Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад!!!
28.05.2025. Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Осиёи Миёна (CAFA), бо сафари расмӣ ба Федератсияи Россия рафт.
- Дар ин сафар ӯ бо президенти ФР, муҳтарам Владимир Владимирович Путин дидор кард. Шахсан барои ман басо рамзӣ ва самимиву сирфан тоҷикӣ буд, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст паёми падари бузургвори худро ба Путин расонид ва таъкид дошт, ки дар сиёсати бузург пайгири падар мебошад. Дар маданияти миллии мо “Падардӯстӣ беҳтарин рафоқат аст!”.
- Муқаддамтар аз ин Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсия Россия ва яке аз шахсиятҳои калидии сиёсати ҷаҳони муосир вохӯрӣ анҷом дода буд.
- 1 рӯз ба баъд, 29.05.2025, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Вячеслав Володин Раиси Думаи давлатии Россия дидору гуфтугӯ кард.
Дар бораи гуфтугӯ:
Рустами Эмомалӣ ҳини суханронӣ ба даҳони душманони синфии хеш чанд мушти обдор куфт. Зеро таври маълум, душманонаш то ин дам мегуфтанд, “ӯ соҳибсухан нест ва гуфтумон барояш бегона мебошад!”. Ҳамчун нафаре, ки бо сухан сару кор дораму ба маънии риторика, таносуби сухан мерасам ва бо забони русии адабии сиёсӣ рафоқат дорам, мегӯям, ки “Забони русии Рустами Эмомалӣ куллан фасеҳ, равон ва ширин буд!!!”. Инро мардона бояд иқрор кард.
Ман дар чанд дидор, забони хуби англисӣ доштани Рустами Эмомалиро дидаам, вале то ин ҳад бо русӣ хуб сухан карданашро ростӣ ҳатто ман интизор набудам.
Банда, шахсан, бо Рустами Эмомалӣ, ба ҳайси президенти ФФТ чанд сол пеш суҳбате анҷом додам ва медонам, ки забони адабии Тоҷикиро ба ҳадди воло аз бар кардааст. Касе бовар надорад, бастаи газетаи СССР ё худ подшивкаи моро варақ занад: СССР№1 (382), аз 1-уми январи соли 2016, Рустами Эмомалӣ: Ман мухлиси мунтахаби миллӣ ҳастам!” (суҳбати вежаи президенти ФФТ бо сардабири СССР). Хонед ва ҳаловат баред.
Ва ҳамакнун баргардем бар 4 хони дигари Рустами Эмомалӣ, ки бо варзиши №1, Ҳазрати Футбол бастагӣ доранд.
- Нахуст, бубояд гуфт, ки ба финали Чемпионати Ҷаҳон-2026 роҳ бурдани мунтахаби Ӯзбекистони ҳамсоя, дастоварди бузурги Рустами Эмомалист. Оре, хонанда, маҳз дастоварди Рустами Эмомалӣ. Зеро танҳо баъди сари курсии президенти федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ё худ CАfA такя задани ӯ, барои нахустин бор дар таърихи футболи ҷаҳонӣ, 1 дастаи мунтахаби Осиёи пасошӯравӣ ба Чемпионати Ҷаҳон роҳхат гирифт, ки ҳалолашон бод! Бар боварам, 10 млн тоҷикистонӣ ҳатман аз ин ҳамсоякишвар дар ин чорабинии муҳими варзишӣ мухлисӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!
Воқеан ҳам Ӯзбекистон метавонад ягона кишвари пасошуравӣ гардад, ки дар Чемпионати Ҷаҳон бозӣ хоҳад кард. Агар ба шарте Украинаро бо ҳар роҳу восита ФИФА ба ин Финал набарорад. Ҳарчӣ шуданаш мумкин. Вале ба таҳқиқ 15 ҷумҳурии пасошӯравӣ аз Ӯзбекистон мухлисӣ хоҳанд кард. Дур нест, ки мунтахаби Тоҷикистон низ дар 12 соли ахир ба ин Мундиал роҳ ёбад. Зеро ҳама роҳҳо ба Рум мебаранд!
- 20.05.2025. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ барои иштирок дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд. Зимни сафар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамоиши сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо якчанд мулоқот анҷом дод.
- 31.05.2025. Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U16) барандаи Ҷоми Осиё ё худ CAFA гардид. Чунин дастовард то ҳол насиби наврасони мо нашуда буд. Ба вежа, ки дар шабу рӯзи “буми ӯзбекии футбол”, наврасони мо дар Тошканд бар мунтахаби Ӯзбекистон пирӯз омаданд! Ва муҳимтар аз ин; танҳо алоқамандони футбол медонанд, ки усулан ҳайати 2-и мунтахаби 16 солаи мо дар ин сабқат ширкат дошт. Зеро ҳайати асосӣ ба Ҷоми Ҷаҳон омодагӣ мегирад. Яъне чӣ? Яъне ҳайати дуввуми футболи наврасони мо дар Осиёи Марказӣ ҳариф надорад, чӣ расад ба ҳайати асосӣ! Зимнан мо бар боварем, ки ин наврасон ҳатман мунтахаби миллии моро дар 12 соли ахир то Мундиал мекашанд. Ин дар мавридест, ки маҳз бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ футболи кӯдаконаву наврасон рушд карда истодааст. Мо Метавонем!
- 09.06.2025. Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати кишварҳоеро нашр намуд, ки дастаҳояшон барои иштирок дар мусобиқоти бошгоҳии мавсими нав ҳуқуқ доранд. Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, чемпиони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои иштирок дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26 иҷозатнома гирифтанд. Агар дастаи шаҳри Душанбе «Истиқлол» ҳунарнамоиро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқот оғоз кунад, пас бошгоҳи шаҳри Турсунзода «Регар-ТадАЗ» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳӣ бояд бозии плей-офф анҷом диҳад. Алоқамандони Варзиши №1 медонанд, ки ин низ дастоварди бузурги футболист
Коре, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ, барои рушди футбол дар Тоҷикистон мекунад, ҳатто дар бархе аз кишварҳои пешрафтаи иқтисодиву футболӣ назир надорад! Ӯ футболро мардумӣ кард, халқро футболдӯст ва атфолро футболист намуд. Миллати футболӣ будан, дар ҳамин шабу рӯз ва 100 соли ахир, шараф аст. Ӯ тавонист миллати Тоҷикро миллати футболӣ кунад. Ба миллат бозии дӯстдорашро баргардонад. Зимнан бовар дорем, дар ҳар самте Рустами Эмомалӣ дасти муборакашро гузорад, он соҳа рушд мекунад, обод мешавад, пеш меравад. Зеро ИҚБОЛ дорад!!! Дар ин амри хайр мо ҳамеша паҳлӯи ин Ҷавонмард қарор дорем. Мо Метавонем!
