Ҳафтаи гузашта унвонии редаксия чанд тан занг зада, аз мо хоҳиш намуданд, ки аз мавсими пухта расидани тарбуз ба хонандагони СССР маълумоти муфассал нашр намоед. Бинобар хоҳиши сершумори хонандагон, редаксия ҳамвора тасмим гирифт, ки супориши навбатиро ба чидани тарбуз оғоз бахшад. Тарбуз пухта расид мардуууууум! Мо бошем, ба чидани он тибқи супориши редаксия ба «Ватан»- и тарбузи Тоҷикистон – ноҳияи Дӯстӣ раҳсипор шуда, аз маззаву лаззаташ дар фасли тобистон ком тар намудем. Мо метавонем!
Ҷамъоварии дастранҷ оғоз шуд!
Дар Хатлон пеш аз дигар шаҳру навоҳӣ ноҳияи Дустӣ ва Ҷайҳун аввалин шуда, маҳсулоти полезии худро ба мардум пешкаш мекунанд, ки аз меҳнатқаринӣ ва ба замин сахт наздик будани деҳқонон дарак медиҳад. Дар воқеъ дар ҳамин ду ноҳия аз хурд то бузург ба обу замин дилбастагии хоса доранд. Агар жарфтар пурсуков кунем, ҳар як оила дар худ деҳқонҳо дорад. Ин гап ба кадом маъност? Яъне яке аз гузаштагони онҳо ҳатман деҳқон будааст. Ҳоло бошад мавсиме фаро расидааст, ки марди деҳқон бояд заҳмати ба замин сарфнамудаи худро ҷамъоварӣ карда, ба зиндагии худу наздикон беҳбудӣ бахшад. Дар аснои сафар ва барои таҳлили мавзӯъ аз 2 ҷамоати ноҳияи пешкори полезикор ва номдори Дӯстӣ дидан намудем, ки бароят ҳоло дар борааш иттилоъ хоҳем дод.
Аввал ҳандалак баъд……
Наздик ба 1 моҳ аст, ки полезкорон дар ноҳияи мазкур дастранҷи хешро ҷамъоварию ба бозор мебароранд. Дақиқан, аввал ҳосили ҳандалак ва баъдан харбузаю инак тарбузи палакии худро кишоварзони ин минтақа пешкаши сокинону харидорон гардониданд. Тибқи иттилои Шамсиддин Эшбеков, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, дар майдони беш аз 900 гектари заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳия, тарбуз ва дигар намуд полезиҳои кишт карда, бино ба гуфтаи ӯ, деҳқонони минтақа бо истифода аз таҷриба, навъҳои пешпазак ва ба ҳаргуна касалиҳо тобовари тарбузро интихоб намудаю кишт мекунанд. Ҳамин аст, ки ҳар сол яке аз аввалинҳо шуда, маҳсули дастранҷи онҳо омода шуда, ба бозорҳои кишвар бароварда мешавад. Феълан тарбузу дигар анвои маҳсулоти кишоварзони ноҳияро харидорон ба бозорҳои дохили Тоҷикистон ворид намуда истодаанду харидорони хориҷӣ ҳам кам нестанд.
Содирот ҳам оғоз меёбад
Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ Ш. Эшбеков иттилоъ дод, аллакай 1 моҳ мешавад маҳсулоти онҳо ба бозорҳои ҷумҳурӣ ворид гашта, харидорон аз он ком ширин доранд. Имсол деҳқонон бо истифода аз таҷриба навъҳои пешпазак ва ба ҳар гуна касалиҳо тобовари тарбузро интихоб ва кишт намуданд. Кишоварзони вилояти Хатлон, аз ҷумла деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ, ба ҷамъоварии ҳосили тарбуз оғоз кардаанд ва онро бо нархи аз 8 – 10 сомонӣ аз сари замин ба фурӯш гузоштаанд. Рӯзе, ки мо бо сафари корӣ ба ноҳия рафта будем, нархи 1 дона тарбуз дар бозорҳои шаҳри Бохтар 10 – 15 сомониро ташкил медод. Аммо ин рақам маҳз дар бозорҳо буд. Лекин ба ҳамаи мо маълум, ки фурӯшандаи бозор аллакай дасти 2- юм аст. Ва он аз дасти деҳқон бо чи миқдор харидорӣ мегардаду бо кадом рақам ба мардум мерасад ба инсофу виҷдони фурӯшанда вобаста аст.
