Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд журналисти маъруфи тоҷик Неъматулло Мирсаидовро ба ҳузур пазируфта, ба муносибати 70-солагиаш табрик ва аз саҳми ӯ дар рушди журналистикаи тоҷику хизматҳояш барои пешрафти ҷомеа ёдовар шуд.
Зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки Неъматулло Мирсаидов дар солҳои барои халқу Ватан тақдирсоз, аз ҷумла солҳои 1992-1993 ба ҳайси директори барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон”, солҳои 1993-1995 ба ҳайси директори филиали тоҷикистонии ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “МИР” фаъолият намуда, дар инъикоси фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу ваҳдат ва сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Заҳмати беш аз 50-солаи бурдборонаю содиқонаи Неъматулло Мирсаидов дар рушду нумуи телевизион ва матбуоти тоҷик бо медали “100-солагии матбуоти тоҷик”, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нишони сарисинагии Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва ифтихорномаю сипосномаҳо қадр карда шудаанд.
Офарин раис, ки заҳмати қаламкашонро қадр менамоед!
М. Амин, СССР
