Русҳои инқилобии шуравӣ ҳар хубиҳои замони баъди инқилобро аз аввал то имрӯз бо хурсандии тамом “Урра!” гӯён қабул менамоянд. Тамоми 100 сол ин калима дар гӯшамон бо ҳамин оҳанг нишастааст. Мо, тоҷикон ин калимаро дар асл эътибор надода, дар рӯзҳои хурсандиву шодӣ, тӯю сур такрор ба такрор истифода мебарем.
Дирӯз ҳам паради 80-солагии Рӯзи Ғалабаро дар Маскав бо ҳамин калима се-чор навбат (чанд маротибагӣ) такрор карданд. Калимаи мазкур аслан дағалу нохуш ва ношоями муғуливу туркиасл буда, маънои хурсандибахш надорад, ки мо онро ҳар куҷо, дар рӯзҳои хурсандӣ, иду тантана, тӯю сур, паради ҳарбӣ бо эҳтиром қабул ва истифода барем. Он, баръакс, “Зан! Куш! Нобуд соз!” ва ҳоказо маънӣ дошта, мо онро то имрӯз бо ҳамон оҳанги аввала дар миёни ҳамаи халқу миллатҳои собиқ шуравӣ ва ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол такрор ба такрор мешунавем. Ин калимаи вайронмазмунро дар забонҳои тоҷикиву русӣ бо калимаҳои “аҳсант, офарин, слава, браво, прекрасно, хвала, отлично” иваз кардан мумкин аст-ку! Калимаи барои ҳамаамон ношоямро ба маънои аслиаш такрор ба такрор истифода нанамоем.
Шоҳзамон Раҳмон,
хонандаи СССР