Чуноне дар сӯҳбат бо сардор раёсати кишоварзии ноҳияи Дустӣ маълум шуд, имсол низ деҳқонон ва кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ сармашқи кори худ намуда ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода мебаранд.
Хоҷагиҳо пешқадаманд
Дар байни хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Дустӣ ҷамоати Хуррамдиёр пешсаф буда, муддати чанд вақт аст, ки ба парваришу сабзиши маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Омори ба ҳолати 28 май буда бозгӯи онанд, ки имсол тибқи дурнамо 900 га заминҳо барои парвариши тарбуз ҷудо гардидааст ва то ин ҷониб 2790 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла 405 тонна тарбуз мебошад, ки аз ноҳия ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Дар бораи тарбуз
Тарбуз ба кадом оила дохил мешавад ва ба кадом органҳои инсон фоидабахш аст? Ин ва якчанд суолҳое буданд, ки мо ба табибон муроҷиат кардем. Ин навъи полезӣ ба оилаи кадугиҳо дохил мешавад ва ба саломатии одам махсусан гурда ва ҷигар манфиати бештар дорад. Табибон дар фасли тобистон тавсеа медиҳанд, ки ҳар инсон тибқи меъёр бояд тарбуз истеъмол намояд. Инро дар рафти сӯҳбат аз табибон фаҳмидем. Табиби кӯдакона Марҷона Ҳакимова мегӯяд, дар таркиби тарбуз 80 – 90 фисад об мавҷуд аст ва он дар гармо бо ташнагӣ нағз мубориза мебарад. Як чизи ҷолибе, ки мо фаҳмидем набояд шабона ба кӯдакон тарбуз диҳем чунки аз ҳисоби таркиби намакҳои минералӣ мувозинати мӯътадилӣ обу намак нигоҳ дошта мешавад. Вале мо чи кор мекунем? Ба фарзандонамон, алалхусус кӯдакон кадом вақте, ки набошад тарбузро реза карда пешашон мегузорем. Аслан ҳар инсон табиби худаш аст. Агар бо маслиҳату машварати табибон кор гирем саломатиамонро бардавом нигоҳ дошта метавонем, гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР табиби кӯдакона.
Тарбузи пухта расидаро чи тавр фаҳмем?
Аксарият ҳангоми харид шикоят мекунем, ки тарбузи харидаамон хом мебарояд ё бечора деҳқонро гунаҳгор мекунем, ки барои пул тарбузҳои хомро канда, барои фурӯш баровардаанд. Гуфти бобои Ғуломи раҳматӣ «Ё гапам нодурустай». Аммо агар мо таҷрибаи кишоварзӣ дошта бошем ин масъала бароямон 2 х 2 мебошад. Тарбузи нағз пухта расидаро чуноне деҳқонон иброз медоранд, аз пӯсташ осон фаҳмидан лозим. Агар думчаи тарбуз хушк шуда бошад, пас тарбуз пухта расидааст. Тарбуз бояд дар ҷойи хушк ва торик нигоҳ дошта шавад. Аммо тавре, ки мебинем, дар қад қади роҳҳо соҳибкорони алоҳидае ба фурӯши тарбуз машғуланд, ки тарбузҳои дар офтоб танҳо ба саломатӣ зарар дорад. Соли пор ҳамин мавзӯъро СССР пайгирӣ карда буд. Вале чуноне мебинему мушоҳида мекунем ҳоло ҳам ин мавзӯъ ҳалталаб боқӣ мондааст. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки табибон тарбузи дар офтоб нигоҳ доштаро ба саломатӣ хатарнок меҳисобанд. Ниҳодҳои масъул бояд пайи пешгирии чунин ҳолатҳо бошанд. Махсусан дар самти шоҳроҳи Балхӣ – Ҷайҳун чунин соҳибкорони сарироҳӣ ба фурӯши маҳсулоти полезӣ машғуланд.
Ба ҷойи охирсухан
Бояд гуфт, ки сафаре, ки доштем ва тарбузчинӣ рафтем бори дигар бовар кардем, ки ҳақиқатан кишвари мо маконест, ки дар ҳама шароитҳо дилхоҳ маҳсулот бо андак дасти деҳқон шаҳд мегардад. Ва тарбузе, ки мо дар сари замин аз дасти деҳқон гирифта, ком ширин кардем, лаззати дигар дошту таъми нотакрор. Ва аз ҳама муҳим ба қадри ин хоки зархез бояд расид! Чунки ин замин моро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад!
Нуриддин
Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
