Мақолаи сардабири ҳафтаномаи СССР мӯҳтарам С. Мизробро дар бораи дар интихобот пирӯз шудани президенти Белоруссия аз 30.01.2025 хондам, ки 86% овоз гирифтааст. Дар ҳамин лаҳза 1 кори шаҳрванди Белорусс ба хотирам омад.
Дар давраи шуравӣ, рӯзе бо ҳамроҳии 1 рафиқам аз қисми поёни меҳмонхонаи Душанбе ба тарафи бинои Садбарг рафтанӣ шудем, рафиқам дар мағозаҳои Садбарг коре дошт. Ман бошам дар назди ҳайкали нависандаи бузург, Садриддин Айнӣ, дар мизе нишаста, мунтазири рафиқам шудам. Аз паси ҳайкали С. Айнӣ 2 роҳи пиёдагарде ба тарафи вокзали роҳи оҳан, то ҳайкали рафиқ Куйбишев давом дорад. Дар ин лаҳза ман 1 марди рустаборро мушоҳида намудам, ки бо 2 дасташ аз паси бинои Садбарг кулӯхҳоро оварда, дар гирди 1 дарахт қатор карда, гирди онро кулча карда, дарахтро об медод. Ман ӯро дида “Бог помощь” гуфтам, ки мард “спасибо” гуфта, баъд ба гап сар кард. Мард гуфт: “- Ман худам шаҳрванди Белорусия ҳастам, ин дарахтро намояндаи Ҷумҳурии Белорусия солҳои пеш дар ҳамин ҷой шинондааст. Ман ҳар рӯзи истироҳат омада, ин дарахтро нигоҳубин мекунам. Ана бинед, ин дарахт нисбати дигар дарахтон танаи ҳамвор ва қомати баланд дорад. 1 роҳгузаре рӯзе аз пурсид, ки чаро хокро бо ароба неву бо даст мебарӣ, ман вақтро мегузаронам ва ин ҳам як кайфият дорад”- гуфтам ба ӯ.
Ба хона рафта, ин ҳодисаро ба рафиқонам нақл кардам. Дар ҳақиқат, ҳисси ватандӯстии ин мард бузург аст. Ӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ намуда, нону намаки Тоҷикистонро хӯрда, меҳри ватанаш, ҷои таваллудаш – Белоруссияро пос медорад. Ҳатто дарахти шинондаи намояндаи Белоруссияро аз пеши худ нигоҳубин мекунад. То инсон зинда аст- меҳри Ватан дар қалбаш ҳамеша мемонад.
Ман 74 сол пеш аз деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим, наздикии қалъаи таърихии Қаҳ Қаҳа, ки ҷои таваллудам мебошад, баъди синфи 7- ум ба Душанбе омадам. Баъди хатми мактаб ва Донишгоҳи омузгорӣ солҳои зиёд омӯзгор шуда, кор кардам ва шукри сулҳу амонӣ, соли 1996 ба нафақаи меҳнатӣ баромадам. Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат, деҳаи Гулмазор зиндагӣ дорам, соҳиби 5 фарзанд мебошам. Ҳамаи фарзандонам соҳиби маълумоти олӣ ва ҷои коранд. Вале то ҳанӯз ишқи Намадгут дар дилам бештар аст ва аз пешравиҳои деҳа хело хурсанд мешаваму аз норасоиҳояш ғамгин…
Абдулҳамидов Шоҳмастон, нафақахӯри 89 сола,
Аълочии маорифи Халқи Тоҷикистон,
ш. Ваҳдат
