Апрел. Моҳи дуюми фасли зебои баҳор. Фасле, ки дар он табиат зинда мегардад. Мардум ҳам бо шавқу ҳавас ва нерӯи нав пайи тоза намудани ҷӯю обравҳо гардида, заминҳоро кишту кор менамоянд. Ҳар гуна зироат кишт менамоянд. Бехи дарахтону гулҳоро нарм намуда, гулу дарахтони нав мешинонанд. Бо 1 сухан кор дар ҳама ҷо бо ҷӯшу хуруш гардон аст.
Тибқи супориши редаксия уҳдадор шудем, ки худамон шахсан ҳам гул шинонда, ҳам аз рафти гулшинонӣ дар корхонаю идораҳо гузориш омода намоем.
Кори боғдорию гулпарварӣ дар қиёс бо тамошою лаззат бурдан аз он, хеле заҳматталаб аст. Гулпарварӣ ҳам санъату истеъдод аст ва кори ҳар кас буда наметавонад. Зеро гул низ мавҷуди зинда ба ҳисоб рафта, нозукиҳоою «инҷиқиҳо»-и зиёд дар худ дорад. Барои муваффақ шудан дар гулшинонӣ дасти гул ва дили чун гул зебо доштан муҳим аст.
“Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст”, – гуфтагӣ ворӣ кӯшиш кардем, ки ба саволҳои худ аз мутахассисони гулшиноси назди идораю ташкилотҳо посух бигирем.
Бо мо бош, хондандаи азиз, ки Мо метавонем!
Ҳавои мусоиди гулшинонӣ
03.04.3025. Соат ба вақти Бохтар 10:15 дақиқа. Ҳаво дар Хатлон абрист ва барои шинонидани гулҳо айни муддао. Ҳама медонад, ки ягон гулу растаниро дар ҳавои тасфон, зери офтоб намешинонанд. Вале имрӯз гӯё табиат маҳз бо мо дар кори гулшинонӣ ҳамдаст шудааст, ки ҳаво мусоид омада буд.
Барои иҷрои супориш дар вилоят ба Хоҷагии деҳқонии гулпарвари «Абдукарим»- и шаҳри Левакант рафта, бо гулпарварон ҳамсӯҳбат шудем. Корхонаи мазкур фаъолияти худро аз соли 2017 ба роҳ монда, имрӯз дар ин самт корҳои самарабахшеро ба сомон мерасонад.
Шомуродзода Саидаъзам, – корманди хоҷагии деҳқонии гулпарвари «Абдукарим»- и шаҳри Левакант ба мухбири рӯзномаи мардумии СССР иттилоъ дод, ки тайи 4 – 5 соли охир талабот ба гулу растаниҳои ороишӣ хеле афзудааст. Дастранҷҳо ё худ гулҳои парваришнамудаи моро то ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар ҷойҳо пешакӣ фармоиш дода, харидорӣ карда мебаранд ва дар ҷойҳои даркорӣ мешинонанд.
Мавриди зикр аст, он тухми гулҳои ороишие, ки мо қад – қади кӯчаю хиёбонҳо, боғҳо ва гулгаштҳо мебинем ва гоҳо нисбаташон муносибати беинсофона мекунем, бо нархи гарон аз хориҷи кишвар ворид месозанд ва баъди заҳмати начандон осони мутобиқсозӣ ба муҳит, кишта мегарданд.
Чаро гул гарон аст?
Зеро усулан ин гулҳои ороишӣ воридотиянд, на содиротӣ. Вақте маҳсулот воридотӣ шуд, нархаш гаронтар мешавад. Яъне вобаста ба навъу намуд нарх баланд аст. Нархи парвардаи ҳар гул аз ниҳолак то дарахтони ороишӣ аз 1 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Яъне вобаста ба иқлими мутобиқат гулу растаниҳои гулдору ороишӣ арзишҳои гуногун доранд.
Ёс, фатуния, магнолия ва дигар навъҳоеро, ки аз хориҷ меоварданд, ҳоло ин корхона тухмиҳои онҳоро коркард карда, дар Тоҷикистон тавлиди онҳоро таҷриба мекунад. Имсол тақрибан 20 ҳазор ниҳоли гули кӯчаву боғҳо ва гулгаштҳои шаҳри Левакантро худашон истеҳсол кардаанд. Дар зебу зиннат бахшидани симои шаҳр нақши онҳо назаррас аст.
Дар вилояти Хатлон талабот ба намуди гулҳои петуния, виола, карамгул, салвия, тагет бисёртар аст. Чунки онҳо офтобро дӯст дошта, нашъунамои хуб доранд.
