Бӯстон: мушкили об бо тадриҷ ҳал мешавад

Мушкили дастраси ба оби нӯшокӣ дар маҳаллаву микроноҳияҳои шаҳри Бӯстон бо навбат ҳалли худро меёбад. Аз он ҷумла, ҳафтаи равон корҳои кашидани хати интиқоли оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи “Наврӯз” бо иштироки раиси ш. Бӯстон Фирӯза Нуруллозода оғоз гардид.  

Бояд гуфт, ки аллакай ба масофаи зиёда аз 1 километр корҳои кандани хати интиқоли оби нӯшокӣ ба анҷом расида, корҳои васлкунии қубурҳои қутрашон 160 ва пайвасткунии хати об бомаром ҷараён дорад. Инчунин корҳои барқарорсозии чоҳи амудии хати интиқоли оби нӯшокӣ бомаром ҷараён дошта, дар назар дошта шудааст, ки мушкилоти норасоии оби сокинони маҳаллаи “Наврӯз”, ки аз ҳисоби бунёди котеҷҳо ва корхонаву идораҳо ва афзун гардидани талабот ба оби нӯшокӣ ба миён омадааст, дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ – 27 июн бартараф карда хоҳад шуд.

Таъминоти қубурҳои обгузар бо дастгирии МИҲД ш.Бӯстон ва шахсони саховатпеша сурат гирифта, иҷрои корҳои кашидани хати оби нӯшокӣ ва дигар тадбирҳои васлу насби қубурҳо аз ҷониби кормандони қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи ба анҷом расонида мешавад.

Дар сурати ба анҷом расонидани тадбирҳои васлкунии хати оби нӯшокӣ таъмини оби босифат ба аҳолии маҳаллаи “Наврӯз” дар 20 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 500 қитъаҳои нави наздиҳавлигӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва кору хизматрасонии ин ҳудуди ш.Бӯстон беҳтар мегардад. 

Ҷ. Мақсуд,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube