охир барномаҳои марбут ба обу иқлим пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона татбиқ мегардад ва зимнан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

“ – Қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи мустаҳкам гузошт”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуданд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии мо, инчунин, барои татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои “Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030” мусоидат намуданд.

Тавре таъкид карда шуд, байни энергетика ва тағйирёбии иқлим робитаи зич вуҷуд дорад ва рушди энергетикаи “сабз” метавонад қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим бошад.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 % – и неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз барои истеҳсоли энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дошта, тибқи нақша то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мегузарад.

Таъкид карда шуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад. Доир ба аҳамияти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим сухан гуфта, Сарвари давлат аз обшавии пиряхҳо, аз ҷумла комилан об шудани ҳудуди 1300 адад аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди Тоҷикистон дар 50 соли охир изҳори нигаронӣ намуданд.

Ба таъкиди Президенти кишвар ин ҳолат тамоюли хеле ташвишовар мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд.

«Дарвозаи глобалӣ» – ташаббуси нав

Дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Сарвари давлати мо бо 1 қатор мансабдорони воломақоми ИА вохӯрӣ ва мулоқот намуданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон аз ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳо ҷонибдорӣ менамояд”. Ба тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нави аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масъалаҳои ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин роҳҳои татбиқи Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити байниминтақавӣ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои иштирок дар лоиҳаи алоқаи моҳворавии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ омода аст. Рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, гузариш ба ҳукумати электронӣ ва рушди «зеҳни сунъӣ» муҳим дониста шуд. Аҳамияти Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташаббуси нави “Дарвозаи глобалӣ” ва барномаҳои бисёрсолаи индикативӣ таъкид гардид.

Пешбурди сиёсати «Иқтисоди сабз»

Зимни мулоқот бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

таъкид доштанд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.

 Антониу Кошта аҳамияти ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбекистонро таъкид намуда, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфтанд. Ҷонибҳо оид ба аҳамияти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки мувофиқасозиаш ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, табодули афкор намуданд. Истифодаи захираҳои азими табиӣ, гидроэнергетикӣ, ашёи хоми муҳим, зарфиятҳои кишоварзӣ, иқтидори саноатӣ ва транзитии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо судбахш арзёбӣ гардид.

Ҳамкории 2 ҷониб дар раванди ислоҳот, рушди соҳаи энергетика, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ намунаи шарикии босубот номида шуд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи обии «Роғун» ва таҷдиди неругоҳи барқии «Норак» манфиатдор аст.

Таъкид шуд, ки  Душанбе дар ҷодаи пешбурди сиёсати “иқтисоди сабз” бо Иттиҳоди Аврупо ҳамназар аст. Дар ин зимн Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва масъалаи тавлид ва содироти “энергияи сабз” муҳокима гардид.

Ҳамчунин оид ба афзоиши офатҳои муҳитзистӣ ва пайомадҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

 Тоҷикистон – БАТР: 118 лоиҳаи ҳамкорӣ

Инчунин дар ш. Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти БАТР – Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд.

 Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 184 лоиҳа мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки маблағи умумии онҳо ба беш аз 1 миллиард доллар мерасад. Ин лоиҳаҳо асосан дар самтҳои таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳаҳои нақлиёту энергетика татбиқ мегарданд.

Лоиҳаҳои марбут ба таъмини аҳолӣ бо об ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ аз бахшҳои дигари ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзёбӣ гардида, алоқамандии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ таъкид гардид.

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube