Ҳафтаи гузашта дар деҳаи Арзановаи н.Файзобод мусобиқаи гӯштин бахшида, ба 80-солагии Ғалаба бар германияи фашистӣ баргузор гардид, ки 10-15000 нафар тамошо карданд. Раиси ноҳия Каримзода Мансур Тағой, яке аз раисони ҷавони Тоҷикистон, тамоми мардумро ба ҷашни «Ғалаба» табрику таҳният гуфт. Дар сабқат тамоми паҳлавонони номӣ ҳузур доштанд. Ҳатто барандаи медали олимпӣ, Темур Раҳимов иштирок дошт ва мардумро ба муносибати иди Ғалаба табрик гуфт.
Ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак дар 1 гӯша тамоми асбобу ашёи худро ба намоиш гузошта буданд. Дар тарафи дигар дегҳои далда ва оши палов ба мардум тақсим карда дода шуд. Инчунин бизнесменҳо, мағозаҳо молҳои худро бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта буданд. Барои гӯштингирон солимҳо, аз ҷумла 3-автомашина, яхдону телевизор ва чорвои калону хурд гузошта шуда буд. Ростӣ, аз ҳама беш ба ман рафтори раиси ноҳия писанд омад. Вай бо ҳама муомилаи хуб дошт. Бо пирону барҷомондагон, бо ҷавонону наврасон салом карда, аҳвол мепурсид. Раис бояд ана ҳамин хел бошад, халқӣ ва мардумӣ, мисли раиси ноҳияи Файзобод.
Нозия Ғуломзода,
МТМУ №7-и деҳаи Арзанова, н.Файзобод