-Мо гулҳоро вобаста ба фасл интихоб карда, ба фурӯш мегузорем. Акнун мо гулҳои мавсимиро ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас менамоем. Чунки гулҳои мавсимӣ аз 4 моҳ зиёд умр намебинанд. Зимистон нигоҳубини онҳо парвариши махсусро талаб менамояд. Барои ин мо дар фасли зимистон нархро андаке баланд мекунем-мегӯяд Шомуродзода Саидаъзам.
Харидории 15 000 дона гул
Тавре СССР хабар ёфт, 1 рӯз пеш аз ташрифи мо, раиси шаҳри Левакант Мастура Табарӣ шахсан ба ин корхона омада, гул харидорӣ кардааст. Мо ҳам вақти мусоидро интизор шуда, ба ҷустуҷӯ баромадем ва муайян намудем, ки Ҳукумати шаҳри Левакант зиёда аз 15 ҳазор гул барои ороиши гӯшаю канори шаҳр дастрас кардаву шинониданд, ки намояндаи СССР дар ин кори хайр саҳми худро гузошт. Мо (гул шинонда ҳам) Метавонем!
Садбаргу Виола беҳтаринанд
Корхонаҳои гулпарварӣ асосан дар 2 шакл, яъне хусусиву давлатӣ фаъолият мекунанд. Мо баъди шинонидани гул дар саҳни Ҳукумат, бо мақсади пурратар таҳлил кардани матлаб, ба КФХМК шаҳри Левакант муроҷиат кардем.
Ҳамсӯҳбати мо Бузмаков Муҳаммаддовуд, Сардори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии комунналии шаҳр – КФХМК маълумот дод, ки ҳамасола дар қаламрави шаҳр тамоми намуди гулҳо шинондида мешавад ва аз инҳо 600 то 700 ҳазор дона дар 1 мавсим парвариш ва нашъунамо меёбад. Ҳоло гули лола дар шаҳр нумӯи хос дорад ва баъди ин кормандон азм доранд, ки ҷойи онро бо дигар намуд гулҳо пур кунанд. Маблағгузории самти мазкур бо қарори раиси шаҳр пиёда мегардад. Имсол барои ин самт 29500 сомонӣ ҷудо гардид. Парвариш ва қаламчаи гули садбарг бошад, ба уҳдаи худи корхона буда, баҳорон дар назди кӯчаҳо парвариш меёбанд. Бо ин мақсад дар ҳудуди 108 метр гармхонаи ин корхона навъи гули « Зарринка» омода мегардад.
Садбаргу виоларо метавон дар тамоми фасли сол дар кӯчаҳо вохӯрд. Тибқи нақшаи кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва солимгардонии муҳити зист дар тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025 ба миқдори 15000 бех ниҳоли мевадиҳандаи сояафкан ва ҳамешасабз ба нақша гирифта шуда, иҷрои он 20114 бехро дар бар мегирад. Шинонидани гулу буттаҳо дар шаҳр мувофиқи иттилои манбаъ 253000 дона ба нақша гирифта шуда, аллакай беш аз 277367 бех гулу буттаҳо шинонида шудааст, ки 109 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Маркази вилоят чӣ?
Корхонаи гулпарварии «Абдукарим» – и шаҳри Левакант тамоми вилоятро метавонад бо гулҳои тозаю тар таъмин намояд. Аммо маркази маъмурии вилояти Хатлон гулҳоро аз куҷо дастрас мекунад ва имсол чӣ кадар гул кӯчаҳоро оро дода истодаанд? Барои посух ба ин суол рафтем сӯи маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар.
Иззатзода Сайфулло Иззат, сардори Корхонаи Фаръии Давлатии «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ» шаҳри Бохтар дар сӯҳбат гуфт, ки имсол 100000 дона гулҳои мавсимӣ аз ҷумла тагет, савлия, петуня ва 60000 лола ва 20000 лигустра ба зебоии шаҳри Бохтар зам кардаанд. Дар 4 гармхона 50000 адад гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешаванд. То куҷо дар ин кор муваффақ мешавем, вақт нишон медиҳад, зеро алоқамандони гулпарварӣ медонанд, ки гулҳо хеле ва хеле нозук мешаванд. Бо андаке беэҳтиётӣ ё худ беаҳамиятӣ хазон мегарданд. Зимнан мекӯшем, ки кам ба талафот роҳ дода шавад.
Дигар чӣ ҳам гӯем? Гул барои покии ҳавои муҳит, саломатӣ ва болидагии инсон хеле манфиатнок мебошад. Барои ҳамин, андаке фориғ мондед, гул шинонед! Мо метавонем!
Нуриддин Қосимзода,
аз Левакант ва Бохтари вилояти Хатлон
