Фархор: мансабдор не, ташаббускор ҷӯед!

 – Салом СССР-и азиз! Рости гап ҳеҷ умед ва боварӣ надоштам, ки баъди 40 сол роҳи деҳаи мо таъмирро мебинад. Бо ташаббуси сокинони деҳа Маликшо Қувватов, Равшан Бекхоҷаев, Турахон Алиев, Раҳматулло Довудов роҳи деҳа таъмири капиталиро дид. Ин мардони саховатпеша бо мардум суҳбат карданду сокинон аз иқдоми наҷиб дастгирӣ намуданд. Ин аст, ки то ба имрӯз беш аз 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шуда, корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз гардидаанд.

Харбуза аз харбуза ранг мегирад гуфтагӣ барин сокинони деҳаҳои ҳамсоя низ аз хоб бедор шуда, ба нангу номус омада, аз пайи ободии маҳали зист шуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки аҳамияти ин роҳ дар он аст, ки дар қисми росташ шаҳри Бар-Бари қадимаи Фархориён арзи ҳастӣ дошта, барои рафту омади сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароит муҳайё мешавад.

Зайнулло Раҷабалиев,

н.Фархор,

Тел: 900800518

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube