Редаксия супориш дод: Ҳандалак чин!!!

Шурӯъ аз 18 – уми моҳи майи солшумории мелодӣ, фасли ҳандалак дар кишвар фаро мерасад: ҳандалаки хатлонӣ. Зеро усулан ин намуд полезӣ дар навоҳии ҷанубии вилояти Хатлон, водии Вахш аввалтар аз ҳама самар меорад. Нархи 1 дона ҳандалак дар ҳамин шабу рӯз, тавре хонандагони мо мегӯянд, дар бозори Кӯлоб 20-25 сомонӣ, дар Душанбе 25-30 сомонӣ ва аз он болост. Дар сари замин чӣ? Хабарнигори мо мегӯяд, дар сари замини деҳқон ҳандалак 3-5 сомонӣ нарх доштааст…

Хабарнигори мо дар Хатлон супориш гирифт, аз сари замин гузорише дар ин мавзуъ омода кунад. Мо Метавонем!

Ҳандалаки пешпазак

19.05.2025. Соат ба вақти Бохтар 09:30 дақиқа. Дар байни ноҳияҳои вилояти Хатлон таваҷҷуҳи мардум ба полезиҳои ноҳияҳои Ҷайҳун ва Дӯстӣ аст, чунки бӯю таъму лаззати хосаи худро доранд. Табиист, ки бо шарофати иқлими гарму мусоид бо фарқ аз дигар минтақаҳои вилоят он дар ин мавзеъ тарбузу ҳандалак пештар мепазанд.

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ имсол дар ноҳия дар бештар аз 900 га полезӣ кишт шуда, аз ин рақам 450 гектарашро ҳандалаку харбузаи пешпазак ташкил медиҳад. Таҷрибаи деҳқонони ноҳия бозгӯи он аст, ки онҳо бо истифодаи роҳу равиши хоҷагидорона ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Ҳандалак чӣ гуна полезист ва кадом навъи он пештар пухта мерасад? Дар чанд рӯз онро метавон ҳамчун полезӣ истифода бурд? Оё ҳандалак ҳам ба бемориҳо рӯ ба рӯ мекунад? Ва дар 1 рӯз чанд ҳандалак бояд истеъмол намуд? Саволҳои доштаамро қисман дар сари замин ва қисман аз табибон ҷӯё шудам.

Авлоди харбуза, вале….

Коршиносон мегӯянд, ки ҳандалак аз авлоди харбуза аст, аммо нисбатан хурд. Ҳандалак таъми ширин дошта, ниҳоят хушбӯй мешавад. Мардум аксаран ҳандалакро барои бӯйи хуш доштанаш мехаранду барои истеъмолаш кӯдакон бетоқат мешаванд. Баъзан ба хотир меорам, ки дар хурдсолӣ бибиям ҳандалакро барои бӯйи хушаш дар болои ҷевон чанд рӯз нигоҳ медошту баъд ба мо медод, то истеъмол кунем. Ҳандалак чанд рӯз истад ҳам бӯяш гум намешавад, балки боз ҳам бомаззатару хушхӯртар мегардад. Яъне ҳандалак аз класси харбуза мебошад.

Дар ин мавсим ҳандалак бояд хӯрд!

Дар бораи ба бемориҳои сироятӣ гирифтор кардани полезиҳо бисёр шунида будам. Аммо саволҳоямро табибон пурра карданд. Чуноне ба хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР табиб Эмомов Ҳасан иттилоъ дод, агар сокинон хӯрдани на фақат ҳандалак, балки дилхоҳ полезиро мувофиқи меъёр ба роҳ монанд, он ягон гуна оқибати бад дар пай надорад. Вале агар баъди истеъмоли он оби хунуки ноҷӯшида истифода намоянд, ба бемории шикамрав гирифтор мекунад. Ҳамчунин хӯрдани ҳандалаки ҳанӯз дуруст пухтанарасида зарар дорад, зеро ҳанӯз сахт асту хуб ҳазм намешавад. Лекин ҳандалаки заб – зардаки хуб пухта расида, ба организм фоидаи ногуфтанӣ дорад. Табибон мегӯянд, ки ҳандалак бо накҳату маззаи хушаш ба мағзи сари одам таъсири мусбӣ расонда, хотираро қавӣ мегардонад ва хастагиро рафъ месозад. Инчунин он хусусияти пешобронӣ дошта, баданро тоза нигоҳ медорад. Шахсе, ки дар гурда ё пешобдон санг дошта бошад, ба таври истисно, ба хотири табобат ҳандалаки хомро чанд рӯз бихӯрад, он сангҳоро майда карда, мерезонад!

Пухтани ҳандалак ид аст!

Деҳқононе, ки солиёни зиёд ба полезкорӣ машғуланд, мегӯянд, ҳангоме, ҳандалак мепазад, он рӯз барои онҳо ид аст. Яъне онҳо заҳмати чандинмоҳаи худро истиқбол мегиранду ҳаловат мебаранд ва ба ширинакбозӣ машғул мешаванд. Бозие, ки танҳо деҳқонони асил онро фикр карда баровардаю пешниҳоди дигарон намудаанд. Дар ин бозӣ тавре фаҳмидем, ҳар 1 деҳқон маҳсули парвариши худро ба деҳқонони куҳансол нишон дода, баҳои муносиб мегирад. Чунин 1 маросимро чанд сол пеш дар вилояти Суғд шунида будам. Оё шумо боре шунидаед, ки дар вақти пухта расидани ҳандалак ид баргузор мегардад? Ин анъана шояд дар дигар минтақаҳо гум шуда бошад, вале дар баъзе манотиқ вуҷуд дорад.

Ҳандалаки калон

Фаразан, ба бозор баҳри харид равем, ҳатман ҳандалаки калонтарро хуш мекунем. Ин аз он хотир аст, ки шояд серобу хушмаззатар бошад. Ин ақидаи моро Мадина ном муштарӣ бо харидории ҳандалаки калон тақвият бахшид. Ҳарчанд фарзандонам ҳанӯз хурдсоланду дар интихоб сарфаҳм намераванд, лекин байни ҳам барои ҳандалак хеле часпу талош мешавад. Ҳикматҳо оид ба харбӯзаю ҳандалакро бештар аз деҳқонони ботаҷриба фаҳмидан мумкин аст. Онҳо мегӯянд, дар асл ҳандалаки хурдтар ширинтару хубтар аст!!!

Баъд аз омӯзгорӣ харбузакорӣ

Дар ноҳияи Дӯстӣ бо оилаи Тешабоевҳо шинос шудем, ки дар ноҳия аз ҳандалаккорони номӣ эътироф шудаанд. Падари оила ҳарчанд чандин сол омӯзгорӣ карда бошад ҳам, баъди ба нафақа баромадан, бо истифода аз таҷрибаи гузаштагони деҳқонҳои варзида, пушти ин пешаи хайру бобаракат гардид. Аз ҳосили заҳматҳои онҳо зиёд одамон ком ширин кардаю раҳмат фиристодаанд. Акаи Раҳмонқул ба фарзандонаш тамоми нозукиҳои ин касбро омӯхтаю акнун дар сояи давлати онҳо даври пирӣ меронад.

– Ман солҳо омӯзгори фанни математика будам ва медонистам, ки баъди нафақа барои саломатии худам бояд ягон кори муфид пайдо кунам. Зеро дар хона бекор нишастан ҳам ба саломатӣ зарар дорад. Бинобар ин, ба касби бобоии худ рӯ овардаму аз роҳаташ баҳраманд гардидам. Деҳқононе, ки ба истеҳсоли харбузаю ҳандалак машғуланд, аслан, қариб ки дар хӯрдани он ҳавасманд нестанд, балки аз хӯрдану лаззати дигарон роҳат мекунанду ғизои маънавӣ мегиранд. Раҳматӣ бобоям, аз кишоварзони номии ноҳия ба мо нозукиҳои ин касби заҳматталабро омӯхта буд. Имрӯз ман фарзандони худро дар роҳи меҳнатдӯстӣ тарбия дорам. Намегузорам, ки ягон ваҷаб замин, дар ягон фасл холӣ монад. Маҳсулии заҳмати моро то ба шаҳри Душанбею дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ харидорон фармоиш додаю гирифта мебаранд. Баҳои меҳнати деҳқонро истеъмолкунандагон медиҳанд, на худаш!

Мафрӯш замин, ки хор гардӣ…

Боре аз деҳқони варзидае шунида будам, ки агар замин дошта бошию онро самаранок истифода набарӣ, дуои бад мекунад. Ҳамчунин ибораи “Аз зикр мондани замин” ҳам дар миёни мардум роиҷ аст.  Бархе ин фармудаҳоро бофтаю хурофот баҳогузорӣ мекунанд. Аммо қатъан ин ҳикмату ростист. Аз гуфтаи бевоситаи онҳое, ки бо замин сару кор доранд, боварӣ ҳосил кардам, ки дар ҳақиқат хору зор мондани замин вубол асту оқибати хуб надорад. Аз танбалию ношукрӣ ва бепарвоӣ ризқи инсон кам мегардад, дучори мушкилию касодӣ, яъне бефайзию бебаракатӣ мешавад.  Замин ҳам ба ҳукми Модар аст. Модар эҳтирому қадрдонӣ мехоҳад. Модарро фиребидан гуноҳест азим. Истилоҳи Модар – Ватан, Модар – Замин ҳам аз ҳамин фалсафа сабзидааст. Дасти инсон гул асту он аз замини шӯра тарбуз, харбуза ва ҳандалакҳои ширин меофарад. Ҳамаи ин муъҷизаҳо бо шарофату баракати меҳнати инсон аст.

Замин ҳам дар ҳисоби мавҷудоти зинда мебошад. Он ҳис мекунад, мефаҳмад, мешукуфад, меранҷад, меноладу меболад.  Ҳақ бар ҷониби устод Садриддин Айнист, ки фармуда:

Мафрӯш замин, ки хор гардӣ,

Берӯзию беқарор гардӣ.

 Нуриддин Қосимзода,

СССР

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube